Главная / Илм / ИСО ИБНИ САҲОРБУХТ

ИСО ИБНИ САҲОРБУХТ

nophotoИСО ИБНИ САҲОРБУХТ (с. тав. номаълум – ваф. 873), табиб ва дорушинос. Аз масеҳиёни Гундишопур буда, дар қарни сеюми ҳиҷрӣ зиндагӣ ба сар бурдааст. Муаллифи чандин китоб ва тарҷумаҳо мебошад. Аз ҷумлаи тарҷумаҳои вай се мақолаи ахир аз «Маҷмӯаи тафсирҳои Ҷолинус бар Китобу-л-фусул»-и Буқрот аст, ки Ҳунайн ибни Исҳоқ онҳоро ба суриёнӣ дар ҳафт мақола тартиб дода буд.
Ад.: Забеҳуллоҳ Сафо, «Таърихи улуми ақлӣ», ҷ. 1, Теҳрон, 1331 ҳ. ш.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …