Главная / Биология / Ҳаракати растаниҳо

Ҳаракати растаниҳо

Агарчанде растаниҳо дар як ҷой муқимй сабзанд ҳам, вале вобаста ба таъсири омилҳои муҳити беруна ва ғайраҳо дар раванди рушду инкишофашон ҳаракатҳои гуногуни узвҳои рӯизаминӣ ва зерихокии онҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Қисми зиёди ҳаракати растанӣ — сабзишӣ мебошад. Дар натиҷаи сабзиши появу навдаҳо растаниҳо ботадриҷ ба тарафҳои гуногун сабзида, дар фазо мавқеи муайянеро ишғол мекунанд.

semishka

Ба ҷуз ҳаракатҳои нисбатан сусту ботадриҷ, боз ҳаракатҳои нисбатан босуръати узвҳои алоҳидаи растаниҳо, вобаста ба омили таъсиркунанда, маъмуланд. Масалан, баргу пояи бисёр растаниҳо (анҷибар, настурсия (лодан), гул ё тӯдагул (масалан, тӯдагули (сабадаки) офтобпараст) ба тарафи равшанӣ фаъолона ҳаракат карда, месабзанд.

Маълум мешавад, ки чунин ҳаракат ё майли боавҷи растаниҳо ба ин ё он ҷониб одатан ба сабзиши нобаробари думчаҳои барг ё гулпоя во- баста мебошад. Зеро ҳуҷайраҳои тарафи нисбатан торики думчаи барг ё гулпоя босуръат тақсим шуда, калон мешаванд (нисбат ба ҳуҷайраҳои тарафи равшани онҳо). Дар натиҷа тарафи торики дум- чаи барг ё гулпоя нисбат ба тарафи равшани онҳо дарозтар шуда, хамшавӣ ба тарафи равшанӣ рӯй медиҳад.

Инчунин, дар растаниҳои буттагию дарахтӣ хотамбандии барг мушоҳида карда мешавад . Туфайли ин ҳодиса баргҳо дар навда тавре ҷойгир мешаванд, ки равшанӣ ба аксари онҳо дастрас бошад.

Ба чунин сабзиши нобаробари ҳуҷайраҳои растанӣ, ки боиси ҳаракат ё рӯйгардонии ин ё он узви онҳо мегардад, ба ҷуз равшанӣ боз дигар омилҳои чунин таъсирдошта (ҳарорат, намӣ, моддаҳои маъдании тарки- би хок ва ғайраҳо) сабаб мешаванд. Маса- лан, решаҳои ҷавон ба тарафи сернам ё ба самте, ки намакҳои маъданиаш зиёд аст, саб- зида ҳаракат мекунанд.

Бо таъсироти тағйи- ротҳои шабонарӯзии равшанӣ ва ҳарорати ҳаво гул ё тӯдагули растаниҳо дар соатҳои муайяни шабонарӯзӣ кушода ва ё пӯшида мешаванд. Дар намудҳои гуногуни растаниҳо кушодашавии гул ё тӯдагули онҳо дар соатҳои гуногуни рӯз сурат мегирад. Чунин тағйирёбии ҳолати гул (кушодашавй ё пӯшидашавии он) дар акса- ри мавридҳо ба сабзиши нобаробари тарафҳои (дохилӣ ва беру- нии) косабаргу гулбарг вобаста аст. Ин хусусияти растаниҳои гул- дорро ба инобат гирифта (дар соатҳои муайяни рӯз кушода ё пӯшидашавии гули растаниҳои гуногунро), вақтро аниқ кардан мумкин аст. Ё бо таври дигар, онҳоро чун “соатҳои биологй” ис- тифода бурдан мумкин аст. Барои ин дар майдончаи мактаб рас- таниҳои дар соатҳои гуногуни рӯз гулашон кушодашавандаро гирд оварда, бо тартиби муайян парвариш кардан лозим аст.

ras

Ҳаракати сабзишии растаниҳо чӣ тавр сурат мегирад?Инчунин, дар растаниҳо ҳаракати босуръати (тези) баъзе узвҳо маълуманд, ки ба сабзиши он узвҳо алоқаманд нестанд. Ин хели ҳаракатҳо ба ниҳоят тез тағйир ёфтани микдори об дар узвҳои дахл- дор вобаста аст. Масалан, бо суръати тез (қарсосзанон) кушода- шавии ғилофакмеваҳо ё ин ки баробари даст расондан ба мимозаи шармгин баргҳояш бо суръати тез ба поён кашол мешаванд МЮ .

  1. Кадом сабабҳо боиси ҳаракати узвҳои гуногуни растаниҳо мегарданд?
  2. Ба ҷуз равшанӣ боз кадом омилҳои дигар боиси ҳаракати растаниҳо мегарданд?
  3. “Соатҳои биологӣ” ба чӣ асос ёфтаанд?
  4. Кадом ҳаракатҳои ғайрисабзишии растаниҳоро медонед?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …