Архивы за день : 12.01.2018

ДОЪУЛХАМР

delirij-alkogolnyj

ДОЪУЛХАМР (Delerium alcoholicum), делирий ҳолатест, ки дар майзадагон бинобар якбора қатъ кардани истеъмоли май ё худдорӣ намудан аз истеъмоли он (дар мавриди осеб ёфтан ё гирифтори ягон маризии дигар шудан) ба вуҷуд меояд. Нишонаиҳои аввалини Д. бад шудани хоби шабона, ларзидани даст, серарақӣ, ҳамчунин болидарӯҳ ва серҳаракату фаъол шудани мариз …

Муфассал »

ДУБИНӣ

diplopiya

ДУБИНӣ, диплопия, нуқси чашм, ки дар мавриди он бинобар майл кардани тири босираи яке аз чашмҳо ашё ба назар дуто менамояд. Сабабҳои Д. гуногун мебошанд, мас., осеби мушакҳои чашм, халал ёфтани бо асаб таъмин гаштани онҳо, бемориҳои сатҳи устухон ё ҷавфи чашм (боиси ҷой иваз кардани ғӯзаи чашм мешаванд) ва …

Муфассал »

ДУМБАЛ

mycobacterium-abscessus

ДУМБАЛ (Abscessus), думмал, абссесс, илтиҳоби фасодноки бофта ва узвҳо. Д. баъди ба организм ба воситаи пӯсти иллатӣ ё луобпардаҳо дохил шудани микробҳои фасодовар (стафилококкҳо, стрептококкҳо ва ғ.) ва ё аз манбаи газаки римноки организм ба бофтаҳои ҳамшафат ё узвҳои дур (мағзи сар, ҷигар, шуш ва ғ.) тавассути рагҳои лимфа ва …

Муфассал »

ДУМБАЛИ БОФТАҲОИ НАРМ

sepsis

ДУМБАЛИ БОФТАҲОИ НАРМ, иллатест, ки дар натиҷаи ба бофтаҳои нарм роҳ ёфтани сироят пайдо мешавад. Сироят ба бофтаҳо метавонад аз ҷойҳое, ки пучак баромадааст, ҳамчунин дар мавриди пиодермия, доругузаронӣ ва ғ. асар кунад. Варам ва дард кардани ҷои осеб, сахт шудани бофтаҳо, сурх гаштани пӯст ва табу тасф аломатҳои Д. …

Муфассал »

ДУМБАЛИ МАЙНА

dumbali-mayna

ДУМБАЛИ МАЙНА, иллатест, ки дар натиҷаи ба мағзи сар роҳ ёфтани микроорганизмҳои бемориовар пайдо мешавад. Микроорганизмҳо ба майна аз манбаъҳои римнок (илтиҳоби ҷавфи бинӣ, остеомиелит, думбали шуш ва ғ.) ворид мегарданд. Аломатҳои Д. м. гуногун мебошанд. Нишонаҳои асосии он сардард, беқарорӣ ё баръакс, афсурдарӯҳӣ, дилбеҳузурӣ ва қай (новобаста аз истеъмоли …

Муфассал »

ДУМБАЛИ ҶИГАР

dumbali-chigar

ДУМБАЛИ ҶИГАР, иллатест, ки дар натиҷаи аз манбаи илтиҳоби дигар узвҳо ба ҷигар роҳ ёфтани сироят пайдо мешавад. Сабаби нисбатан асосии он исҳоли хунин, амёбиаз, аппендитсити шадиди римнок, бемории санги талха, панкреатит, колити номахсус ва ғ. мебошанд. Аломатҳои Д. ҷ. гуногун буда, дар ҳолатҳои муқаррарӣ беморон аз дарди ноҳияи ҷигар, …

Муфассал »

ДУМБАЛИ ШУШ

bronhoektaz

ДУМБАЛИ ШУШ, як навъ иллати шуш. Д. ш. якумин (дар бофтаи солим инкишоф меёбад) ва дуюмин (оризаи бемориҳои дигари шуш мебошанд) мешавад. Ҳангоми думбали якумин сироят ба бофтаҳои шуш аз бронхҳо, лимфа ва хун роҳ меёбад. Сабаби ба вуҷуд омадани думбалҳои дуюмин бисёр вақт бронхоэктазҳо, саратони бронх, сил, киста, актиномикоз, …

Муфассал »

ДУМҒОЗА

dumgoza

ДУМҒОЗА (Os coccygis) дар натиҷаи якҷоя шудани 3 – 5 мӯҳраҳои рудиментӣ ташаккул ёфтааст. Дар байни устухони кос ба намуди фона ҷой дорад. Д. аз қисми боло бо ду шохчаи худ ба нӯги чорбанд пайваст мебошад. Дар нӯги Д. мушаки берунии мақъад устувор гаштааст. Ба осебҳои Д. зарбу лат хӯрдан, …

Муфассал »

ДУМИ ГОВАК

dumi-govak

ДУМИ ГОВАК (Verbascum soongoricum), марги моҳӣ, гиёҳест дусола. Аз 40 то 150 см қад мекашад. Пояаш рости сершох, нештаршакл. Хӯшагулаш калон, ҷорӯбшакл, гулаш зард. Май – июн гулу мева мекунад. Чун алафи бегона дар киштзори лалмӣ, сари роҳ, марғзор, канори бешазорҳо мерӯяд. Дар мавзеъҳои Қурама, Мевағул, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, …

Муфассал »

ДУОДЕНИТ

Anterior view of coronal section of the stomach  SOURCE: 116653_1  MOD: Removed duodenal ulcer, added redness for inflammation
Original Exit Writer image is 116114 added peptic ulcer

ДУОДЕНИТ (Duodenitis), газаки луобпардаи рӯдаи дувоздаҳангушта. Аксар вақт беморони гирифтори решдард, гастрит, панкреатит, холесистит Д. ҳам мешаванд. Сабаби асосии Д. таъсири моддаи турши меъда ба луобпардаи рӯда дар аснои аз меъда ба рӯда зуд гузаштан ва нокифоя безарар шудани шираи меъда дар рӯдаи дувоздаҳангушта мебошад. Истеъмоли номураттаби хӯрок, бисёр истеъмол …

Муфассал »