Архивы за день : 25.01.2018

ИШУРИЯ

ishuria

ИШУРИЯ (Ischuria; юн. ischo – нигоҳ доштан ва uron – пешоб), пешоб карда натавонистан. Асосан дар мардҳо, баъзан дар занҳо ва кӯдакон мушоҳида мешавад. И. бо сабабҳои дучор омадани монеа дар роҳи пешоб (бисёр вақт аденома, омос ё думбали ғадуди простата, санг ва омоси пешобдон, танг шудани роҳи пешоб бинобар …

Муфассал »

ЙОГҲО

yogho

ЙОГҲО (санскр. уода – алоқа, муроқиба), пайравони яке аз ҷараёнҳои фалсафаи Ҳинди Қадим, ки «поксозии рӯҳу тан», инчунин аз дурӯғ ва диг. камбудию нуқсонҳо даст кашиданро талқин менамоянд. Таълимоти Й. инкишофи қобилияти худталқинкунӣ, дар ҳолатҳои статикӣ (вазъи якхела) – асанаҳо будан, назорати комили нафасгирӣ, фурӯ нишондани эҳсосот, худмуроқиба, парҳези нимгуруснагиро …

Муфассал »

ЙОД

yod

ЙОД (Iodum), I, элементи химиявии гурӯҳи VII системаи даврии Менделеев, рақами ат. 53, массаи ат. 126, 904, мансуби галогенҳо. С. 1811 химики франсавӣ Б. Куртуа кашф кардааст. Дар табиат дар намуди пайвастҳои собити 127I вомехӯрад. 131I ва 133I – изотопҳои муҳими радиоактиви сунъии Й. мебошанд. Миқдори Й. дар қишри Замин …

Муфассал »

ЙОДАМИД

yodamid

ЙОДАМИД (Iodamidum), як навъ моддаи контрастӣ (аксдиҳанда). Бо мақсади ангиография (тадқиқи рентеноконтрастии ҷавфи дил, аорта), артериографияи канорӣ, ангиографияи майна, урографияи таъҷилӣ ва ғ. кор мефармоянд. Ҳангоми истифодаи Й. мумкин аст бемор тасф кунад, сар чарх зада дил беҳузур шавад, саглес, варами Квинке, аксуламалҳои аллергӣ ба вуҷуд оянд. Й.-ро дар мавриди …

Муфассал »

ЙОДИНОЛ

yodinol

ЙОДИНОЛ (Iodinolum), як навъ дору; антисептик барои молидан ба пӯст. Маҳлули обӣ (1%) буда, таркиби он аз 0,1 г йод, 0,3 г йодиди калий, 0,9 г спирти поливинилӣ иборат аст. Дар шишачаҳо (100 мл) гирифта мешавад. Й.-ро барои муолиҷаи тонзиллити музмин, отити римнок, бемориҳои римноки ҷарроҳиталаб, захмҳои варикозӣ, сӯхтагии ҳароратӣ …

Муфассал »

ЙОДОДЕРМА

yododerma

ЙОДОДЕРМА (аз йод ва дерма), як тарзи осеб ёфтани пӯст, ки бинобар дуру дароз истифода бурдани доруҳои йод, хусусан йодиди калий ба вуҷуд меояд. Ҳангоми идиосинкразия нисбати доруҳои мазкур Й. метавонад ҳатто баъди як маротиба истифода бурдани йод инкишоф ёбад. Аломати Й. дар пӯст пайдо шудани ташкилаҳои омосшакли дарднок аст. …

Муфассал »

ЙОДОЛИПОЛ

yodolipol

ЙОДОЛИПОЛ (лот. iodolipolum), равғани йоднокшуда. Рангаш зард ё зарди бӯртоб, аз 29 – 31% йод иборат аст. Дар об ҳал нашуда, дар спирт каму беш ҳал мешавад. Таъми Й. равғани кастонаро мемонад. Ба эфир ва хлороформ дар ҳар гуна таносуб омехта мегардад. Й.-ро чун воситаи контрастӣ ҳангоми тадқиқи рентгенологии хирной …

Муфассал »

ЙОДОНАТ

yodonat

ЙОДОНАТ (Iodine + Potassium iodinе), як навъ доруи зидди уфунат (антисептикӣ). Моддаи асосии таъсирбахши он йод аст. Дар шакли маҳлулҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Ҳангоми ба пӯст молидан, йод ба мубодилаи моддаҳо таъсир расонда, раванди ассимилятсияро метезонад. Этанол ихроҷи йодро суст ва таъсири ангезишовари онро ба бофтаҳо кам мекунад. Й. …

Муфассал »

ЙОДОФОРМ

yodoform

ЙОДОФОРМ (Iodoformium), як навъ дору. Дар шакли хока (10 г) ва хамира (йодоформ – 40 ҳисса, оксиди руҳ – 40 ҳисса, глитсерин – 20 ҳисса) истеҳсол карда мешавад. Ҳамчун доруи зиддимикробӣ ва антисептикӣ барои табобати захму яраҳои сироятёфта истифода мебаранд. Дар шишаҳои даҳонашон маҳкам дар ҷои салқин ва торик нигоҳ …

Муфассал »

ЗАБОН

zabon

ЗАБОН (Lingua), узви мушакиест дар ҷавфи даҳон. З. дар омехта сохтану фурӯ додани ғизо, артикулятсияи садоҳо ва нутқ ширкат меварзад. З. нӯг, бех ва тана дошта, аз мушакҳои худӣ (дарозрӯя, кӯндаланг ва уфуқӣ) ва скелетӣ (мушакҳои манаҳу забонӣ, зерзабону забонӣ ва дарафшу забонӣ) таркиб ёфтааст. Мушакҳои худи З. ғафсии забонро …

Муфассал »