Архивы за день : 21.01.2018

ЗУРУНГ

zurung

ЗУРУНГ (Ononis arvensis), хоргулак, хори зурунг, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершоха, баргаш пайдарҳам, гулаш 5-баргаи парвонашакл, гулобӣ ё сафеди гулобитоб. Ғилофакаш гирд ё байзашакл (2 – 4 тухм дорад). Июн – июл гул карда, тухмаш июл – сент. мепазад. З. асосан дар қ-кӯҳҳои Ҳисору …

Муфассал »

ЗУФОБӣ

zufobi

ЗУФОБӣ (Alisma plantago-aquatica), зуфи обӣ, як навъ гиёҳест худрӯи бисёрсола. Бехи лӯндамонанди ғафс, пояи рости (10 – 70 см қад мекашад) қисми болояш сершох дорад. Баргаш думчадарози нӯгтез, байзашакли паҳн, калон, қисми ба думчабарг пайвасташ дилшакл. Хӯшагулаш калони ҷорӯбак, гулаш майда (қутраш қариб 1 см), сафед ё гулобитоб; зуд мерезад. …

Муфассал »

ЗУҶОҶИЯ

zujojiya

ЗУҶОҶИЯ (Corpus vitreum), ҷисми шишагун, яке аз қисмҳои чашм. Массаи рангаш шаффоф буда, ҳамроҳи булӯрак андаруни ғӯзаи чашм ҷой гирифтааст. Асаб ва рагҳои хун надорад. Ниг. низ Чашм.

Муфассал »

ЖГУТ

jgut

ЖГУТ, ҷиҳозест, ки барои муваққатан боздоштани хунравӣ аз рагҳои андомҳои боло ва поён истифода мешавад. Онро болотар аз ҷои хунравӣ ба узв тофта мебанданд. Ж. бо мақсади боздоштани хунравӣ фақат ҳангоми хуншории фаровони артерия кор фармуда мешавад. Дар мавриди кам рафтани хун бандинаи фишоровар гузоштан кифоя аст. Ж. бояд ба …

Муфассал »

ЖОВИШ

jovish

ЖОВИШ, майда кардан ва бо оби даҳон омехтани хӯрок дар ковокии даҳон. Раванди Ж. газидан, фишурдан, майда кардан ва дар байни дандонҳо соидани хӯрокро дарбар мегирад. Одам ва аксари ҳайвонот хӯрокро бо ёрии ҳаракатҳои гуногуни ҷоғи поён нисбат ба ҷоғи боло (вертикалӣ, пешу қафо ва паҳлӯгӣ), ки дар натиҷаи кашиш …

Муфассал »

ЖУКОВ Артемий Петрович

zhukov

ЖУКОВ Артемий Петрович, доктори илми тиб (1944), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷ. (1945). С. 1924 фак-ти тиббии Донишгоҳи Ростовро хатм кардааст. Ассистент ва мудири лабораторияи психофизиологии Пажӯҳишгоҳи ҳифзи меҳнати Кавкази Шимолӣ (1924 – 32), ходими калони илмии Ин-ти фаъолияти олии асаб ва баъд Ин-ти тибби таҷрибавӣ (1932 – 40), мудири …

Муфассал »

ЖУНТ

istochnik

ЖУНТ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. чапи д. Гармчашма, 500 м шарқтари деҳаи Жунт ҷойгир аст. Баландиаш аз с. б. 2780 м. Дебиташ – 0,1 – 0,2 л/сон., минералнокиаш –2,7 г/л. Ҳарор. обаш +12 – +170С. Таркиби оби чашма аз ангидриди озоди карбон (220 мг/л), кислотаи силикат (90,0 …

Муфассал »

«ЁДГОРИ РИЗОӣ»

asar

«ЁДГОРИ РИЗОӣ», асари ҳаким Ризоалӣ ибни Маҳмуди Ҳайдарободӣ. С. 1820 ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст. Китоб дар баёни доруҳои ҳиндӣ буда, номи онҳо бо забони тоҷикӣ оварда шудаанд. Ад.: Абдулҳай ал-Ҳасанӣ, «ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

ЁЗИШИ ПАЙ

yozishi-pay

ЁЗИШИ ПАЙ (Distorsio), дисторсия, иллатест, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд ёзидани пайи буғумҳо ба амал меояд. Аксар вақт торҳои ҷудогонаи пай, баъзан худи пай тамоман канда шуда, ҳатто як пораи устухонеро, ки ба он часпидааст, аз ҷояш мекӯчонад. Бештар Ё. п.-и банди соқу панҷаи по ба мушоҳида мерасад; иллат …

Муфассал »

ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ КОРНОШОЯМИИ МУВАҚҚАТӣ

yordampuli2

ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ КОРНОШОЯМИИ МУВАҚҚАТӣ ба коргарон ва хизматчиён дар мавридҳои мувақкатан аз даст додани қобилияти корӣ бинобар маризӣ ё маъюбӣ, дар рӯзҳои барои нигоҳубини ягон аъзои бемори оила аз кор озод будан, дар мавриди карантин, бинобар бемории касбӣ муваққатан ба кори дигар гузаронидани корманд ё ҳангоми протезмонӣ барои дар беморхона …

Муфассал »