Архивы за день : 03.01.2018

ГИГИЕНАИ МЕҲНАТИ ФИКРӣ

stimulyacia-mozga

ГИГИЕНАИ МЕҲНАТИ ФИКРӣ, тадбирҳои илман асосноке, ки бо мақсади беҳдошти саломатӣ андешида мешаванд. Агар одам аз рӯи тартиб меҳнат ва истироҳат кунад, меҳнати фикрӣ самараи хуб меорад. Кори берабт асабҳоро хароб месозад. Шахсе, ки корашро дар вақти муайян сар накарда, ҳалли масъалаи мушкилро ба рӯзи дигар мегузорад, тез хаста ва …

Муфассал »

ГИГИЕНАИ ШАХСӣ

gigienai-shakhsi

ГИГИЕНАИ ШАХСӣ (Hygiena individualis), маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт, ки иҷрои онҳо баҳри тандурустии одам мусоидат мекунад. Г. ш. чунин қоидаҳои умумӣ (барои ҳама синну сол як хел аст)-ро дарбар мегирад: ивази меҳнати фикрӣ ва кори ҷисмонӣ, варзиши ҷисмонӣ, истеъмоли мураттаби хӯроки хушсифат, меҳнату истироҳат, хоби бофароғат ва ғ. Ба Г. ш. …

Муфассал »

Гигиенаи бонувон

gigienai-bonuvon

Гигиенаи бонувон. Духтар бояд то синни наврасӣ оид ба қоидаҳои умумии Г. ш. тасаввуроти пурра дошта бошад, ба худ нигоҳубин карда тавонад. Модар, кормандони тиббии мактаб ё муаллима бояд ба духтар оид ба хусусиятҳои анатомию физиологии организми зан маълумот дода, фаҳмонанд, ки ҳайз ҳодисаи табиӣ буда, минбаъд мунтазам такрор мешавад. …

Муфассал »

Гигиенаи мард

gigienai-mard

Гигиенаи мард. Дар синни наврасӣ писарбачаҳо бояд малакаҳои Г. ш.-ро ҳосил кунанд, бадан, мӯй ва сарулибос тоза бошад. Калонсолон бояд наврасонро аз хусуси ихроҷи беихтиёри манӣ (одатан ҳангоми хоб рӯй медиҳад) огоҳ созанд, ба онҳо фаҳмонанд, ки эҳтилом дар айёми балоғати ҷинсӣ ҳодисаи табиист. Мақсади асосӣ аз тарбияи ҷинсӣ он …

Муфассал »

ГИГРОМА

gigroma

ГИГРОМА (Hygroma; аз юн. hygros – моеъ ва …ома), дар ҷавфи халтаи зулолӣ ё маҳбали пай ҷамъ шудани зардобу луоб ё зардобу моеъи фибринозӣ. Г. бисёр вақт чун падидаи тендовагинит рух менамояд. Ба пайдоиши Г. осеби музмини бофтаҳо, ки одатан ба касбу кори одам вобаста аст, мусоидат менамояд. Г. омоси …

Муфассал »

ГИДРАДЕНИТ

gidradenit

ГИДРАДЕНИТ (Hydr(o)adenitis; аз юн. hidros – арақ ва aden – ғадуд), илтиҳоби римноки ғадудҳои арақ. Одатан, дар зери бағал, баъзан дар чатан ва назди ноф ба вуҷуд меояд. Аксар вақт ба Г. одамони серарақ гирифтор мешаванд. Ба пайдоиши беморӣ заиф гардидани организм, пухтану осеби пӯст (мас., ҳангоми чидани мӯи зери …

Муфассал »

ГИДРАРТРОЗ

gidrartroz

ГИДРАРТРОЗ (Hydrarthrosis; аз юн. hydor – об ва arthron – банд, буғум), обварами банд, дар бандҳои калон ғун шудани об. Г. дар аснои бемориҳои гуногун (осеби моҳаки банди зону, полисерозит, бемории сил ва ғ.) ба мушоҳида мерасад; он ҳамчун бемории мустақил низ ба вуҷуд меояд, ки сабабаш маълум нест. Ҳангоми …

Муфассал »

ГИДРЕМИЯ

gidremiya

ГИДРЕМИЯ (Hydraemia; аз юн. hydor – об ва гема…), дар таркиби хун зиёд шудани об. Г. метавонад физиологӣ бошад; дар мавриди якбора ошомидани нӯшокии бисёр ба вуқӯъ мепайвандад. Баъди бисёр талаф додани хун Г.-и ҷубронӣ ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷаи он ҳаҷми хуни рагҳо барқарор мешавад. Сабаби Г.-и патологӣ …

Муфассал »

ГИДРОКОРТИЗОН

gidrokortizon

ГИДРОКОРТИЗОН, гормони қишри ғадуди болои гурда; доруи глюкокортикоидӣ, ки таъсири возеҳи зидди аллергия, зидди илтиҳоб, зидди хориш дорад. Г. шабеҳи кортизон, вале нисбати он фаъолтар аст. Г.-ро барои муолиҷаи бемориҳои аллергӣ ва илтиҳобии пӯст, конъюнктивит, блефарит, придосиклит, кератит ва дерматити пилки чашм кор мефармоянд. Онро ҳангоми артритҳо, аз ҷумла артрити …

Муфассал »

ГИДРОЛИЗ

gidroliz

ГИДРОЛИЗ, реаксияи химиявии байни об ва ягон модда. Г.-и намакҳо ба қонуни таъсири массаҳо итоат мекунад. Агар ҳангоми Г. моддаи ҳалнашаванда ё зудбухор ҳосил гардад, Г. то комилан вайрон шудани намаки гидролизшаванда давом меёбад. Намакҳои аз асоси қавӣ ва кислотаи қавӣ ҳосилшуда Г. намешаванд, зеро ҳангоми таъсири мутақобили онҳо ва …

Муфассал »