Главная / Илм / ИССИҚБУЛОҚ

ИССИҚБУЛОҚ

issikbulokИССИҚБУЛОҚ, яшилкӯл, чашмаи мнералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар соҳ. рости д. Аличур ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 3900 м. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ 0,3 – 2,0 л/сон., минералнокиаш – 0,53 г/л, ҳарор. обаш +69 – +710С. Бӯи гидрогенсулфид мекунад. Таркиби об аз натрий (182,0 мг/л), калсий (10,0 мг/л), калий (6,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (152 мг/л), хлоридҳо (60,0 мг/л), сулфатҳо (26,0 мг/л), кислотаи силикат (82,0 мг/л), метаборат (9,0 мг/л), фтор (16,0 мг/л), ҳамчунин аз мис, литий ва никел иборат аст. Барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, банду буғум, устухон, мушакҳо, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, амрози занона, ғадудҳои эндокринӣ аҳамияти калон дорад.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …