Архивы за день : 09.01.2018

ҒӯЗАИ ЧАШМ

guzai-chashm

ҒӯЗАИ ЧАШМ (Bulbus oculi), яке аз қисматҳои узви босира, ки шакли кураро дошта, дар косаи чашм ҷой гирифтааст; диаметраш тақр. 24 мм. Ғ. ч. аз дигар қисмҳои косаи чашм бо ниёми фиброзӣ устувор ҷудо карда шудааст; дар паси он насҷи чарбӣ ҷойгир мебошад. Девораи Ғ. ч. аз се парда иборат …

Муфассал »

ҒӯЗАХОР

cnicus-benedictus

ҒӯЗАХОР (Cnicus benedictus), хори гургак, як навъ гиёҳ. Аз 5 то 70 см қад мекашад. Пояаш рост, 5 – қирра, сершох, часпак. Баргаш дарозрӯя (то 20 см), паррадор, серпат ва хорнок. Гулаш майдаи найчашакл, зардтоб. Хӯшагулаш «сабадак». Тухмаш дорчинии зардча, байзашакл ё махрутшакл. Апр. – июн гул карда тухмаш июл …

Муфассал »

ҒӯЛИНГ

susheniy-persik

ҒӯЛИНГ, ғӯлунг, зардолуқоқ, зардолуи хушконида. Одатан навъҳои сергӯшту хуштаъми зардолуро мехушконанд (асосан дар офтоб). Баъзан пеш аз хушконидан зардолуро бо гази сулфит буғ медиҳанд ва чунин Ғ.-ро «туршак» ҳам мегӯянд. Вобаста ба хусусияти навъҳои зардолу Ғ. калондона (навъҳои Мирсанҷарӣ, Исфарак, Хурмоӣ, Зарафшонӣ, Навоӣ ва ғ.), миёна (Бобоӣ, Қандак, Хусравонӣ ва …

Муфассал »

ҒӯЛИНГОБ

persikovyy_sok

ҒӯЛИНГОБ, зардолуоб, як навъ нӯшокии миллии тоҷикист. Ғӯлингро шуста, ба зарфе андохта, аз болояш оби ширгарм (ҳарор. 25 –300) мерезанд. Сипас, сарпӯши зарфро пӯшида, дар ҷои салқин мемонанд. Баъди як шаборӯз ғӯлингҳо варам карда, дар об шира пайдо мешавад. Агар ғӯлинг беҳад ширин бошад, ба андозаи кам шудани оби Ғ. …

Муфассал »

ҒӯРАОБ

vinogradnij_sok

ҒӯРАОБ, навъе аз ғизо. Ангури ғӯраро майда карда, обашро аз дока ё элак гузаронда, намак мепошанд. Сипас онро дар ягон зарфи сирдор то таҳшин шуданаш як шаборӯз нигоҳ медоранд. Барои майда кардани ғужби ангур аз гӯштқимакунак истифода бурдан мумкин аст. Дар ин маврид теғи онро гирифта мемонанд. Баъди таҳшин шудани …

Муфассал »

ГАВҲАРАК

gavharak

ГАВҲАРАК (Pupilla, pupula), мардумак, ангурак, сӯрохии инабияи чашм, ки ба воситаи он равшанӣ вориди чашм мешавад. Г. зери таъсири рӯшноӣ танг ва аз таъсири торикӣ васеъ мегардад. Дар мавриди дард ва истифодаи баъзе доруҳо (мас., адреналин, атропин ва ғ.) низ ҳаҷман тағйир меёбад. Тағйироти Г.-ро силсилаи асабҳои наботӣ (вегетативӣ) идора …

Муфассал »

ГАЛАКТОЗЕМИЯ

galaktozemiya

ГАЛАКТОЗЕМИЯ (Galactosaemia; аз галактоза ва лот. haima – хун), бемории ирсӣ. Дар натиҷаи норасоии ферментҳое, ки барои таҷзияи галактоза ва ба глюкоза табдил додани он заруранд, пайдо мешавад. Ихтилоли таҷзияи галактоза (ниг. Карбогидратҳо) боиси дар хун гирд омадани маҳсули мубодилаи он мегардад (маҳсули мубодила силсилаи асабҳои марказӣ, ҷигар, гурдаҳо ва …

Муфассал »

ГАЛАКТОЗА

http://www.dreamstime.com/stock-photos-galactose-molecule-strucure-biochemistry-chemistry-vector-illustration-image40168363

ГАЛАКТОЗА, моносахарид; яке аз спиртҳои шашатома (гексозаҳо). Г. дар об нағз, дар спирт бад ҳал мешавад. Дар бофтаҳои наботот Г. дар таркиби рафинозаҳо, молибиозаҳо, стахиозҳо, ҳамчунин полисахаридҳо – галактанҳо, моддаҳои пектинӣ, сапонинҳо ва ғ. дучор меояд. Дар организми одам дар таркиби лактоза (қанди шир), галактоген, сереброзидҳо, мукопротеидҳо мавҷуд аст. Ниг. …

Муфассал »

ГАЗАК

inflammatio

ГАЗАК (Inflammatio), илтиҳоб, аксуламали ҷузъии муҳофизатӣ ва мутобиқатии организм, ки дар ҷавоби таъсири омили зараровар пайдо мешавад; ба ибораи дигар, мамониатест бар зидди омилҳои зараровар. Ба туфайли аксуламали илтиҳобӣ манбаи иллатёфтаи организм маҳдуд мегардад. Ҳуҷайраҳои сафеди хун, ки фагоситоз (фурӯ бурдан, ҳазм ва нест кардани заррачаҳои бегона, мас., микробҳо ва …

Муфассал »

ГАЗИ КАРБОН

gazi-carbon

ГАЗИ КАРБОН, ғубори ангишт (CO), маҳсули сӯзиши нопурраи ин ё он сӯзишворӣ. Г. к. рангу бӯй надорад; организмро заҳролуд мекунад. Омехтаҳои газии муҳаррикҳои дарунсӯз Г. к.-и зиёд доранд. Заҳролудӣ аз Г. к. ба ҳосил гаштани карбоксигемоглобин (моддае, ки оксигенро пайваст намекунад) вобаста аст (ниг. Хун). Дар натиҷа ба организм оксиген …

Муфассал »