Главная / 2018 / January (страница 11)

Архив Месяца: January 2018

ИПОХОНДРИЯ

ippohondria

ИПОХОНДРИЯ (Hypochondria), тоса, ҳолати носолимиест, ки одам аз ҷиҳати саломатӣ дар изтироб афтода, худро гирифтори бемориҳое меҳисобад, ки дар асл вуҷуд надоранд. Ҳангоми И. шахс рӯҳафтода ва серҳаяҷон мегардад. Ин гуна беморон бадгумон буда, ба вазъи саломатии худ диққати зиёд медиҳанд, ҳангоми андаке тағйир ёфтани вазъи организм худро бад ҳис …

Муфассал »

ИРҒАЙ

irgay

ИРҒАЙ (Cotonaster), ҷинси бутта ё дарахтест маъмул. Дар шароити Тоҷикистон аз 20 см то 3 м қад мекашад. Барги кӯтоҳдумчаи байзашакл, гули майдаи сафед ё гулобӣ, меваи сурхи арғувонӣ ё сиёҳ, баъзан норинҷӣ ё зард дорад. Дар Тоҷикистон 15 намуди худрӯи И. (C. zeravschanicus, C. hissaricus, C. suavis, C. insignis, …

Муфассал »

ИРИДОСИКЛИТ

iridosiklit

ИРИДОСИКЛИТ (Iridocyclitis), газаки қисми пеши луобпардаи чашм – инабия ва ҷисми мижгонӣ. Ба инкишофи И. бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунанд. И. бештар ҳангоми грипп, табхол, тарбод, сил мушоҳида мешавад. Дар баъзе мавридҳо пайдоиши он ба манбаъҳои сирояти музмин (амрози дандон, ҷавфҳои иловагии бинӣ ва бодомакҳо) вобаста аст. Баъзе бемориҳо мас., ниқрис, …

Муфассал »

ИРСИЯТ

irsiat

ИРСИЯТ (Hereditas), қобилияти нигоҳ доштан ва ба насл гузаронидани аломатҳо, сохту фаъолият ва хусусиятҳои инкишофи фардӣ, ки ба ҳамаи организмҳо хос аст. Аз қадимулайём диққати одамонро сирри ирсият ба худ ҷалб менамуд, дар бораи табиати он тахминҳои гуногуну гоҳо афсонавӣ изҳор мешуданд. Вале фақат с.1944 муқаррар гардид, ки омили модии …

Муфассал »

ИСҚОТ

iskot

ИСҚОТ (Abortio), аборт, дар давоми 29 ҳафтаи аввали ҳомилагӣ аз бачадон афтидани ҷанини ғайри қобили ҳаёт. И. табиӣ ва сунъӣ мешавад. И.-и табиӣ дар натиҷаи ягон беморӣ ба вуҷуд меояд. И.-и сунъӣ бо хоҳиши зан (агар бо ягон сабаб кӯдакдор шудан нахоҳад) ё бо тавсияи духтур, ҳангоме, ки ҳамл ва …

Муфассал »

ИСЛОМОВ Икром

nophoto

ИСЛОМОВ Икром (1921 ш. Хуҷанд – 1984, ҳамон ҷо), патофизиолог, доктори илми тиб (1974). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 45). Дар муҳорибаҳо барои озод кардани ш. Киев (сент. 1941) ба асорат афтода, дар конслагери Дарнитск маҳбус гашт. Баъдтар аз лагер фирор карда, дар отряди Бишевск партизан шуд. Аз нояб. …

Муфассал »

«ИСЛОҲИ ҚОНУН»

islohi-konun

«ИСЛОҲИ ҚОНУН», номи китобест, ки аз ҷониби шахси номаълум бар муқобили «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино навишта шуда будааст. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар бораи «И. Қ.» чунин мегӯяд: «Ва аҷабе, шунидам, ки яке дар ин китоб («Ал-Қонун фи-т-тиб») бар Бӯалӣ эътироз кард ва аз он мӯътаразот китобе сохт ва «Ислоҳи …

Муфассал »

ИСМОИЛИ ҶУРҶОНӣ

nophoto

ИСМОИЛИ ҶУРҶОНӣ (1045 – 1137), Абӯиброҳим Исмоил ибни Ҳасан ал-Ҳусайнӣ ал-Ҷурҷонӣ, олими намоёни соҳаи тиб. Аслан аз Исфаҳон буда, дар дарбори султонҳои Хоразм ҳамчун табиб ва мутахассиси илми тиб хидмат мекард. И. Ҷ. доир ба бахшҳои мухталифи тиб бисёр асарҳои муфид навиштааст. Асари машҳури ӯ «Захираи Хоразмшоҳӣ» як навъ қомуси …

Муфассал »

ИСМОИЛОВ Комилҷон Исроилович

ismoilov-komilchon

ИСМОИЛОВ Комилҷон Исроилович (тав. 01. 12. 1952, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (1994), проф. (2001), Аълочии тандурустии ҶТ. Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1975). Духтури кӯдакон, мудири шӯъбаи бемориҳои кӯдакон ва сардухтури Беморхонаи деҳотии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ; 1975 – 80), ординатори клиникӣ (1980 …

Муфассал »

ИСМОИЛОВА Лоланисо Иброҳимовна

nophoto

ИСМОИЛОВА Лоланисо Иброҳимовна (тав. 04. 10. 1929, ш. Душанбе), биолог, доктори илми биология (1986), проф. (1987). Хатмкардаи факултаи биологияи ДДТ (ҳоло ДМТ; 1953). Ассистент (1953 – 70), дотсенти кафедраи гистология (1970 – 74) ва мудири кафедраи биология ва генетикаи умумии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Тадқиқоти асосии И. ба …

Муфассал »