Главная / Илм / ИСПАНД

ИСПАНД

ispandИСПАНД (Peganum harmala), сипанд, ҳазориспанд, ҳармал, гиёҳест бисёрсолаи маъмул. Аз 20 то 80 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги буришдор (дарозиаш 3 – 6,5 см), гули зард, сафед, ғӯзаи сертухм, тухми қаҳвагӣ ё бӯртоб дорад. Май – авг. гул карда тухм мебандад. И. асосан дар шӯрзамин, гилхок, санглоху регзор, канори сой, заминҳои партов, айлоқҷой ва баъзан чун алафи бегона дар киштзор мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар ҳама ҷо (то баландии 3750 м аз с.б.) паҳн шудааст.
И. дар ёдгории фарҳангии қадимтарини форсу тоҷик Авесто доруи таскинбахш ва хушбӯй тавсиф шудааст. Бо он беморон, ибодатгоҳҳо ва маитро дуд мекарданд. И.-ро Дисқуридус ва Абӯалии Сино дар муолиҷаи бемориҳои гуногун кор мефармуданд. Дисқуридус И.-ро барои табобати заъфи биноӣ тавсия додааст. Бо ин мақсад онро бо асал, май, талхаи кабк ё мурғ ва шарбати розиёна омехта карда ба чашм мемоланд. Бино ба маълумоти Абӯҳанифаи Диноварӣ ҷӯшоби решаи И. табларзаи бардавомро шифо мебахшад. Дар «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино омада, ки И. (ҳармал) барои рафъи буғумдард ва илтиҳоби асаби сурин (агар онро ба ҷойи дардманд моланд) давои хуб аст. Нӯшобаи И. шоша ва ҳайзро тез меронад ва боиси дилбеҳузурии сахт мегардад. Абӯалии Сино бо И. баъзе бемориҳои испурҷ, рӯдаҳо, бавосир ва ғ.-ро табобат менамуд.
И. дар тибби халқӣ аз ҷумлаи растаниҳои доруии маъмул аст. Тоҷикон бо И. одамони фалаҷро дуд ва бо баргаш омосҳоро тарбандӣ мекунанд. Бо ҷӯшоби тухми И., зағир ё кунҷит зиқи нафас ва тарбодро даво мебахшанд. И. чун доруи таскинбахш, зардарон, шошарон ва арақрон низ истифода мешавад. Сокинони баъзе ноҳияҳои шим. Тоҷикистон аз И. доруи махсус тайёр мекунанд. Бо ин мақсад наврустаи онро бо ягон деги сӯрохдор (барои даромадани ҳаво) мепӯшонанд. И. месабзад ва дар муддати чанд ҳафта аз тарашшӯҳоти он дар танаи дег қабати тунуки моддаи часпак пайдо мешавад. Сипас онро бо корд тарошида мегиранд ва чун давои беҳтарин барои муолиҷаи бемориҳо истифода мебаранд.
Ба ақидаи табибони мардумӣ И.-ро кӯфта бихӯранд, барои иллатҳои саръ, фолиҷ, девонагӣ, фаромӯшхотирӣ даво мешавад, истисқо, зардпарвин, қулинҷ ва ирқуннасо (радикулит)-ро дафъ менамояд. Кӯфтаҳои И. (100 г) ва зағир (100 г)-ро дар 1,5 кг асал сиришта, аз он ҳар рӯз се маҳал якқошуқӣ бихӯранд, зиқи нафасро дору будааст (ба шарте, ки фишори хун баланд набошад). И.-ро дар об ҷӯшонда он обро ба узвҳои заиф бирезанд, онҳоро қувват мебахшад, карахтиро дафъ мекунад. Кӯфтаи И.-ро гарм карда, батакрор гузошта банданд, барои суст ва нотавон гаштани узв, карахтӣ, дардҳои бодӣ ва ғ. шифо мебахшад. Оберо, ки дар он И. ҷӯшонда шуда бошад, дар офтоб ғафс гардонда, баъд дар бинӣ чаконанд, назларо шифо мебахшад.
И. аз қадимулайём барои табобати бемориҳои пӯст, шамолхӯрӣ, вараҷа, табларза, саръ, киҷҷасорӣ кор фармуда мешавад. Чойи баргу пояи онро дар мавриди асабоният, саръ, сӯзок, бемориҳои гурда менӯшанд, бо он даҳонро ғарғара мекунанд (ҳангоми дарди милки дандон), чашмро мешӯянд (ҳангоми бемориҳои чашм). Тухми И.-ро (то 10 дона дар як рӯз) барои илоҷи бемориҳои меъдаю рӯда ва чун доруи зардарон истеъмол мекунанд. Дар ҷойҳои серодам дуд кардани он зуком барин бемории сироятиро пешгирӣ менамояд.
Баргу пояи И., кокутӣ ва решаи камолро омехта карда (бо ҳиссаҳои баробар), дар об меҷӯшонанд. Ҷавҳари ғализи ҳосилшударо ба матоъ печонида, ба сабил, ҳафтпӯст, пучак мегузоранд. Ба ақидаи бисёр одамон он беҳтарин доруи фасодкаш ва баҳамоварандаи захм мебошад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …