Главная / Биология / Мутобиқшавии растани дар хокҳои нисбатан хушк

Мутобиқшавии растани дар хокҳои нисбатан хушк

Рушду нумӯи растаниҳо ба шароити муҳити зисти онҳо сахт алоқамандӣ дорад. Ҷузъҳои (элементҳои) алоҳидаи муҳити берунаро (равшанӣ, ҳарорат, намӣ, таркиби хок ва ғайраҳоро) омилҳои экологӣ меноманд. Бинобар он, вобаста ба омилҳои гуногуни экологии муҳити атроф растаниҳо мутобиқатҳои гуногун пайдо кардаанд.

Гуногунии шароити муҳити зист боиси гуногунхелии растаниҳо мегардад. Бинобар он, мо дар водию доманакӯҳҳо, теппаю марғзорҳо, дашту биёбонҳо растаниҳои бисёреро мебинем, ки барои дар чунин шароитҳо зиндагӣ кардан бо ҳаргуна дигаргуншавии узвҳояшон хусусиятҳои мутобиқатӣ пайдо кардаанд. Масалан, баргҳои тутанҷир, гули ҳасрат ва хусусан филодендрон хеле калон аст. Пас, ин растаниҳо аз ҷойҳое оварда шудаанд, ки намии фаровон доштаанд. Дар ҳақиқат, ватани ин растаниҳо бешаҳои сернами тропикӣ аст.

mutobiqshavii-rastani

Растанихои маҳалҳои сернам аз ҷиҳати сохт ва намуди зоҳири- ашон аз растаниҳои ҷойҳои хушк ба куллӣ фарқ мекунанд. Намии фаровон ба калон шудани барг ёрӣ мерасонад. Ва чӣ тавре ки маълум аст, ҳар қадар барг калон бошад, вай ҳамон қадар обро бештар бухор мекунад.

мумкин аст. Барги ин растаниҳо майда аст. Баъзан онҳо бебарганд ё ба ҷои барг мисли суббор (кактус) хор доранд.

Дар хок то ҳадди зарурӣ нарасидани намӣ, ё ин ки аз ҳад зиёд будани он ба нашъунамои растаниҳо таъсир мерасонад, оҳиста-оҳиста (тадриҷан) намуди зоҳирӣ ва сохти онҳо тағйир меёбад.

Барги бисёр растаниҳои маҳалли хушк ва гармбод василаҳои мутобиқатие доранд, ки онҳо боиси кам бухор гардидани об мешаванд. Масалан, серпашмакӣ ва бо шираи муммонанд рӯйпӯш будани барг, нисбатан кам будани масомаҳо ва аломатҳои дигар аз ҷумлаи онҳоанд.

Барги баъзе растаниҳо, масалан сабр (алоэ) ва ханҷарӣ (агава) пурмағзу сероб мешавад. Дар ин гуна баргҳо об захира мешавад.

Хусусан, растаниҳои дашту биёбон ба сершумор набудани хелҳояшон дар чунин шароит (хушкӣ) нигоҳ накарда, мутобиқатҳои фавқулодда гуногун пайдо кардаанд. Баъзеи онҳо баргҳои ниҳоят хурд ё сӯзаншакл доранд. Дар дигарашон барг ба пулакчаи ниҳоят хурд мубаддал гаштааст. Дар саксавул бошад, умуман барг дида намешавад. Раванди фотосинтез дар навдаҳои сабз мегузарад. Баъзе растаниҳои ҷойҳои хушк инчунин ба туфайли решаи хеле дарозашон ба шароити хушкӣ мутобиқ гардидаанд.

Хамин тавр, растаниҳо дар давоми таърихи дуру дарози инкишофашон дар муҳитҳои гуногун нашъунамо карда, бисёр ало- матҳои мутобиқатӣ пайдо кардаанд.

  1. Растаниҳои маҳалли сернамро аз рӯи кадом аломатҳои зоҳириашон фарқ кардан мумкин аст?
  2. Растаниҳои маҳалли хушк чӣ хел воситаҳои мутобиқатӣ доранд?
  3. Барги растаниҳои маҳалҳои хушк чӣ гуна аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …