Архивы за день : 11.01.2018

ҒАДУД

gadud

ҒАДУД, без, узвҳои ҳайвонот ва одам, ки моддаҳои махсус (гормонҳо, луоб, оби даҳон, мушк ва ғ.) ҳосил ва хориҷ мекунанд. Маҳсули Ғ. дар функсияҳои гуногуни физиологӣ ва биохимиявии организм иштирок менамоянд. Ғ.-ҳое, ки маҳсулашонро тавассути маҷро ба рӯи пӯст ё пардаҳои луобӣ хориҷ мекунанд, ғадудҳои усораи берунӣ ё экзокринӣ номида …

Муфассал »

ҒАДУДИ АШК

gadudi-ashk

ҒАДУДИ АШК (Glandula lacrimalis), узвест, ки моеъи махсус хориҷ карда, сатҳи ғӯзаи чашм ва конъюнктиваро тар нигоҳ медорад. Дар қисми болои коса (хона)-и чашм ҷой гирифтааст. Маҷрои он ҷониби равоқи конъюнктивии боло боз мешавад. Ғайр аз Ғ. а.-и асосӣ ҳамчунин ғадудҳои хурди иловагӣ низ вуҷуд доранд, ки дар равоқи конъюнктива …

Муфассал »

ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА

pancreas

ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА (Pancreas), ғадуди аъзои ҳозима, ки шира ҳосил мекунад; Ғ.ҳамзамон фаъолияти эндокринӣ низ дорад. Дар қисми болои шикам, дар сатҳи мӯҳраҳои I – II камар ҷой гирифтааст. Ғ. шакли дарозрӯя дошта, аз қисми сар, тана ва дум иборат аст. Дарозиаш 14 – 23 см, бараш 3 – 7,5 …

Муфассал »

ҒАДУДИ ПРОСТАТА

prostat

ҒАДУДИ ПРОСТАТА (Prostat), ғадуди аъзои таносули мардҳо. Дар коси хурд дар зери пешобдон ҷой гирифтааст. Зоҳиран ба самари кастона (каштан) монанд мебошад. Андозаи Ғ. п. ба синну сол вобастагӣ дорад. Дар одами калон дарозии он 2,5 – 4 см, бараш 2,5 – 3 см аст; вазнаш – 20 г. Аз …

Муфассал »

ҒАДУДҲОИ ЛУОБ

gadudhoi-luob

ҒАДУДҲОИ ЛУОБ, ғадудҳое, ки луоби махсус хориҷ мекунанд. Луоб луобпардаҳоро аз хушкидан нигоҳ медорад, аз таъсироти физикӣ ва химиявӣ ҳифз мекунад. Усораи Ғ. л. дорои мутсин, ферментҳои ҳозима, моддаҳои муҳофиз ва баъзе моддаҳои табиаташон гормонӣ мебошад; он метавонад зарраҳои чангу микроорганизмҳоро ҷаббида гирад. Вобаста ба сохт ва намуд Ғ. л. …

Муфассал »

ҒАДУДИ СИПАРШАКЛ

gadudi-siparshakl

ҒАДУДИ СИПАРШАКЛ (Glandula thyroidea), ғадуди усораи дохилӣ. Барои танзими мубодилаи моддаҳо ва энергия дар организм аҳамияти калон дорад. Дар қисми пеши гардан ҷойгир аст. Ғ. с. аз ду ҳисса иборат буда, байни ҳам бо гардана (тангҷо) васл гаштаанд. Канорҳои болои ҳиссаҳои Ғ. с. бо ханҷара тамос дошта, гардана аз пеш …

Муфассал »

ҒАДУДИ ҶОҒАР

thymus

ҒАДУДИ ҶОҒАР (Thymus), ғадуди душоха, тимус, ғадудест, ки дар қисми болои миёндевори пеш ҷойгир буда, ташаккул ва фаъолияти силсилаи иммунитетро танзим мекунад. Андозаи ҳиссаҳои рост ва чапи Ғ.ҷ. гуногун мебошад; баъзан дар байни онҳо ҳиссаи изофӣ низ ба мушоҳида мерасад. Ғ. ҷ. узви паренхимавӣ аст; аз ғилофак тавораҳо руста, паренхимаи …

Муфассал »

ҒАДУДИ ШИР

gadudi-shir

ҒАДУДИ ШИР (Glandula mammaris), ғадудест, ки дар ниёми мушаки калони сина дар байни қабурғаҳои III ва VI ҷойгир аст. Ғ. ш. аз 15 – 25 ҳиссача иборат буда, маҷрои онҳо (роҳҳои шир) дар сӯрохи пистон боз мешавад. Ғ.ш.-ро артерияҳои байни қабурғаҳо ва сина (дохилӣ ва берунӣ) бо хун таъмин месозанд. …

Муфассал »

ҒАДУДҲОИ АРАҚ

gadudhoi-arak

ҒАДУДҲОИ АРАҚ (Glandulae sudoriferae), ғадудҳои пӯст, ки арақи баданро ҳосил, ҷамъ ва ихроҷ менамоянд. Ғ. а. баҳри танзими ҳарорати организм аҳамияти калон дошта, ба ҷисм бӯи махсус медиҳанд. Вобаста ба тарашшӯҳ Ғ. а. апокринӣ ва мерокринӣ мешаванд. Ғ. а.-и апокринӣ калон буда, дар пӯсти зери каш (бағал), зери ноф, хоя, …

Муфассал »

ҒАДУДҲОИ БОЛОИ ГУРДА

glandula_suprarenalis

ҒАДУДҲОИ БОЛОИ ГУРДА (Glandula suprarenalis), ғадудҳои ҷуфти тарашшӯҳи дохилӣ, ки дар сари гурдаҳо ҷой гирифтаанд. Ғ. дар одам дар сатҳи мӯҳраи XI сина – мӯҳраи I камар, дар паси сифоқ воқеъ мебошанд. Ғадуди рост шакли секунҷа дошта, ғадуди чап ҳилолшакл аст. Ғ. ҳамроҳи гурдаҳо андаруни ғилофи чарбӣ (capsula adiposa) ҷой …

Муфассал »