Главная / Илм / БАНАН

БАНАН

bananБАНАН (Musa paradisiaca, M. sapientum), пизанг, растаниест бисёрсола. Пояи кӯтоҳ ва баргҳои ниҳоят калон дорад. Мевааш дарозрӯя (дарозиаш 15 см, қутраш 3 – 5 см), мағзаш ордшакл, бетухм, таъмаш ширин. Дар як банд («хӯша») то 300 адад мева ҳосил мекунад (вазни умумии онҳо 50 – 60 кг аст). Баъди самар овардан, қисми рӯизаминии растанӣ маҳв мегардад.
Б. зироати қадимист. Барои аҳолии кишварҳои тропикӣ ғизои хеле муҳим маҳсуб меёбад. Дар таркиби Б. 14 – 22% қанд, 5 – 8% оҳар ва то 1,5% протеин мавҷуд аст. Б. накҳати хос дорад, ки ба эфирҳои гуногуни таркибаш вобаста мебошад. Онро тару тоза истеъмол мекунанд, мехушконанд, аз он орд ва май мекашанд, консерв, мармелад, шарбат истеҳсол менамоянд.
Б. растании давоист. Дар тиб ҳама қисмҳои онро кор мефармоянд. Гули Б. барои табобати исҳоли хунин, захми меъда ва бронхит нофеъ аст; бо нақеъи он диабети қандро табобат менамоянд. Шираи афис (тумч)-и растанӣ дар мавриди ихтилоли асаб, саръ (эпилепсия), махав (лепра), носомонии кори меъда, хуншорӣ кумак мерасонад. Барги растаниҳои наврустаро ба ҷои сӯхта ва захми пӯст гузошта мебанданд. Меваи Б. давои хеле хуб аст. Бинобар дар таркиби он мавҷуд будани моддаҳои минералӣ барои муолиҷаи анемия (камхунӣ) нафъ дорад. Вай ҳамчунин фишори хунро мефарорад, афсурдарӯҳӣ (депрессия) ва зардаҷӯшро рафъ, ҳазми хӯрокро беҳтар месозад. Бо пӯсти Б. озахро меравонанд.
Б. (мавз) дар оятҳои Қуръон борҳо ёдрас шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …