Архивы за день : 14.01.2018

ДОНИШНОМАИ МАЙСАРӣ

donishnomai-maysari

«ДОНИШНОМАИ МАЙСАРӣ», асари манзуми панду ахлоқӣ буда, ба мавзӯи тиб бахшида шудааст. Муаллифи он шоир ва табиби маъруфи форсу тоҷик Ҳаким Майсарӣ мебошад. «Д. М.» қариб ба пуррагӣ то ба замони мо омада расидааст. Нусхаи хаттии он дар Китобхонаи миллии Париж зери шумораи R-7799-310 маҳфуз аст. Ин нусха бо хати …

Муфассал »

ДОНОВАНОЗ

granuloma_inguinale

ДОНОВАНОЗ, гранулёмаи зӯҳравӣ (Granuloma venereum), бемории сироятии музмин. Асосан дар мамолики гармсер дучор меояд. Д.-ро бактерияҳои Донован меангезанд. Беморӣ бештар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбад. Давраи ниҳонии он аз чанд рӯз то 3 моҳ аст. Дар мавриди сироят ёфтан, дар пӯсти аъзои таносул гиреҳчаҳо, обилачаҳо, пустула, қарҳа (эрозия) ё …

Муфассал »

ДОНОР

donor

ДОНОР (Donor, donator; лот. dono – тӯҳфа мекунам), шахсест, ки бо ихтиёри худ хунашро барои гузаронидан ба беморон ва маҷрӯҳон, инчунин барои тайёр намудани маводи шифобахш медиҳад. Донорӣ ба кори хайри наҷот додани ҳаёт ва ҳифзи саломатии маризон равона шудааст. Хунгирӣ аз Д.-ҳо ва консервонии хун дар стансияҳои хунгузаронӣ ба …

Муфассал »

ДОРОФЕЕВ Александр Александрович

dorofeev

ДОРОФЕЕВ Александр Александрович (тав. 13. 9. 1944, ш. Самарқанд), анатом, доктори илмҳои тиб (1984), проф. (1985). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1968). Ассистент (1968 – 79) ва дотсенти (1980) кафедраи анатомияи эътидолии ҳамин донишгоҳ. Аз с. 1980 мудири кафедраи анатомияи одам дар Ин-ти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буд. Самти …

Муфассал »

ДОРУ

doru

ДОРУ (Medicamentum), моддаҳое, ки барои муолиҷа ё пешгирии бемориҳо истифода мешаванд. То а. 19 ба сифати дору маводи наботӣ, маъданӣ ва ҳайвонӣ истифода мешуд. Баробари тараққиёти илми химия аз чунин мавод моддаҳои алоҳидаро ҷудо мекардагӣ шуданд. Сохти химиявии бисёр доруҳо муайян гардид, усулҳои тайёр кардани онҳо ба роҳ монда шуд. …

Муфассал »

ДОРУГУЗАРОНӣ

inekciya

ДОРУГУЗАРОНӣ, инъексия, яке аз усулҳои ба организм фиристодани дору ё маводи ташхис. Д. тавассути шпритс ва сӯзандору ба амал бароварда мешавад. Доруро асосан ба зери пӯст, дохили пӯст, дохили мушак ва вена мефиристанд. Ҳангоми Д. самараи муолиҷа зудтар фаро мерасад. Д. хусусан дар мавриди имконият надоштани истеъмоли дору муфид аст. …

Муфассал »

ДОРУҚУТТӣ

dorukutti

ДОРУҚУТТӣ, маҷмӯи адвиёт, масолеҳи захмбандӣ ва диг. васоити тиббӣ, ки барои ба худ ва дигарон расонидани ёрии аввалин истифода мешаванд. Вобаста ба таъинот Д.-ҳо гуногун мебошанд, мас., Д.-и ёрии аввалин, Д.-и модар ва кӯдак, Д.-и ронандагон, Д.-и заврақҳои наҷотбахш, Д.-и шахсӣ ва ғ. Доруқуттии ёрии аввалин барои дар корхона, сохтмон, …

Муфассал »

ДОРУСОЗ

???? ?????????

ДОРУСОЗ (Provisor), провизор, мутахассиси дорои маълумоти олии фармасевтӣ, ки ба ҷустуҷӯ, таҳия, тадқиқ, стандартонӣ, нигаҳдорӣ ва фурӯши доруҳо машғул буда, дархости аҳолиро ба онҳо муайян месозад. Д. тамоми аҳолиро бо дору таъмин мекунад. Ба духтур доир ба таъсири фармакологии дору, тариқи истифодаи он, мутобиқат, таъсири мутақобила, тартиб ва мӯҳлати истеъмоли …

Муфассал »

ДОРУХОНА

apteka

ДОРУХОНА (Officina), аптека, муассисаи тиббист, ки аҳолӣ ва беморхонаҳоро бо дору, васоити санитарӣ ва гигиенӣ, бо обҳои минералӣ, масолеҳи захмбандӣ ва ғ. таъмин мекунад. Д.-ҳои аввалин дар Хитой, Миср ва Рим ба вуҷуд омадаанд. А. 8 дар Бағдод Д. ташкил ёфт, ки муассисаи давлатӣ ҳисоб мешуд. Дар Д.-ҳои он давра …

Муфассал »

ДОРУҲОИ АНТИГИСТАМИНӣ

tavegil

ДОРУҲОИ АНТИГИСТАМИНӣ, доруҳои зиддигистаминӣ, моддаҳое, ки таъсири гистаминро қисман ё пурра фурӯ менишонанд. Ретсепторҳои нисбати гистамин ҳассос ду намуд мебошанд: H1-ретсепторҳо ва H2-ретсепторҳо. Ҳангоми ба H1-ретсепторҳо таъсир расондани гистамин мушакҳои суфтаи рӯда, бронхҳо ва бачадон кашиш мехӯранд; дар мавриди ба H2-ретсепторҳо таъсир кардани он бошад, тарашшӯҳи ғадуди меъда меафзояд. Дар …

Муфассал »