Архивы за день : 16.01.2018

ДИАТЕРМОКОАГУЛЯТСИЯ

diatermokoagulyatsiya

ДИАТЕРМОКОАГУЛЯТСИЯ (аз юн. dia – ба воситаи, therme – гармӣ, тасф ва коагулятсия), сӯзондани бофтаҳо ба тавассути ҷараёни барқи баландбасомад. Бо мақсади нигоҳ доштани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳӣ, дур сохтани озах, баъзе омосҳои пӯст ва гулӯ, муолиҷаи эрозияи гарданаи бачадон, кӯчидани шабакияи чашм, илтиҳоби дандон, инчунин ҳангоми намудҳои гуногуни эндоскопия кор …

Муфассал »

ДИАФРАГМА

diafragma

ДИАФРАГМА (юн. Diaphragma – монеа, девора), девораи пайу мушакии байни қафаси сина ва шикам. Д. аз мушаки нафисе иборат аст, ки шакли гунбазро дошта, бо баргаки наздидеворавии плевра (шушпарда) фаро гирифта шудааст. Сатҳи поёни Д. фурӯхамида буда, ҷониби ҷавфи шикам менигарад; онро баргакҳои наздидеворавии шикампарда иҳота мекунанд. Торҳои мушаки Д. …

Муфассал »

ДИБАЗОЛ

dibazol

ДИБАЗОЛ, як навъ дору. Д. тонуси мушакҳои суфтаи узвҳои роҳи меъдаю рӯдаҳо, аъзои таносулу пешоб, рагҳои хунгард ва ғ.-ро суст мекунад. Д. барои рафъ сохтани хуруҷи ногаҳонии дарди сар (ҳангоми гипертония), шикам (дар вақти халаи рӯда ё ҷигар), сандуқи сина (дар вақти хуруҷи стенокардия) ё миён (ҳангоми дарди санги пешоб) …

Муфассал »

ДИВЕРТИКУЛ

divertikul

ДИВЕРТИКУЛ (лот. diverticulum – инхилоф, майл ба сӯе), модарзодӣ ё ғайримодарзодӣ ҷаста баромадани девораи узвҳои ковок (сурхрӯда, шошадон, рӯда ва ғ.). Д.-и модарзодӣ ба нуқси узв вобаста аст. Д.-и ғайримодарзодӣ ҳангоми тазъиқи сатҳи узв ба девора, ки дар натиҷаи осебҳо(мас., илтиҳоб ва ғ.) суст шудааст, ба вуҷуд меояд. Мӯҳтавои дар …

Муфассал »

ДИЕТА

dieta

ДИЕТА (юн. diaita – тарзи ҳаёт, низоми тағзия), воя ва тартиби хӯрду хӯрок; таносуби муайяни моддаҳои ғизоии хӯрокворӣ, тарзи таҳия ва фосилаи истеъмоли онҳо. Ниг. низ. Парҳез.

Муфассал »

ДИЕТОЛОГИЯ

Doctor nutritionist in office with healthy fruits diet concept

ДИЕТОЛОГИЯ (аз диета ва …логия), диетика,илм дар бораи ғизои беморон. Хӯроки одамони сиҳатро гигиенаи хӯрок меомӯзад. Д. ба парҳезшифоӣ (масъалаҳои истифодаи моддаҳои хӯрокиро ҳангоми бемориҳо меомӯзад) ва кулинарияи парҳезӣ (хусусиятҳои коркади кулинарии маҳсулотро ҳангоми бемориҳо меомӯзад) ҷудо мешавад. Д. усулҳои навтарини тиб, биохимия, физиология, морфология ва ғ.-ро истифода мебарад. Қонуниятҳои …

Муфассал »

ДИЗАРТРИЯ

dizartriya

ДИЗАРТРИЯ (Dysarthria), ихтилоли артикулятсия; дар натиҷаи нимфалаҷ, ташаннуҷ (спазм), гиперкинез ё атаксияи мушакҳои нутқ душворӣ кашидан дар талаффузи овозҳо. Д. ҳангоми бемории рагҳо, амрози мағзи сар бо осеби системаҳои аҳромӣ ва хориҷиаҳромӣ, инчунин асаби ҷумҷумаю майна ва ҳастаи онҳо, ки ба мушакҳои нутқ хидмат мерасонанд, инкишоф меёбад. Дар мавриди Д. …

Муфассал »

ДИКРОСЕЛИОЗ

dikloselioz

ДИКРОСЕЛИОЗ (Dicrocoeliosis), як навъ бемории гелминтозӣ. Ҳангоми Д. ҷигар ва талхадон осеб меёбад. Ангезандаи Д. Dicrocoelium lanceatum аст; дарозиаш 5 – 15 мм, паҳниаш 1 – 2,5 мм. Дар давраи болиғӣ он дар маҷрои талха ва талхадони чорвои калон ва моли майда зиндагӣ мекунад. Манбаи беморӣ ҳайвоноти алафхор буда, онҳо …

Муфассал »

ДИЛ

dil

ДИЛ (Cor), узви марказии силсилаи гардиши хун, ки ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Узви мушакии махрутшакл буда, дар ковокии сина паси устухони сари дил воқеъ гардидааст. Қисми зиёди Д. (тахминан аз се ду ҳиссааш) дар нимаи чапи қафаси сина ва қисми ками он (тақр. сеякаш) дар нимаи рост ҷойгир …

Муфассал »

ДИЛБЕҲУЗУРӣ

nausea

ДИЛБЕҲУЗУРӣ (Nausea, naupathia), дилбеҷошавӣ, эҳсоси хосаи ногуворест, ки дар сари сина ва ҳалқум пайдо шуда, бештар бо қай анҷом меёбад. Асосан ҳангоми заҳролудӣ аз хӯрок ва машрубот, амрози узвҳои дохили шикам, таъсири гази ғубор ва заҳрҳои дигар дар давраи аввали ҳомилагӣ (ниг. Токсикозҳои занҳои ҳомила), осеби асабияи марказӣ, бемориҳои сироятии …

Муфассал »