Главная / Ҷамъият / Тайёрӣ барои баррасии шикоят ва эътироз оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Тайёрӣ барои баррасии шикоят ва эътироз оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 153-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тайёрӣ барои баррасии шикоят ва эътироз оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Ҳангоми тайёрӣ барои баррасии шикоят ва эътироз оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор):

– муайян менамоянд, ки оё ҳолатҳои истиснокунандаи имконияти аз ҷониби ин судя ё шахси мансабдори ваколатдор баррасӣ гардидани парванда, инчунин ҳолатҳои истиснокунандаи пешбурди парванда вуҷуд доранд ё не;

– дархостҳоро баррасӣ мекунанд, ҳангоми зарурат экспертиза таъин менамоянд, маводи иловагиро талаб карда мегиранд, шахсонеро, ки иштироки онҳо дар баррасии шикоят ҳатмӣ мебошад, даъват менамоянд;

– агар баррасӣ таҳти салоҳияти онҳо қарор надошта бошад, шикоятро бо тамоми маводи парванда аз рӯи тобеият ирсол менамоянд.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …