Главная / Ҷамъият / Зимистон – маълумот дар бораи фасл

Зимистон – маълумот дар бораи фасл

Фасли «Зимистон» – ин давраест, ки аёми сардӣ, яъне хунукӣ буда дар он растаниҳо аз ҷумла гулу дарахтон аз рустидан карахт мешаванд ва дар ин аём ҳаво бо барфу хунукии қаҳратун шабу руз заминро срд нигоҳмедорад.

Мутаасифона фасли зимистон на дар ҳаммаи давлатҳои дунё якхел хунукӣ меорад. Масалан фасли Зимистон дар қисмати шимолии Ҳиндустон агар бо барфу яхбандӣ боашд пас дар ҷануби он аз ҷумла шаҳри ГОА он хеле гарм аст, ки дар оби баҳр бемалол обозӣ кардан мумкин аст.

Манзараи Фасли зимистон
Сурати – расми Манзараи Фасли зимистон

Маълумот дар бораи таърихи пайдоиши фасли зимистон:  Зимистон ин фаслест, ки дар луғати тоҷикон аз замонҳои қадим омадааст ва онро ҳамчун замони азобу душворӣ медонанд. Дар таърих ин фаслро ҳамчун фасли марг номбар мекунанд, чунки дар ин аём одамон аз гушнагиву хунукӣ бештар мемиранд.

Фасли зимистон яке аз мавзуҳои муҳими табиатшиносист ва барои ҳамин ҳам дар бораи он иншо ва реферат менависанд, ки барои мактаббачагону хонандагони таълимгоҳҳои махсус лозим мегарадад.

Зимистон чист? Зимистон яке а 4-ор фасли сол мебошад ва дар ҳар кишвари дунё онро дар ҳаргуна моҳу рӯз фаро мерасад. Масалан зимистон агар дар моҳи декабр дар Тоҷикистон фаро расад вале он дар кишварҳои Австралия, Чиллӣ, Мадагаскар, Перу одатан моҳи март оғоз мегардад. Сабаб дар он, ки офтоб одатан моҳҳои декабр қисмати ҷанубии саёраи моро бештар гарм мекунад ва барои ҳамин ҳам аз сабаби кам будани нури офтоб дар қисмати шимолии кураи замин ин минтақаҳо хунук мешаванд.

Манзараи фасли зимистон дар кӯҳҳо ва дар қишлоқчойҳо вақте, ки пур аз барф аст хеле зебову аҷоиб мешавад, ки аз назар андохтан ба ин гуна манзара ҳаловати зиёд метавон гирифт.  Барои бачагон зимистон ин аёми барфбозӣ, ҷашни солинавӣ, бобои барфӣ сохтан, якмолакбозӣ аст, ки дар ёди худ то ба пирӣ ёддошт мешавад. Лек дар баъзе кишварҳо фасли зимистони хунук вуҷуд надорад, чунки офтоб онҳоро доимо гарм нигоҳ медорад. Ба чунин кишварҳо дохил мешаванд ҷумҳуриҳои Африқо, Индонезия, ва Амрикои миёна.

Бо назардошти хос будани мақому манзараи зимистон дар ин мавзӯъ шоирону нависандагон эҷодиёти назмиву насри қардаанд.

Шеър дар бораи зимистон

Ҳавои сард омад, ҷӯй ях баст,
фарози кӯҳоро абр пӯшид.
Шамоли тунд аз машриқ  хурӯшид,
Ба рӯйи бому дарҳо барф биншаст.
Ба ҷойи зӯзҳои гарму тафсон

Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
зимистон!

Ба рӯйи теппа  шодон мебароем,
Ки рӯйи барфи нав ҳар сӯй тозем
Ки ҷо-ҷо  ҳайкале аз барф созем,
Зи нав васфи зимисонро сароем:
Ба ҷойи рӯзҳои  гарму  тафсон

Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!

Куҷо дорем мо парвои сармо,
Биборад  акнун ҳар қадар ҳам?
Ба зери барф монад бому дар ҳам.
Набошад интиҳо шодии моро:
Ба ҷойи рӯзҳои гарму тафсон

Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!

Муаллиф: Убайд Раҷаб

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …