Главная / 2018 / January (страница 10)

Архив Месяца: January 2018

ИНТЕРФЕРОН

interferon

ИНТЕРФЕРОН, сафедаи муҳофизе, ки ҳуҷайраҳои ширхорон ва паррандаҳо ҳангоми ба онҳо роҳ ёфтани микроорганизмҳои гуногун, пеш аз ҳама вирусҳо, инчунин дар сурати ба ҳуҷайраи организм таъсир кардани баъзе моддаҳои табиӣ (мас., эндотоксинҳо) ва сунъӣ (мас., ҳосилаҳои кислотаи нуклеат), ки индукторҳои интерферон ном гирифтаанд, ҳосил мекунанд. И. омили номахсуси иммунитети зиддивирусӣ …

Муфассал »

ИНТИХОБИ КАСБ

vybor-professii

ИНТИХОБИ КАСБ, вобаста ба лаёқату қобилияти шахс ва иҷрои навъҳои муайяни кор муқаррар намудани касб. Ҳангоми қабул ба кори шароиташ номусоид ё бад будани саломатии шахс ба назар гирифтани касб ҳатмист. Мас., суст будани қувваи шоммаи одаме, ки касбаш эҳсоси бӯйҳоро тақозо дорад (дар саноати атторӣ, хӯрокворӣ ва ғ.), мувофиқи …

Муфассал »

ИНТОКСИКАТСИЯ

intoksikatsiya

ИНТОКСИКАТСИЯ (Intoxicatio; аз лот. in – ба дарун ва юн. toxikon – заҳр), иллат ёфтани организм аз заҳрҳои беруна ё заҳрҳое, ки дар худи организм ҳосил шудаанд. И. – е, ки ҳангоми аз муҳити зист дохил шудани моддаҳои заҳрнок ба вуҷуд меояд, И. – и экзогенӣ ё заҳролудӣ ном дорад. …

Муфассал »

ИНТУБАТСИЯ

intubatsiya

ИНТУБАТСИЯи хирной ва бронхҳо (аз лот. in – ба дарун ва tuba – ғулба, қубур), бо мақсади кушодани роҳи нафас ба хирной ва (ё) бронхҳо ворид сохтани найи интубатсиявӣ. И.-ро дар мавриди карахтсозии умумӣ (наркоз) ҳангоми ҷарроҳиҳои гуногун, хусусан дар сурати мавҷуд будани хавфи ба роҳи нафас афтодани хун ё …

Муфассал »

ИНФАНТИЛИЗМ

infantilizm

ИНФАНТИЛИЗМ (Infantilismus; лот. infantilis – кӯдакона, аз infans – гапнозан), як навъ синдромест, ки дар таъхири инкишофи ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва рӯҳии хоси синни кӯдакӣ ё наврасӣ падид меояд. И. аз давраҳои зерин иборат аст: ҷанинӣ – дар кӯдакони чала (афгона) ба мушоҳида расидани нишонаҳои ҷанин; инфантилизм ба маънои асосӣ (кӯдакона) …

Муфассал »

ИНФИЛТРАТ

infiltrat

ИНФИЛТРАТ (infiltratus; лот. in – ба дарун ва filtrare – полоиш), сахтие, ки дар бофтаҳо (насҷи зери пӯст, мушакҳо) ё узв (шуш, ҷигар) бинобар ғун шудани унсурҳои ҳуҷайра, хун ва лимфа ба вуҷуд меояд. И. маъмулан дар аснои илтиҳоб ва баъзе бемориҳои сироятии музмин (сил, сифилис, актиномикоз) ба мушоҳида мерасад. …

Муфассал »

Истиқлол – Бемористон – Маҷмааи тандурустии ш. Душанбе

istiqlol-klinika-2

Бо ифтитоҳи Маҷмааи нави тандурустии Истиқлол 3500 ҷойи нави корӣ соли 2016 таъсис ёфт. Маҷмааи тандурустии Истиқлол бо шароиту имкониятҳои ташхисгоҳ, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ бо 27 компютери ба интернет пайваст, таваллудхона, …

Муфассал »

ИНҲИСОРИ НОВОКАИНӣ

inhisori-novokaini

ИНҲИСОРИ НОВОКАИНӣ, блокадаи новокаинӣ, яке аз усулҳои табобат, ки ҳангоми он ба бофтаҳо маҳлули новокаин мефиристанд. Новокаин ба организм таъсири андаки ангезишовар расонда, дардро рафъ ва ғизогирии асабҳоро беҳтар мекунад. Дар баъзе мавридҳо ба маҳлули новокаин витамин, антибиотикҳо ва диг. доруҳо низ илова менамоянд. Дар вақти И. н. бемор бояд …

Муфассал »

ИОФФЕ Вениамин Юдович

nophoto

ИОФФЕ Вениамин Юдович (1897, ш. Кременчуг – 1973, ш. Киев), терапевт, доктори илми тиб (1941), проф. (1939), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷ. (1945). Донишкадаи тиббии ш. Киевро хатм кардааст (1922). Ординатор, ассистент, дотсент, мудири кафедраи терапияи Донишкадаи тиббии ш. Смоленск (1922 – 40), мудири кафедраи терапияи ш. Саратов (1940 – …

Муфассал »

ИОФФЕ-ГОЛУБЧИК Гитлия Иосифовна

nophoto

ИОФФЕ-ГОЛУБЧИК Гитлия Иосифовна (1900, ш. Киев – 1982, Москва), гинеколог, доктори илми тиб (1946), проф. (1947). Донишкадаи тиббии ш. Киевро хатм кардааст (1922). Духтур ва сардухтури беморхонаи ш. Смоленск (1922 – 34), ассистент ва дотсенти Донишкадаи тиббии ш. Смоленск (1935 – 40). Соли 1941 ба Тоҷикистон омада, то с. 1949 …

Муфассал »