Архивы за день : 26.01.2018

ИССИҚБУЛОҚ

issikbulok

ИССИҚБУЛОҚ, яшилкӯл, чашмаи мнералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар соҳ. рости д. Аличур ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 3900 м. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ 0,3 – 2,0 л/сон., минералнокиаш – 0,53 г/л, ҳарор. обаш +69 – +710С. Бӯи гидрогенсулфид мекунад. Таркиби об аз натрий (182,0 мг/л), калсий …

Муфассал »

ИСТЕФАН ИБНИ БАСИЛ

nophoto

ИСТЕФАН ИБНИ БАСИЛ, мутарҷим, яке аз тарҷумонҳои маъруфи замони аббосиҳо (а. 9). Аз шогирдони Ҳунайн ибни Исҳоқ (808 – 873) буда, бисёре аз китобҳои тибби юнониро ба забони арабӣ гардондааст. Аз ҷумлаи тарҷумаҳои ӯ «Китобу-л-ҳашоиш» (Materia Medica)-и Дисқуридуси Айнузарбӣ (Dioscoridos) буда, онро нахуст ӯ дар замони халифаи аббосӣ Мутаваккил (847 …

Муфассал »

ИСТИРОҲАТ

istirohat

ИСТИРОҲАТ, ҳолати ором ё як навъ фаъолияти организм, ки хастагиро рафъ ва қобилияти кориро барқарор мекунад. Меҳнат ва И. дар таҳсил, кор ва диг. соҳаҳои фаъолияти инсон робитаи ногусастанӣ доранд. И.-и кам боиси кӯфтагӣ ва муддати дароз фароғат накардан, мӯҷиби хастагӣ мешавад. Хастагӣ нерӯи муҳофизи организмро коста, сабаби пайдоиши бемориҳои …

Муфассал »

ИСУФОВ Саломуддин Ҷабборович

isufov-salomidin

ИСУФОВ Саломуддин Ҷабборович (тав. 26. 6. 1968, деҳаи Гулободи ноҳ. Москва), дорушинос, доктори илми дорусозӣ (2004), проф. (2007), узви вобастаи АИТТ (2010), дорандаи Ҷоизаи созмони ҷавонони ҶТ (1996), Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника (1998), ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1992). …

Муфассал »

ИСҲОҚӣ Юсуф Баширхонович

ishoki-yusuf

ИСҲОҚӣ Юсуф Баширхонович (21. 07. 1932, ш. Хуҷанд – 06. 05. 1996, Душанбе), духтури оториноларинголог, доктори илми тиб (1968), проф. (1969), узви вобастаи АИТ ИҶШС (1978), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1979), Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷ. (1989). Хатмкардаи ДДТТ (1954). Ординатори клиникӣ (1954 – 57) …

Муфассал »

ИСҲОЛ

ishol

ИСҲОЛ (Diarrhoea), дарунравӣ, ихроҷи зиёди наҷосати обакии рӯда. И. аксуламал (реаксия)-и муҳофизӣ буда, ҳангоми он аз организм моддаҳои заҳрнок, микроорганизмҳои бемориовар, луоб, маҳсули пӯсиш, баъзе доруҳо хориҷ мешаванд. И. аломати диг. бемориҳо мебошад. Бемориҳои шадиди сироятӣ, мас., исҳоли хунин, тифи шикам, паратифҳо, вабо, заҳролудӣ аз хӯрок, газаки музмини рӯда (энтероколити …

Муфассал »

ИСҲОЛИ ХУНИН

isholi-khunin

ИСҲОЛИ ХУНИН (Dysenteria), дизентерия, шигеллез, бемории сироятӣ буда, бар асари шигеллаҳо пайдо мешавад. И. х. бо падидаҳои заҳролудӣ ва осеби рӯдаи ғафс ҷараён мегирад. Ангезаи И. х. ба ҷинси Shigella мансуб аст. Шигеллаҳо 4 намуд доранд: Sh. dysenteria (бактерияҳои Григорев – Шиг, Штутсер – Шмитс ва Ларҷ – Сакс), Sh.flexneri, …

Муфассал »

ИХРОҶ

ihroj

ИХРОҶ (ба истилоҳи тибби илмӣ экскретсия, ба таъбири тибби қадима қувваи дофеа ё ронанда), аз тани ҳар ҷонвар берун омадани барзиёдии обу намакҳо, маҳсулоти вопасини нодаркор ва зарарноки мубодилаи моддаҳо ба воситаи пешоб, арақ, нафас, пасафканд, қай ва ғ. Маҳсулоти охирини мубодила дар мавҷудоти соддатарин аз ҳуҷайра бевосита ба муҳити …

Муфассал »

«ИХТИЁРОТИ БАДЕӣ»

ihtiyoroti-badei

«ИХТИЁРОТИ БАДЕӣ» («Мунтахаби нодирот»), рисолаест дар боби тиб, ки муаллифаш Алӣ ибни Ҳусайни Ансор муштаҳар ба Ҳоҷӣ Зайнулаттор буда, ба забони форсӣ навишта шудааст. Соли таълиф номаълум. Китоб муштамил бар ду мақолот аст: дар адвияи муфрада ва номҳои онҳо ва ба луғати ҳар тоифа ва бадал кардан ва ислоҳ ва …

Муфассал »

«ИХТИЁРОТИ ҚОСИМӣ»

ihtiyoroti-kosimi

«ИХТИЁРОТИ ҚОСИМӣ», асари Муҳаммадқосим ибни Ғуломалии Беҷопурӣ, мутахаллис ба Фаришта (ваф. 1624) дар боби тиб. Китоб оид ба ҳар ду бахши назарӣ ва амалии тиб, ба забони тоҷикӣ ва дар як муҷаллади бузургҳаҷм буда, аз муқаддима, се мақола ва хотима иборат аст. Муқаддима дар баёни аркони бадан, хилтҳо ва ғ., …

Муфассал »