Главная / Ҷамъият / Чаро келинро аз хешу табор нагирифт? – Оқибаташро бихонед!

Чаро келинро аз хешу табор нагирифт? – Оқибаташро бихонед!

Дар Тоҷикистон ҳамасола барои беҳбуд бахшидан ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таҳқиқотгузаронида мешавад. Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд,кибарои солим гардонии оила ва рушди ҷомеаи солим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун, санад ва уҳдадориҳои махсусро ба имзо расонид. Ба монанди Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» (8 июли соли 2007)ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (14-умидекабри соли 2011).  Ин қонунҳо дар беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум нақши боризе гузоштанд.

 kelinИн ҷо бамаврид аст, таъкид намоем, ки дар шароити имрўза соли 2015-ро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Соли оила» эълон намуданашон маҳз барои рушд ва такмил додани талаботҳои ҷомеаи муосир буд. Ҳамчунин бояд ёдовар гардид, ки вазъи саломатии оилаҳои ҷавон боиси нигаронӣ гардидааст.

Оқибати келин кардан аз хешу табор дар Тоҷикистон

Як нуқтаро қайд кардан ба маврид аст: аз рўи маълумоти оморӣ 28ҳазор маъюбон дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз нисф зиёди онҳо аз рўи никоҳи хешу табории наздик таваллуд шуда, ба бисёр бемориҳои табобатнашаванда гирифтор гардиданд. Аз инрў баробари солимии оила ба солимии ҷомеа диққати ҷиддӣ намудан зарур аст. Барои солимии ҷомеа, пеш аз ҳама бояд оилаамонро солим нигоҳ дорем. Вале имрўз бовоқеаҳое рў ба рў мешавем, ки он боиси нигаронист.

Ҳангоми сафари корӣ дар яке аз деҳаҳои хурдтарини кўҳистон ба ҳодисае рўба рў гардида,  онро  таҳқиқ намудем:  Ба  мо  маълумшуд,  ки  танҳо  соли  2014 дар деҳаи «Лангар»-и ҷамоати Урметан дувоздаҳ нафар худкушӣ кардаанд. Аз рўйи пурсишҳои журналистӣ маълум гардид, ки 70% навхонадорон хешу табори наздиканд. Бештарашон бо фарзандони холаву амаку аммаҳояшон оила бунёд кардаанд, ки ақаллан як пушт нагузаштааст. Сипас аз номувофиқ гардидани рўзгори оиладорӣ , бародар бо бародар, хоҳар бо хоҳар, хоҳару додар бо ҳам қаҳрӣ ва чун бегонагон дар часпу талошанд. Ин ҷо қайд кардан ба маврид аст, ки мо аз фарҳанги воломақоми тоҷикона то ба куҷо дур мондаем? Ҳатто мардуми рус бародарзодаву хоҳарзодагони хешро «ҷиян» ва ё холабачаҳову амакбачаҳои хешро «бародари дуюм»-и хеш меҳисобанд. Дар ин деҳа боз бо як оила дучор шудем, ки падарарўсу модарарўс аз хона келинро бо ибораи дигар ҷияни худро пеш кардаанд, ки оқибат шавҳараш худашро ба дарё партофтааст.

Дар ҷумҳурии мо то соли 2016 чор ҳазор деҳаву шаҳрак ба қайд гирифта шудаастт. Агар соле Худо накунаду ақаллан як ҳодисаи нохуш рўй диҳад, чӣ қадар бадбахтӣ мешавад? Ҳол он ки дар баъзе деҳаҳо ин нишондиҳанда ҳохеле зиёданд. Мушоҳидаҳо аз он дарак медиҳад, ки мо аз тарбияи фарҳангӣ, мактабӣ, маърифати оиладорӣ дур монда, мавқеъ ва аҳмияти тарбиявии хулро аз даст дода истодаем. Ва им рўзу ҳама рўз, инсоният ба тарбият ниёз дорад. Халқи тоҷик дорои фарҳанги бой буда, доир ба таълиму тарбия ҳикматҳои пандомези зиёдедорад, кисари он андешидан аз манфиат холӣ нест. Аз ҷумла мегўянд, ки «тарбия аз остона, яъне хона оғоз меёбад», ё худ «аспро маҷбур ба лаби об бурдан метавон, вале маҷбур об нўшонидан наметавонӣ». Аз ин рў, мо-падарону  модарон, мураббиёну  устодон уҳдадорем, ки фарзандро  ба хештаншиносӣ, худро  дарёфтану дар  ҷомеа  мавқеи шоиста  пайдо  карда тавонистан, инсони комил гардиданашон тарбият намоем. Чуноне  ки мардуми кишвари  мо  медонанд, Асосгузори сулҳу  Ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон аз  рўзи  аввали роҳбарияшон оилаҳои тоҷикро бо ҳам оварда, баҳри накуаҳволии халқи азизамон заҳмат мекашанд. Дар ин бора ҳар як фарди тоҷик бо камоли эҳтиром ҳарф мезананд.

Қадам ба қадам рўзгори басар  бурдаамон росаҳи фагардонӣ намоем,  ғамхории  президентамонро  дар бобати оилаву оиладорӣ эҳсос менамоем. Як-ду мисол меорам: Ҳанўз соли нофаҳмиҳои дохилӣ-соли 1992. Барои бартараф кардани майдони «Шаҳидон» ва «Озодӣ» азҳар ду гурўҳ чанд нафарро даъват кардем ва «Фарзанди  як  оила»-ном  барномаеро  ба  воситаи телевизиони  тоҷик (имрўз Шабакаи1 ) бо иштироки шахсиятҳои шинохта ба монанди академикҳо Раҷаб Амонов, Аҳрор Мухторов,  олимон  Зоҳид  Аҳрорӣ,  Соҳиб  Табаровбо  оилаашон Ванда Виталловна Яблонская, Соро Носировава дигарон таҳия намудем. Таъсири он барномаба муҳити онвақта аз аввалин барнома маълум гардид ва шумораҳои минбаъда онбо унвони «Оила» 20 сол пахш гардид. Ин барномаро худи президенти азизамон дасгирӣ намуда, шахсони дар нимароҳи зиндагӣ монда ва бепарасторро аз ҳисоби маоши хеш ёрӣ мерасониданд.

Худи мардум ғамхории ҳамарўзаи роҳбари  давлатро медиданд, шоҳид буданд. Аз ҷумла, Аҳлиддини Азизови Амир, ки бекасу кўй дар сағирхона калон шуда, ба донишгоҳ дохил мешавад, вале ҷои рафтану зистан надошт дар чорраҳаи бекасӣ дар чорраҳ ҳайрону нигаронтанҳо монда буд. Аз ҳолу аҳвол ва вазъияти хеш дар барномаи «Оила» иштирок карда, аз паси парда ҳикоят кард. Халқи инсон гарои мо пас аз дидану шунидани воқеаи Аҳлиддин, барои дастгирӣ намудан ба телевизион меомаданд. Яке мехостў ро ба  фарзандӣ қабул  намояд,  дигаре  домод намуда,  хонаву  ҷой пешниҳод менамуданд. Моҳи ноябри соли 1997 соли хотирмон ва фаромўшношуданӣ дар ҳаёти Аҳлиддин гардид. Президенти кишвар Аҳлиддинро ба  сарпарастии  хеш гирифта, соҳиби  хона намуданд ва калидихонаро бо тамоми ҷиҳозашба Аҳлиддин супоридем, ки аз тариқи телевизион ҳама он намоишро диданд. Мардуми Тоҷикистон ин ғамхории падаронаи Президенти кишварро дида, шукрона намуданд, ки давлату мамлакаташон чунин як сарвар дорад ва ягон нафар дар кучаи зиндагӣ бесоҳиб намемонад. Имрўз ў оиладор соҳиби  5  фарзанд гардидааст.  Ҳоло дар  яке  аз  идораҳои бонуфуз кор ва  фаъолият мекунад. Ҷаҳониён чунин маърифати инсонпарастии тоҷиконро дар симои роҳбари мо дарк кардаанд, зеро он кас дар ҳар мулоқотҳои хеш бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат таъкид карда, гуфтаанд:

«Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул, фаъолони  ҷомеаи кишвар, инчунин ходимони дин ва ҳар як фарди бонангу номус аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳанги милливу диниамон-некиву накукорӣ,  адлу инсоф,  хайру саховат ва  дастгирии  ятимону  дармондагонро  дар  байни  мардум,  хусусан ҷавонон мунтазам тарғиб намоянд»

Мавзўи оилава оилаҳои солим ҳамеша дар мадди назари сарвари давлатбуд ва мебошад. Ҳаллу баррасии ин мавзўъ кориосоннест. Доир ба солимии оила ҳарф зада, солимии ҷомеаро бояд  дар  мадди назар бигирем.  Зеро  оила  давлати  хурдест  дар давлатибузург  ва  он  дар  суратисолим  ва  муттаҳид  будан рушд меёбад.  Лозим ба ёдоварист, ки Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш (соли 2015) ишора  карданд,  ки навхонадорон пеш  аз  оиладорӣ  аз  муоинаи тиббӣ бигзаранд,  ин фикри хеле хуб аст. Ин ҷо азназари олимон, махсусан биохимикхову биофизикҳо, дар лабораторияҳо мувофиқат будани хуни навхонадоронро санҷидан аз  манфиат  холӣ нест. Инмасъала хеле нозук  аст.  Президент  дар  асоси  илм  ва  татқиқотҳои  илмиву сотсиологӣ ва бо назардошти нигоҳи мутахассисон ва мушовирони хеш ин масъаларо рўи кор овардаанд. Мо бояд фарҳанг ва маърифати оиладории падарону мо дар они хешро эҷодкорона идома  диҳем,  то фазои ваҳдат  ва  ягонагиро сохтмон  дода  битавонем. Аз ман мании шайтон ва камини он дар канор бошем.

Хонандаи азиз, мабодо ҳангоми роҳ рафтан дарпоятон Худо накунаду як хор бихалад, чӣ қадар кўшиш мекунед, то аз он хор раҳ оёбед. Ба гуфти Мавлонои Румсўзан меҷўем, бо сўзан он хорро мекобем, бооб тар карда, онро берун меорем. Агар сухани ноҷои мо ба пойи дил бихалад, онро чӣ гуна сўзан зада, берун меоварем?Дар ин бобат хеле хуб Мавлонои Рум фармудаанд: Оташи тарки ҳаво дар хор зан, Даст андар ёри некўкор зан. Яъне аз андешаи хато, хор дар дил задан, дуршуда, «ҳаво»-иманманиро аз худ дур намуда, ба якто гардидану яктопараст будан бикўшем. Дар оиладорӣ зану шавҳар манутуро ба ибораи «мо» табдил диҳанд, ба мақсад мувофиқ мегардад. Зеро оила донишгоҳест, ки устодони он бобову бибии бофарҳанг, падару модари хушрафтор,  писару  духтари  тарбиятёфта,  холаву  амак  ва  аз  тағоҳои  ғамхор  иборат мебошад. Дар оила бояд яке ба дигаре барои ободгарӣ, созандагӣ, хизмат бикунад. Чунки маҳз дар оилаяке ба дигаре такя намуда, кору рафтори ҳамдигарро такрор мекунанд. Агар зану шавҳар ба ҳам дигар эҳтиромона муносибат  намуда,  нисбат ба фарзандон ширингуфтор бошанд, натиҷаи неки онро дар зиндагӣ дар меёбанд.

Олими равоншинос  М.  Давлатов  мефармояд: «Падару  модар пайваста меҳру шафқат нишон медиҳанд, кўдакон бошанд, ҳарчи бештар кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки уҳдадориҳои  худашонро  ба  ҷо  оварда,  бо  риояи  иззату эҳтиром онҳоро хушҳол намоянд».

Дар бораи никоҳи хешовандони наздик ҳарф зада, дар бораи ширхорагии баъзе фарзандонро  низ  бояд  фаромўш  насозем.  Он  кўдаконе,  ки  аз  як  зан-модар  шир хўрдаанд, ҳатто фарзанди ҳамсоя бошад ҳам, ба ҳамдигар ҳақки ҳамхона, яъне оила бунёд карданро, ба фикри ман, надоранд. Ҳамчунин бояд барасму оини ниёгонамон бомаърифатона назар  намоем.  Маҳзба  ин  масъала ва мушкилоти  он олимона  ва нуқтасанҷона муносибат намуда, оқилонаву хирадмадона, ин масъаларо баррасӣ бояд намоем, зеро ин ҷо масъалаи асосӣ-саломатии оила ва саломатии ҷомеа ба миён меояд. Имрўз  мо  дар  замони хеле пеш  рафта кору  зиндагӣ  мекунем,  ки  самти  асосии тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бисёр ҷиҳат аз муносибати байни ҳамдигарииинсонва маърифати ў вобаста аст.

Имрўз ҳаёт ба мо бозгўӣ менамояд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем то аз фитнаҳои ҷомеаи муосир дур бошем. Баъзан баъзе ҷавонон баумқи маънии ин ё он кор сарфаҳм норафта, мақсади фитнагареро дарк нокарда, дониставу надониста пайравӣ мекунанд. Дар ана ҳамин ҳолатҳо маърифати таълиму тарбия ва фарҳанги дар оила гирифтаашон ба онҳо чун сипар кўмак мерасонад, тобаҳар гуна гурўҳҳои номатлуб шомил нагарданд. Ҳарчанд оила давлати хурд аст, вале бояд таъкид намуд, ки давлати бузург аз он манша мегирад. Ва ҳар якаъзоёни он уҳдадоранд, ки барои пойдории оила ва  давлати  хеш саҳм  бигузоранд.  Барои сиёҳро аз сафед  фарқ  карда  тавонистан  ба якдигар кўмак бирасонанд.

Махсусан  кормандони ВАО одобу  ахлоқро чун сарвати бебаҳои инсонӣ дар навиштаҳояшон нишон дода, ҳушёрона, барои қилро аз хамир ҷудо намудан ба  давлат  ва халқи  худ  ёрӣ  расонанд. Чунки вазъи  ҷомеа ҳамеша дар тағйирёбист.Аз  ин  рў бояд ҳаматарафа фарҳанги  ниёгони тамаддунсози худро биомўзем  ва онро  дар  асоси  илми пеш  рафтаи  муосир  амалӣ намоем, то  тафаккуру ҷаҳонбиниямон мутобиқи замону ҷомеаи ҷаҳон рушд намояд. Масъалаи  оилаву  оиладорӣ  паҳлуҳои  зиёде  дорад. Масалан, дар баъзе  деҳаҳои водии  Зарафшон  духтараконро  аз  синни  хурди мактаб хонӣ,  синфҳои5-6 сар  кардан омзад мекунанд. Акнун фикр кунед, ҳушу ёди ин наврас ба хондан дода мешавад ё ба эссемес-бозиву  мактубҳои  ошиқона нависӣ. Хонишу  дониш  як  тараф  мемонад. Ҳамчунин  аз  хурдсолӣ  гаҳворабахш  мекунанд,  ки  ин  нигоҳи  тамоман  кўҳнашудаву нодаркор аст. Фаъолон, масъулони мактабу маъориф инкорҳоро медонанд, вале баъзан канораҷўӣ мекунанд.

Чунин номзад намуданҳои бармаҳал оқибат ба худкушиҳои зиёде меоварад. Мисли никоҳи хешу табори наздик ин мавзўъ ҳам муҳим аст. Мушкилоти дигар он аст, ки бисёр ҷавонон ҳоло мустақилияти иҷтимоиро ба даст наоварда хонадор  мешаванд.  Аз  ҷумла  донишҷўён.  Тасаввур  кунед.  Донишҷўи боғайрат дар  талоши  илм  аст. Ўро  хонадор  мекунанд.  Дар  фикр  меафтад,  оиларо таъмин намояд, маблағе пайдо намуда, рўзгорро гузаронад, ё хонданро идома бидиҳад. Ҳамин тавр ў аз донишандўзӣ қафо мемонад ва илму маърифат аз ҷустуҷўиву навсозӣ ва навоварӣ дур мешавад ва ин рафтор илмро, маорифро, ҷомеаро ба қафо мекашад. Дар  атрофи мавзўи  матраҳ  гардида,  чандин  мисолҳо  овардан  мумкин  аст.  Азҷумла дар бораи тундгароиву даромехтан ба ҳар гуна гурўҳҳои номатлуби терористиву экстремистӣ, сигоркашӣ, носкашӣ, истеъмоли маводимуходир,  ки  ҷисми  инсонро мешиканаду ўро нобуд месозад, баҳсҳои зиёде карда, ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун кардан зарур аст,  то  ҷавонон  аз  ин  гуна  ҳаводис  дур  бошанд,  лағжандаи амалҳои номатлуб нагарданд ва  дар  зиндагӣ пояндаву  устуворона қадам гузоранд.  Ин мушкилотҳо моро водор мекунад, ки диққати ҷавононро ба илму донишандўзӣ ва касбу ҳунаромўзӣ ҷалб  намуда,  шуури онҳоро  мустаҳкам намоем ва даррўҳияи соҳиби иродаи қавӣ, бомаърифат будан тарбият намоем. «Дар  хотир  бояд  дошт,  ки  танҳо  миллати  босавод  метавонад насли соҳибмаърифату  донишманд ва  кадрҳои  арзандаи  давронро ба воя  расонад ва  дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худропайдо намояд».

Хулоса, мо бояд сари ин мушкилиҳо биандешем, тоимрўзу фардои оилаву ҷомеаи хешро сиҳату саломат нигоҳ дошта битавонем. Ҳаёт бозгўи он аст, ки инсон маҳз бодо нишафзоӣ рўзгораш бо хайру баракат ва сираташ комил мегардад. Ин хулқи накўй, фарҳанг ва маънавиёти волоро фарзандони мо маҳз дар оила ноил мегиранд, сипас ба ҳар кору пайкори хешандешамандона рафтор намуда, боиси ибрати дигарон мешаванд ва барои созандагиву ободгарии хонадони хеш мусоидат менамоянд.

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …