Архивы за день : 07.01.2018

ГАРМОБА

garmoba

ГАРМОБА, ҷавонӣ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Файзобод. Дар водии д. Гармоба (шохоби чапи д. Обигарм), 6 км шим. ғарбтар аз маркази ноҳ. воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 1520 м.Обаш гарм (420С), таркибаш ионҳои сулфат, хлорид, натрий, калсий, манган, молибден, волфрам, инчунин кислотаи силикат (42 мг/л), кислотаи метаборат (2 мг/л) …

Муфассал »

ГАРМОЗАНӣ

garmozani

ГАРМОЗАНӣ (Thermoplegia), беморист, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд гарм шудани организм (аз таъсири ҳарорати баланди муҳит) ба амал меояд. Кор дар сехи гарм, роҳпаймоии дуру дароз, дар ҳавои гарм пӯшидани либоси ҳавоногузар ба Г. мусоидат мекунанд. Одами солим, одатан, ба тағйиГАРМОЗАНӣ (Thermoplegia), беморист, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд …

Муфассал »

ГАРМЧАШМА

garmchashma2

ГАРМЧАШМА, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар масофаи 42 км дуртар аз ш. Хоруғ, дар нишебиҳои ҷан. қ.-кӯҳи Шохдара, дар баландии 2800 м аз с. б. воқеъ гаштааст. Тадқиқоти илмии Г. аз ибтидои а. 20 оғоз меёбанд (Б. А. Федченко). Минбаъд ба ин кор олимон Н.И. Березкина, Е.Г. Андреев, Н.Е. …

Муфассал »

ГАРМЧАШМА

garmchashma

«ГАРМЧАШМА», маҷмаи табобату сайёҳӣ. Дар ноҳ. Ишкошими ВМКБ воқеъ гаштааст. Аз «Г.» то маркази ноҳия – 60 км, то ш. Хоруғ – 45 км. Омили асосии табобатии «Г.» оби шифобахши Гармчашма, ҳавои тозаву салқини кӯҳистон ва радиатсияи фаровони офтоб мебошанд. Иқлими маҳл континентӣ ва хушк аст. Тобистон гарм ва зимистон …

Муфассал »

ГАРМЧАШМА

garm-chashma

ГАРМЧАШМА, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳ. Ванҷ. Дар соҳ. чапи д. Ванҷ, 50 км шарқтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. – 2400 м. Оби чашма ба воситаи шаш пармачоҳ мебарояд, ки панҷтои он 500 м дуртар аз роҳи мошингард воқеъ гаштааст; дебети умумиашон 20 л/с. …

Муфассал »

ГАСТРИНОМА

gastrinoma

ГАСТРИНОМА, як навъ омос, ки боиси барзиёд ҳосил гаштани гастрин мешавад. Онро синдроми Золлингер – Эллисон низ меноманд. Г. дар 90 фисади ҳолатҳо омоси саратонӣ буда, асосан дар меъда ва баъзан дар девораи рӯдаи дувоздаҳангушта пайдо мешавад. Дар натиҷаи барзиёд ҳосил шудани гастрин миқдори кислотаи хлорид (шираи меъда) меафзояд, меъда …

Муфассал »

ГАСТРИТ

gastrit

ГАСТРИТ (Gostritis; аз юн. gaster – меъда), газаки меъда, илтиҳоби луобпардаи меъда. Сабабҳои Г. гуногунанд. Он, одатан, дар натиҷаи ба луобпардаи меъда таъсир кардани хӯроки барзиёду бадҳазм, тезу тунд, ҷӯш ё бағоят хунук, ғизои бадсифат, нӯшокиҳои спиртдор пайдо мешавад. Г. гоҳо зери таъсири бемориҳои шадид ва музмини сироятӣ (домана, исҳоли …

Муфассал »

ГАСТРО

gastro

ГАСТРО… (юн. gaster – меъда), қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки ба меъда, узвҳои ҳозима нисбат доштанро ифода мекунад, мас., гастроэнтероколит.

Муфассал »

ГАСТРОСКОПИЯ

gastroskopiya

ГАСТРОСКОПИЯ (аз гастро… ва skopeo – мушоҳида кардан, дидан), муоинаи девораи даруни меъда бо ёрии асбоби махсус – гастроскоп. Гастроскопро ба тавассути даҳон ва сурхрӯда ба меъда мегузаронанд. Г. аз ҷониби духтури мутахассис бо мақсади ташхиси бемориҳои меъда (реш, эрозия, илтиҳоб, омос) ва ошкор намудани манбаи хуншорӣ амалӣ мегардад. Қабл …

Муфассал »

ГАСТРОСТОМИЯ

gastrotomiya

ГАСТРОСТОМИЯ (аз гастро… ва stoma – даҳон, сӯрохӣ), амалиёти ҷарроҳиест, ки дар мавриди он ба меъда носур (сӯрохӣ) гузошта мешавад. Г.-ро ҳангоми баста будани сурхрӯда (бинобар бемории саратон, баъди сӯхтан ва ғ.) бо мақсади ғизо додан ба мариз амалӣ мегардонанд. Баъди Г. ба девораи меъда найчаи мулоими резинӣ ё силиконӣ …

Муфассал »