Архивы за день : 29.01.2018

ИБРОҲИМОВА Розия

nophoto

ИБРОҲИМОВА Розия (тав. 27. 10. 1932, ш. Хуҷанд), терапевт, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978). Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷ. (1974). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ш. Ленинобод (ҳоло Хуҷанд; 1951) ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1959). Ҳамшираи шафқати таваллудхонаи ш. Ленинобод (1951 – 53), ординатори клиникӣ (1959 – 61), духтури беморхонаи №2 …

Муфассал »

ИҒМО

igmo

ИҒМО (юн. Coma – хоби чуқур), кома, мадҳушии вазнин, ки дар натиҷаи зарб хӯрдани сар, заҳролудии ҳуҷайраҳои силсилаи асаби марказӣ ва ё амрози системаи асаб ба вуҷуд меояд. Ихтилоли нафаскашӣ ва гардиши хун метавонанд боиси марги бемор шаванд. Сабабҳои пайдоиши И. гуногун аст. Он бештар ҳангоми ихтилоли шадиди гардиши хун …

Муфассал »

ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ТИББИ ТОҶИКИСТОН

idi-kormandoni-tibbi

ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ТИББИ ТОҶИКИСТОН, ҳар сол 18 август қайд карда мешавад. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶТ аз 4 апр. 1994 таҳти №229 тасдиқ карда шудааст. 18 авг. зодрӯзи олими бузурги тоҷик, файласуф ва ҳаким Абӯалӣ ибни Сино мебошад. И. дар тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, конфронсу семинарҳо, …

Муфассал »

ИДИОСИНКРАЗИЯ

idiosinkrazia

ИДИОСИНКРАЗИЯ (Idiosyncrasia; аз юн. idios – худӣ ва synkrasis – омехта, махлут), мизоҷвайронӣ, ҳассосияти ирсии организм ба баъзе хӯрокворию доруҳо. Нишонаҳои аллергияро дорад. И. бо паст шудани фишори хун, осеби девораи рагҳо, таровидани хун дар зери пӯсту луобпарда, маҳв гаштани эритроситу лейкоситҳо, ихтилоли кори меъдаю рӯда ва диг. узвҳо ҷараён …

Муфассал »

ИЕРСИНИОЗ

iersinoz

ИЕРСИНИОЗ, бемории сироятиест, ки дар мавриди он роҳи меъдаю рӯдаҳо осеб меёбад. Ҳангоми И. бисёр вақт диг. узву бофтаҳо низ зарар мебинанд. Ангезандаи И. қаламчамикроби граммусбати Versinia enterocolitica мебошад; спора надорад, дар ҳарор. паст (6 – 10°С) афзоиш ёфта, ҳангоми ҷӯшондан ва зери таъсири моддаҳои гандзудо зуд маҳв мешавад. Манбаи …

Муфассал »

ИЗОЛЯТОР

izolator

ИЗОЛЯТОР (Isolator), инфиродгоҳ, палатаи алоҳидаест барои ҷойгир намудани ашхоси бемор, касалиашон сироятнок ё ба онҳо монанд (беморони дарунрав, табдор ва ғ.). Беморхонаҳо, поликлиникаҳо, санаторияҳо, яслию боғчаҳои бачагона, интернатҳо, хобгоҳҳо, пункти тиббии вокзалҳо, бандаргоҳҳо ва ғ. И. доранд. Ҳангоми тоун, вабо ва диг. бемориҳои ниҳоят хавфнок дар И. беморон то пурра …

Муфассал »

ИКРОМОВ Зиё Хонович

ikromov-zio

ИКРОМОВ Зиё Хонович (11. 06. 1911, ш. Бухоро – 18. 10. 1997, ш. Душанбе), ҷарроҳ, аввалин доктори илми тиб (1950) ва профессор аз байни мардуми таҳҷоии Осиёи Марказӣ. Писари мударриси мадраса Икром Абдусалом, машҳур ба лақаби домулло Икромча. Аз ӯ нависандаи маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон С.Айнӣ сабақ гирифтааст. И. с. 1930 …

Муфассал »

«ИКСИРИ АЪЗАМ»

iksiri-azam

«ИКСИРИ АЪЗАМ», асари Муҳаммад Аъзамхони Ромпурӣ (ваф. 1902), ки бо номи Аъзамхони Ҳаким ва тахаллуси Нозими Ҷаҳон ҳам машҳур аст. «И. А.» яке аз шомилтарин ва бузургтарин китобҳои тиббии асрҳои ахир буда, с. 1873 дар чаҳор муҷаллади бузургҳаҷм ва ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллиф ба он «Иксир» ном додааст, …

Муфассал »

ИЛИН Виталий Сергеевич

ilin-vitaliy-sergeevich

ИЛИН Виталий Сергеевич (тав. 1904), биохимик, доктори илми биология (1943), профессор, узви пайвастаи АИТ ИҶШС. Хатмкардаи Ин-ти тиббии Санкт-Петербург (1927). Ходими илмии лабораторияи патологияи озмоишии Ин-ти давлатии табиатшиносии ба номи Лесгафт (1927 – 30), ассистенти кафедраи биохимияи Ин-ти тарбияи ҷисмонӣ (1930 – 33), мудири лабораторияи озмоишии Ин-ти хунгузаронӣ (1933 – …

Муфассал »

ИЛЛЮЗИЯ

iluzia

ИЛЛЮЗИЯ, тахайюл, фиреби хотир, дарки барғалат ва нодурусти ашё ва ҳодисаҳои воқеӣ. И. бисёр вақт дар заминҳои афсурдарӯҳӣ бо эҳсоси тарсу ваҳм, ихтилоли аъзои ҳис (мас., шунавоӣ, биноӣ ва ғ.) пайдо мешавад. Баъзан И. мумкин аст дар одамони солим низ ба вуҷуд ояд (мас., ҳангоми аз ҷангал ё қабристон гузаштан). …

Муфассал »