Главная / Биология / Гуногуншаклии ҳуҷайраи растанӣ

Гуногуншаклии ҳуҷайраи растанӣ

Тамоми узвҳои растанӣ аз ҳуҷайраҳо иборатанд. Пас, растанӣ сохти ҳуҷайравӣ дорад ва ҳар кадом ҳуҷайра ҷузъи ниҳоят хурди таркибии растанӣ мебошад. Онҳо вазифаҳои гуногуни физиологиро иҷро менамоянд. Аз ин рӯ, ҳуҷайраҳо ҷиҳати вазифаҳои иҷро мекардагиашон ва аз рӯи шаклу сохташон, андозаашон, метавонанд аз якдигар фарқ кунанд

rasmi-magzАз ҷиҳати сохту шакл ҳуҷайраҳои растаниҳои бисёрҳуҷайраро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: паренхимӣ, ки нисбатан лӯндашакл буда, аз рӯи кутрашон қариб якхелаанд ва прозенхимӣ, ки даро- зиашон нисбат ба барашон хеле зиёд аст.

Ҳуҷайраҳо аз ҷиҳати андоза (бузургӣ) ҳам фарқ мекунанд. Одатан андозаи онҳоро танҳо ба туфайли микроскоп муайян кардан мумкин аст. Вале баъзе ҳуҷайраҳо чунон калон мешаванд, ки онҳоро бо чашми оддӣ дидан мумкин асг. Масалан, ҳуҷайраҳои ширадори мағзи меваҳои растаниҳои ситрусӣ (лимӯ, афлесун ва ғайраҳо). Дарозии ин гуна ҳуҷайраҳо 5 мм, барашон 2-3 мм мешавад.

Ҳуҷайраҳои паренхимии мағзи меваҳои баъзе растаниҳо, аз қабили тарбуз, харбуза, помидор, себ ва ғайраҳо, ҳаҷман хеле калон мешаванд. Онҳоро тавассути пурбини оддӣ (дастӣ) низ дидан мумкин аст.

Дарозии нахи лифии бисёр растаниҳои нахдиҳанда (зағирпоя, канаб) ба 20-40 мм мерасад. Дарозии нахи лифии газна баъзан ба 80 мм, дарозии мӯякҳои чигити пахта, ки аз як ҳуҷайра иборат аст, ба 23-31 мм мерасад.

Ҳамин тавр, ҳуҷайраҳои растаниҳо шаклҳои гуногун доранд. Онҳо метавонанд тухмшакл, гирдашакл, ситорашакл, риштамонанд ва ғайра бошанд. Ҳар як ҳуҷайра ҷиҳати андозааш се ченак: дарозӣ, бар ва баландӣ дорад.

Аксари ҳуҷайраҳо, бо вуҷуди гуногуншаклиашон, сохти монанд доранд.

  1. Чаро ҳуҷайраҳо шаклҳои гуногун доранд?
  2. Аз рӯи шаклашон ҳуҷайраҳои растаниҳоро ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?
  3. Ҳуҷаӣраҳои андозаашон нисбатан калон дар кадом растаниҳо вомехӯранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …