Главная / Илм / ИСОЕВА Мавҷудахон Сироҷиддиновна

ИСОЕВА Мавҷудахон Сироҷиддиновна

isoeva-mavchudahonИСОЕВА Мавҷудахон Сироҷиддиновна (тав. 19. 07. 1942, ноҳ. Колхозободи вил. Хатлон), дерматовенеролог, доктори илмҳои тиб (1999), проф. (2000), Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1966). Духтури дерматовенеролог ва сардухтури Диспансери бемориҳои пӯсту узвҳои таносули Конибодом (1966 – 68). Ординатори клиникӣ (1968 – 71), аспирант (1971 – 74), ассистент (1974 – 90), дотсент (1990 – 2000) ва аз с. 2000 проф. кафедраи дерматовенерологияи ДДТТ. Дар мавзӯи «Усули муштараки табобати беморони сифилис» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Эпидемиология ва усулҳои нави табобати сифилис дар Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Аз с. 1990 оид ба масоили муҳими венерология тадқиқот мебарад. Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмӣ (монография, мақолаҳо, тезисҳо, тавсияҳои методӣ, фаслҳои китобҳои дарсӣ) оид ба дерматология ва венерология аст. Бори нахуст дар ҷаҳон усули лимфотропии тазриқи доруҳоро ҳангоми табобати бемории сифилис истифода бурдааст.
Узви Ассотсиатсияи «Олимаҳои Тоҷикистон». Бо ордени «Шараф» (дараҷаи II) мукофотонида шудааст.
Ос.: Ближайшие результаты лимфотропной терапии больных сифилисом. Дар кит.: «Клиническая лимфология», М. – Подольск, 1985; Лимфотропная терапия, Д., 1987; Сифилис, Д., 1998; Венерические болезни (китоби дарсӣ, фасли I), Д., 2007; Особенности клиники и этиопатогенетической терапии ассоциированной с заболеваниями желудочно-кишечного тракта и H. pylori. Маҷ. «Проблемы гастроэнтерологии», Д., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …