Архивы за день : 04.01.2018

ГЕНЕТИКА

genetic

ГЕНЕТИКА (юн. genesis – пайдоиш), илмест дар бораи ирсият ва тағйирпазирии организмҳо. Тасаввуроти аввалин дар бораи табиати ирсият ва тағйирпазирӣ ҳанӯз дар ибтидои таърихи башарият баён ёфта буд. Он дар асоси мушоҳидаи одам доир ба ҳайвоноти хонагӣ, растаниҳо ва худи ӯ ба вуҷуд омад. Одам ҳанӯз дар ҳамон давраҳо барои …

Муфассал »

ГЕНЕТИКАИ ТИББӣ

genetika

ГЕНЕТИКАИ ТИББӣ, як фасли генетикаи инсон, ки тариқи инкишофи бемориҳои ирсиро меомӯзад, усулҳои ташхис, пешгирӣ ва табобати онҳоро муайян менамояд. Бахши асосии Г. т. генетикаи клиникӣ аст. Он сабабҳои пайдоиш, инкишоф, ҷараён ва оқибати бемориҳои ирсиро меомӯзад. Генетикаи клиникӣ нейрогенетика, дерматогенетика, офталмогенетика, фармакогенетика ва ғ.-ро дарбар мегирад. Тамоми мардуми рӯи …

Муфассал »

ГЕНОДЕРМАТОЗҲО

genodermatoz

ГЕНОДЕРМАТОЗҲО (Genodermatosis; аз юн. genos – пайдоиш ва дерматозҳо), бемориҳои ирсии пӯст, ки бинобар мутатсияи генҳо (барои инкишоф ва фаъолияти мӯътадили пӯст заруранд) рух менамоянд. Г. метавонанд дар натиҷаи мутатсияи як ген (Г.-и моногенӣ) ё таъсири мутақобили генҳо ва омилҳои гуногун ба вуҷуд оянд (Г.-и гуногуномил). Иллати ирсии пӯст дар …

Муфассал »

ГЕНОТИП

genotip

ГЕНОТИП, маҷмӯи генҳое, ки дар хромосомаҳои организм ҷойгир шудаанд. Ба маънои васеъ Г. маҷмӯи омилҳои наслии организм буда, нишонаҳои ирсии аз насл ба насл гузарандаро дар худ нигоҳ медорад. Г. системаест, ки инкишоф, сохт ва фаъолияти ҳаётии организм, яъне маҷмӯи ҳамаи аломатҳои организм – фенотипи онро назорат карда меистад. Г. …

Муфассал »

ГЕОГРАФИЯИ ТИББӣ

geografiyai-tibb

ГЕОГРАФИЯИ ТИББӣ, як соҳаи география ва тиб, ки омилҳои табиӣ ва иҷтимоии мавзеъҳои ҷудогонаро бо мақсади ошкор сохтани таъсири онҳо ба вазъи саломатии аҳолӣ меомӯзад.

Муфассал »

ГЕПАРИН

geparin

ГЕПАРИН, моддае, ки лахтабандии хунро пешгирӣ мекунад; бори аввал аз ҷигар ҷудо карда шудааст. Г. дар ҳуҷайраҳои узвҳои ҳайвонот, мас., ҷигар, шуш ва девораи рагҳо ҳосил мешавад. Аз ҷиҳати табиати химиявӣ мукополисахариди сулфурдор буда, аз глюкозамин, кислотаи глюкуронат ва ғ. иборат аст. Массаи мол. тақр. 20000 Да. Г.-ро аз ҷигар …

Муфассал »

ГЕПАТАРГИЯ

gepatargija

ГЕПАТАРГИЯ (аз юн. hepat, hepatos – ҷигар, argia – бефаъолиятӣ), энсефалопатияи ҷигар, яке аз навъҳои синдроми клиникӣ. Г. бо ихтилоли асабию рӯҳӣ, ки бинобар иллати вазнини ҷигар сар задааст, ба вуҷуд меояд. Бештар дар аснои гепатит, сиррози ҷигар, дистрофияи заҳрии ҷигар рух менамояд; он метавонад дар ашхоси гирифтори ихтилоли шадиди …

Муфассал »

ГЕПАТИТ

gepatit

ГЕПАТИТ (Hepatitis; аз юн. hepas, hepatos – ҷигар), номи умумии бемориҳои илтиҳобии шадид ва музмини ҷигар. Пайдоиши Г. гуногун аст. Г. якумин ва дуюмин мешавад. Г.-и якумин бемории мустақил ва Г.-и дуюмин падидаи бемории дигар аст. Г.-и якумин дар натиҷаи таъсири вирусҳо (ниг. Гепатити вирусӣ), шароб (ниг. Гепатити алкоголӣ), доруҳо …

Муфассал »

ГЕПАТИТИ АЛКОГОЛӣ

gepatiti-alkogoli

ГЕПАТИТИ АЛКОГОЛӣ, беморие, ки бинобар аз таъсири шароб осеб ёфтани ҷигар пайдо мешавад. Г. а. чун истилоҳ с. 1995 қабул шудааст. Он дар баробари фибрози алкоголӣ давраи аввали сиррози ҷигар маҳсуб мешавад. Г. а. бемории тӯлонӣ буда, баъди 5 – 7 сол мунтазам истеъмол намудани машрубот сар мезанад. Дараҷаи вазнинии …

Муфассал »

ГЕПАТИТИ ВИРУСӣ

gepatiti-virusi

ГЕПАТИТИ ВИРУСӣ (Hepatitis epidemica; Н. viralis), заъфармаи сироятӣ, бемории Боткин, бемории сироятиест, ки аз он бештар ҷигар иллат меёбад. Ангезандаи Г. в. ба таъсири муҳит бағоят устувор аст. Бино ба маълумоти солҳои охир 7 навъи Г. в. вуҷуд доранд: А, Б, С, D, Е, G ва F. Гепатити А (бемории …

Муфассал »