Главная / 2018 / January (страница 12)

Архив Месяца: January 2018

ИСО ИБНИ САҲОРБУХТ

nophoto

ИСО ИБНИ САҲОРБУХТ (с. тав. номаълум – ваф. 873), табиб ва дорушинос. Аз масеҳиёни Гундишопур буда, дар қарни сеюми ҳиҷрӣ зиндагӣ ба сар бурдааст. Муаллифи чандин китоб ва тарҷумаҳо мебошад. Аз ҷумлаи тарҷумаҳои вай се мақолаи ахир аз «Маҷмӯаи тафсирҳои Ҷолинус бар Китобу-л-фусул»-и Буқрот аст, ки Ҳунайн ибни Исҳоқ онҳоро …

Муфассал »

ИСОЕВА Мавҷудахон Сироҷиддиновна

isoeva-mavchudahon

ИСОЕВА Мавҷудахон Сироҷиддиновна (тав. 19. 07. 1942, ноҳ. Колхозободи вил. Хатлон), дерматовенеролог, доктори илмҳои тиб (1999), проф. (2000), Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1966). Духтури дерматовенеролог ва сардухтури Диспансери бемориҳои пӯсту узвҳои таносули Конибодом (1966 – 68). Ординатори клиникӣ (1968 – 71), аспирант (1971 – …

Муфассал »

ИСОМИДДИНОВ Анвар

nophoto

ИСОМИДДИНОВ Анвар (тав. 01. 07. 1940, деҳаи Понғози ноҳ. Ашт), равонпизишк ва равоншинос, доктори илми тиб (2005). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1966). Сардухтури беморхонаи деҳаи Кангурт (1966 – 68), аспиранти кафедраи амалиёти ҷарроҳии Донишкадаи 1-уми тиббии ба номи И.П. Павлови ш. Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург; 1969 …

Муфассал »

ИСПАНД

ispand

ИСПАНД (Peganum harmala), сипанд, ҳазориспанд, ҳармал, гиёҳест бисёрсолаи маъмул. Аз 20 то 80 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги буришдор (дарозиаш 3 – 6,5 см), гули зард, сафед, ғӯзаи сертухм, тухми қаҳвагӣ ё бӯртоб дорад. Май – авг. гул карда тухм мебандад. И. асосан дар шӯрзамин, гилхок, санглоху регзор, …

Муфассал »

ИСПАНОХ

ispanoh

ИСПАНОХ (Spinacia oleracea), исфанох, исфаноҷ, як навъ сабзавот. Пояаш рости зуғӯташакл (70 – 80 см қад мекашад), баргаш сершира, мудаввар, нештаршакл ё дарозрӯяи сабз, сабзи сиёҳтоб ё сабзи кушод, рӯяш суфта ва чиндор. Барги пояаш майдаи бедумча ё кӯтоҳдумчаи суфта. Апр. гул карда, май тухм мебандад. И. дар замини сернам …

Муфассал »

ИСПАРАК

isparak

ИСПАРАК (Delphinium semibarbatum), асфарак, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 75 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш дароздумчаи серпарра, рахдор, гулаш зарди баланд, мевааш чорқирра, тухмаш майда, хокистарранг. Май – июн гул карда, июл – авг. мева мебандад. Дар пистазор, алафзор, буттазорҳо мерӯяд. Дар қ.-кӯҳҳои Қурама, Мевағул, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, …

Муфассал »

ИСПУРЧ

ispurch

ИСПУРЧ (Iien), сиёҳлабак, узвест, ки дар раванди хунҳосилшавӣ, хунполоӣ, мубодилаи моддаҳо, хусусан оҳан ва сафедаҳо, ширкат меварзад. Ниг. низ Сипурз.

Муфассал »

ИССИҚБУЛОҚ

issikbulok

ИССИҚБУЛОҚ, яшилкӯл, чашмаи мнералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар соҳ. рости д. Аличур ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 3900 м. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ 0,3 – 2,0 л/сон., минералнокиаш – 0,53 г/л, ҳарор. обаш +69 – +710С. Бӯи гидрогенсулфид мекунад. Таркиби об аз натрий (182,0 мг/л), калсий …

Муфассал »

ИСТЕФАН ИБНИ БАСИЛ

nophoto

ИСТЕФАН ИБНИ БАСИЛ, мутарҷим, яке аз тарҷумонҳои маъруфи замони аббосиҳо (а. 9). Аз шогирдони Ҳунайн ибни Исҳоқ (808 – 873) буда, бисёре аз китобҳои тибби юнониро ба забони арабӣ гардондааст. Аз ҷумлаи тарҷумаҳои ӯ «Китобу-л-ҳашоиш» (Materia Medica)-и Дисқуридуси Айнузарбӣ (Dioscoridos) буда, онро нахуст ӯ дар замони халифаи аббосӣ Мутаваккил (847 …

Муфассал »

ИСТИРОҲАТ

istirohat

ИСТИРОҲАТ, ҳолати ором ё як навъ фаъолияти организм, ки хастагиро рафъ ва қобилияти кориро барқарор мекунад. Меҳнат ва И. дар таҳсил, кор ва диг. соҳаҳои фаъолияти инсон робитаи ногусастанӣ доранд. И.-и кам боиси кӯфтагӣ ва муддати дароз фароғат накардан, мӯҷиби хастагӣ мешавад. Хастагӣ нерӯи муҳофизи организмро коста, сабаби пайдоиши бемориҳои …

Муфассал »