Главная / Биология / Афзоиши нашвии растаниҳо ба воситаи навда

Афзоиши нашвии растаниҳо ба воситаи навда

Афзоиши пӯшидатухмон ё растанихои гулдор бо роҳи ҷинсӣ ва нашвӣ амалӣ мегардад. Афзоиши нашвии растаниҳои гулдор дар табиат васеъ паҳнгар- дида буда, хусусан одамон онро барои афзоиш додани зироатҳои кишоварзӣ ва растаниҳои ороишӣ пурмаҳсул истифода мебаранд. Ба ин мақсад чунин узвҳои нашвӣ — реша, поя ва баргро васеъ ис- тифода мебаранд.

gandumak

Ҳамин тавр, тавассути узвҳои нашвӣ афзун шудани растаниҳоро афзоиши нашвӣ меноманд. Бисёр растаниҳои худрӯй бо афзои- ши тухмӣ, инчунин бо роҳи нашвӣ афзоиш меёбанд.

Бисёр усулҳои гуногуни афзоиши нашвии растаниҳои кишта маъ- луманд Щ • Муҳимтарини онҳо, афзудани растанӣ бо қаламча, фарғуч, бо роҳи пайванд кардани муғҷаву қаламча, шинондани лӯнда, пиёзак ва тақсими решапоя мебошад.

Дар растанипарварӣ бештар усули бо қаламча зиёд кардани растанӣ маъмул аст. Қаламча ҷузъи ягон узви нашвӣ мебошад. Сафедор, бед ва дигар растаниҳо дар муҳити сернам ё обӣ аз навдаҳои рӯизаминиашон решаҳои иловагӣ пайдо карда, афзун шуда метавонанд. Чунин растаниҳои хонагӣ, аз қабили традескансия, гули бегония, садбарг, ёронгул ва ҳиногул аз қаламчаи поя (навда) зиёд мешаванд.

Анҷир, ар-ар, сафедор, бед, қот ва баъзе буттаву дарахтони дигарро бо қаламчаи поя зиёд мекунанд. Бо ин мақсад баҳори барвақт пеш аз кушода шудани муғҷаҳо қаламчаҳои яксолаи чӯбшударо, ки 25-30 см дарозй доранд, ба хоки нарму сергизо мешинонанд. Дар қаламчаҳо то тирамоҳ решаҳои иловагӣ инкишоф меёбанд. Он гоҳ қаламчаҳоро дар вақти барои шинондан муносиб ба ҷои доимӣ мекӯчонанд.

Картошка, ноки заминиро ба туфайли лӯндаҳояшон афзо- иш медиҳанд. Дар ҳолати кам будани лӯндаҳои тухмӣ, картошкаро ба туфайли чашмакмуғҷа ва нешҳояш афзоиш додан мумкин аст.Бопиёзак бошад, сир, лола, наргис, занбақ ва ғайрахоро афзоиш медиҳанд. Якто пиёзаки онҳо метавонад якчанд муғҷапиёзак (“пиёзакнасл”) ҳосил кунад.Усули бо фарғуч зиёд кардани растаниҳо гуногун аст. Усули аз ҳама осонаш (қулаяш) дар фасли баҳор навдаи наврасро ба замин хам мекунанд, то ки қисми мобайнии навда ба замин ра- сад. Сипас, дар қисми поёнии навда, поёнтар аз муғҷа, пӯстлохро бурида ҷои буридаи навдаро ба замин ҷафс карда, ба болояш хок мепӯшонанд.

Нӯги навдаро ба боло рост карда ба чӯби такягоҳ мебанданд. Дар ҷои буридаи пӯстлох тирамоҳ ре- шаҳои иловагӣ месабзанд. Он гоҳ навдаро аз бутта ё дарахти наврас ҷудо карда ба ҷои доимӣ мешинонанд. Қот, бектошй, анҷир, анор ва баъзе растаниҳои дигарро бо усули фарғуч зиёд мекунанд Я.

Баъзе растаниҳо, масалан, шаҳтути заминӣ метавонад тавассути пояи хазандааш (танобак), ки тобистон дар растании модарӣ инкишоф меёбад, афзоиш кунад. Аз банди ин гуна танобакҳои ба замин паҳнгардида решаҳои иловагӣ ва навдаҳои рост месабзанд .

Чунин алафҳои бегонаи гузаро (ашаддӣ) — ғумой, аҷириқ, бӯймодарон ва ғайраҳо ба туфайли решапояашон афзоиш мекунанд, Решапояи мустаҳками ин растаниҳо ба мағзи хок даромада, бо суръати тез афзоиш карда, дар киштзор васеъ паҳн мешаванд. Ҳатто баъди якчанд рӯзи хишова аз ҷузъҳои решапояи дар дохили хок мондаи, масалан, ғумой аз сари нав навдаҳои нав сабзида мебаро- яд. Барои тамоман нест кардани ғумой тамоми решапояи онро аз замин канда партофтан лозим аст.

Дар шароити табиӣ афзоиши растаниҳо бороҳи пайванд ниҳоят кам вомехӯрад. Лекин дар боғдорӣ усули пайвандкуниро аз замонҳои қадим то инҷониб исгифода мебаранд. Чунин дарахтони мевагиро, аз қабили себ, мурӯд, нок, олу, гелос, олуболу, зардолу, тут ва ғайраҳоро бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Барои ин муғҷа- чашмак ё қаламчаи дарахти пайвандшавандаро ба танаи ниҳоли хасак (такпайванд) мепайванданд. Ниҳоли хасак ё такпайвандро ба таври махсус интихоб мекунанд. Вай бояд решаҳои нағз инкишофёфта дошта, нисбат ба сармо ва хушкӣ тобовар ва ба хоки сер- ғизо камэҳтиёҷ бошад. Ниҳоли хасак аз донак (тухм)-и дарахтони мева сабзонида мешавад. Муғҷачашмак ё қаламчаи растании киш- таро, ки барои пайванд кардан гирифтаанд пайванддӯст (пай- вандшаванда) меноманд. Ниҳоли хасакеро, ки ба он пайванд мекунанд, такпайванд мегӯянд.

Қаламчапайванд ва муғҷапайвандро дар мавсими ширадав, вақте ки муғҷаҳои пайвандӯст ҳоло ба сабзиш шурӯъ накардаанд, ме- гузаронанд. Барои қаламчапайванд қаламчаҳои пайванддӯстро ба танаи пайвандак бо усулҳои маъмул мепайванданд Я. Барои бо муваффақият анҷом ёфтани пайванд бояд камбияи пайвандӯст ба камбияи пайвандак нафисона ҷафс баста шавад.
Барои муғҷапайванд навдаи яксолаи дарахти меваро истифода мебаранд . Аввало паҳнаки баргҳои онро канда, фақат думча- ашро боқӣ мемонанд. Пӯстлохи бехи танаи ниҳоли хасак (такпай- ванд)-ро бо каҷкорди тез ба шакли Т чок мекунанд. Баъд пӯстлохи буридашударо эҳтиёткорона аз тана ковок (ҷудо) карда, аз навдаи навъи пайвандӯст муғҷаи хеле хуб инкишофёфтаро бо ҳамроҳии буридаи тунуку нафиси чӯбаш (дарозиаш 2-2,5 см) гирифта, ба зери чоки пӯстлохи такпайванд дохил мекунанд. Бо лиф ҷои пайвандро маҳкам мепечонанд, тавре ки муғҷа аз лиф берун монад.

Агар пайванд аз рӯи коида гузаронда шуда бошад, баъди 2-3 ҳафта пайвандтак бо пайвандӯст пайваст мешавад. Баҳори соли оянда аз муғҷаи пайвандӣ’ навда месабзад. Чун қоида, танаи (пояи) ниҳоли хасакро болотар аз ҷои пайванд буридан лозим аст. Баъди 2-3 сол ниҳоли пайвандшуда ба навниҳоли навъи интихобшудаи меваи боғӣ табдил меёбад. Онро ба ҷои дилхоҳ кӯчат кардан мумкин аст.

  1. Кадом усулҳои афзоиши навдаҳои рӯизаминиро медонед?
  2. Қаламча чист?
  3. Бо усули фарғуч кадом растаниҳоро афзоиш додан мумкин аст?
  4. Кадом растаниҳо тавассути решапоя, лӯнда ва пиёзак зиёд карда мешаванд?
  5. Пайванд чист?
  6. Ниҳоли хасак бояд чӣ гуна хусусиятҳо дошта бошад?
  7. Қаламчапайванд аз муғҷапайванд чӣ фарқ дорад?
  8. Афзоиши нашвӣ дар табиат ва ҳаёти инсон чӣ аҳамият дорад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …