Главная / 2018 / January (страница 75)

Архив Месяца: January 2018

ГИПОПЛАЗИЯ

gipoplazie

ГИПОПЛАЗИЯ (Hypoplasia; гипо… ва plasis – ташаккул ёфтан, ҳосил шудан), гипогенезия, инкишоф наёфтани модарзодии бофта, узв, қисми бадан. Сабаби Г. бисёр омилҳое мебошанд, ки ба сабзиши тифл таъсири номусоид мерасонанд, мас., бемориҳои модар, гипоксия, заҳролудии алкоголӣ ва ғ. Ниг. низ Нуқси инкишоф.

Муфассал »

ГИПОПРОТЕИНЕМИЯ

gipoproteinemiya

ГИПОПРОТЕИНЕМИЯ (Hypoproteinaemia; аз гипо…, протеин ва haima – хун), кам шудани миқдори сафедаҳо дар зардоби хун. Г. ду навъ – нисбӣ ва мутлақ мешавад. Г.-и нисбӣ, одатан, ба зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои хун вобаста аст. Он дар мавридҳои зерин дучор меояд: ошомидани оби бисёр («заҳролудӣ аз об»); анурия …

Муфассал »

ГИПОСПАДИЯ

gipospadiya

ГИПОСПАДИЯ (Hypospadia; аз гипо… ва юн. spao – ёзонидан, кандан), нуқси инкишоф, ки дар мавриди он девораи поёнии найчаи пешоббарор қисман вуҷуд надорад. Г. фақат дар ҷинси мард ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи баъзе маълумот ба Г. аз 200 – 500 наф. навзодон як нафар гирифтор аст. Ҳангоми Г. сӯрохи беруни …

Муфассал »

ГИПОСТАЗ

gipostaz

ГИПОСТАЗ (аз юн. hypostasis – таҳшон шудан, таҳнишаст), бозистодани хун дар қисмҳои поёни бадан ва баъзе узвҳо. Г. ҳангоми нуқси дилу рагҳо, ки боиси бозмондани хун дар варидҳо мегардад, ба вуҷуд меояд.

Муфассал »