Главная / Илм / ИСОМИДДИНОВ Анвар

ИСОМИДДИНОВ Анвар

nophotoИСОМИДДИНОВ Анвар (тав. 01. 07. 1940, деҳаи Понғози ноҳ. Ашт), равонпизишк ва равоншинос, доктори илми тиб (2005). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1966). Сардухтури беморхонаи деҳаи Кангурт (1966 – 68), аспиранти кафедраи амалиёти ҷарроҳии Донишкадаи 1-уми тиббии ба номи И.П. Павлови ш. Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург; 1969 – 72), ассистенти кафедраи амалиёти ҷарроҳӣ ва анатомияи топографии ДДТТ (1972 – 79), духтури равоншифои дармонгоҳҳои №8 ва № 10-и ш. Душанбе (1979 – 92), мудири кафедраи тибби Шарқ ва равоншифоии ДДТТ (1992 – 94 ва 1996 – 2010) ва донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1994 – 96). Аз с. 2010 устоди кафедраи варзиши шифоӣ ва тибби Шарқи ДДТТ. Дар шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Самарқанд, Алмаато, Белград, София, Варна, Туркия, Бомбай сеансҳои гипнозӣ гузаронидааст. Муаллифи 250 асару мақолаҳои илмию оммавӣ, аз ҷумла 90 мақола, тезис, монография, китобҳои дарсӣ ва маълумотномаҳо мебошад. Китоби ӯ «Ҳудуди имконияти одам» ва «Феномени доктор Анвар Исомиддин» дар ш.-ҳои София ва Велико-Тирновои Булғория тарҷума ва нашр шудаанд. Иштирокчии Анҷумани умумиҷаҳонии морфологҳо (Ленинград, 1970), Анҷумани байналхалқӣ оид ба тибби алтернативӣ (Бомбайи 1995). Анҷумани XIX Ҷамъияти физиологҳои ба номи И.П. Павлов (Екатеринбург; 2004) ва ғ.
Ос.: Гипноз и медицина, Д., 1976; Сон и сновидения, Д., 1978; Здоровье человека, Д., 1984; Пределы наших возможностей, Д., 1987; Справочник по лечебной физкультуре, Д., 1991; Чжень – Цзю иглорефлексотерапия, Д., 1996; Гипноз и психотерапия, Д., 1997; Биоэнерготерапия, Д., 2009.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …