Архивы за день : 31.01.2018

КРИПТОРХИЗМ

kriptorhizm

КРИПТОРХИЗМ (Cryptorchismus), нуқси модарзоди инкишофи ҷинсӣ, ки ҳангоми он як ё ҳар ду хояи ношуд (ноқис) ба хоядон нафуромада, дар қадкашак ё дар шикам андармон мемонад. Вобаста ба ҷойгирии хоя К. қадкашакӣ ва батнӣ мешавад. Бунёд ва ташаккули хояҳои ҷанин дар девораи ақиби шикам дар шафати гурдаҳо сурат мегирад. Дар …

Муфассал »

КСЕРОСТОМИЯ

kserotomia

КСЕРОСТОМИЯ (Xerostomia; юн. xeros – хушк ва stoma – даҳон), хушк шудани даҳон, ки сабаби он кам ё қатъ гаштани ихроҷи оби даҳон аст. К. бинобар зарар ёфтани ғадудҳои оби даҳон, ихтилоли маркази ихроҷи оби даҳон, заҳролудии силсилаи асаб ва ғ. инкишоф меёбад. К. ҳамчунин аломати баъзе бемориҳо, мас., гиповитаминози …

Муфассал »

КСЕРОФТАЛМИЯ

kseroftalmia

КСЕРОФТАЛМИЯ (Xerophthalmia; юн. xeros – хушк ва ophthalmos – чашм), хушк будани мултаҳима ва қарнияи чашм. Бинобар мавт шудани ғадудҳои луобии мултаҳима ва халал ёфтани мубодилаи моддаҳо дар қарния ба вуҷуд меояд. Сабаби К. мумкин аст гиновитаминози А, сӯхтани чашм, дифтерияи мултаҳима, лагофталм, трахома ва диг. бемориҳо бошанд. Ҳангоми К. …

Муфассал »

КУБРО

kubro

КУБРО (Naja oxiana), як навъ мор. К. ҳангоми қаҳр сеяки ҷасади пеши худро рост мебардорад ва гарданашро ба шакли кафи даст васеъ мекунад. Дар қисми пеши ҷоғи боло дандонҳои калони заҳрнок дорад. Дарозиаш то 180 см; дар доманакӯҳҳо (то 1600 м аз с. б.), водиҳо, дараҳо, байни сангҳо, буттаю, харобазор, …

Муфассал »

КУВЕЗ

kuvez

КУВЕЗ, олатест барои ба вуҷуд овардани ҳарорат, намнокӣ ва таркиби ҳавои мувофиқ (инкубатори тиббӣ) ё нигоҳ доштани ҳарор. доимии бадан (катча – гармкунак). Барои парваришу нигоҳубини навзодоне, ки раванди танзими ҳарорат дар онҳо халал ёфтааст, истифода мегардад, мас., афгона, кӯдакони вазнашон кам, инкишофашон суст, бемор (пневмония, осеби дарунии косахонаи сар …

Муфассал »

КУЗОЗ

kuzoz

КУЗОЗ (Tetanus), косашиканак, дарди шахак, як навъ бемории ниҳоят вазнин. Аз замонҳои қадим маълум мебошад. Аломатҳои К.-ро бори аввал Буқрот (Гиппократ) тавсиф кардааст, зеро писари ӯ аз ҳамин беморӣ фавтида буд. Солҳои пеш пайдоиши К.-ро ба осеб ва захм бардоштан вобаста мекарданд. Он хусусан дар давраҳои ҷангу хунрезиҳо авҷ мегирифт. …

Муфассал »

КУКБОЙ

kukboy

КУКБОЙ, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳ. рости шохоби д. Кукбой ҷойгир аст. Баландиаш аз с. б. 3920 м. Дебиташ – 4 л/сон., минералнокии умумиаш – 0,9 г/л, ҳарор. обаш +400С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калтсий (20,0 мг/л), натрий (12,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (73,0 мг/л), сулфатҳо …

Муфассал »

КУННОШ

КУННОШ, лафзи суриёнист, ки дар истилоҳи тибби қадим маҷмуа ва ё дафтари ёддоштҳои тиббиро ифода мекунад. Одати табибони суриёнӣ ин буда, ки ҳар кадом дафтари ёддоштҳои хосе дошта, дар он номҳои тамоми бемориҳои ҷисми инсонро аз сар то по навишта ва дар баробари ҳар кадом доруҳои содаву мураккаби барои муолиҷаи …

Муфассал »

«КУННОШИ АЗУДӣ»

nophoto

«КУННОШИ АЗУДӣ», таълифи табиби маъруф Алӣ ибни Аббоси Аҳвозии Маҷусӣ (ваф. 994). Китоб дар баёни бемориҳо ва муолиҷаи онҳо буда, ба номи Азудуддавлаи Бувайҳӣ таълиф шудааст ва дар Бемористони азудии Бағдод истифода мегашт. Аз ин китоб нусхаҳои хаттии зиёде боқӣ мондаанд. Ад.: Муҳаммад Мӯъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 6, Теҳрон. С. …

Муфассал »

«КУННОШИ САРОБИЮН»

kunoshi-sarobiyun

«КУННОШИ САРОБИЮН», маҷмӯаи тиббӣ ба забони суриёнӣ. Таълифи табиби маъруфи Шом (дар а. 9) Яҳё ибни Саробиюн. ӯ ба забони суриёнӣ ду «Куннош» таълиф кардааст, ки яке «Куннош»-и бузург буда, аз 12 китоб ва дигарӣ хурд буда, аз ҳафт китоб иборат аст. Маҳз ҳамин «Куннош»-и хурдро гурӯҳи мутарҷимон с. 930 …

Муфассал »