Главная / Илм / БАҲҶУ-Л-ҲАЗОҚАТ

БАҲҶУ-Л-ҲАЗОҚАТ

asar«БАҲҶУ-Л-ҲАЗОҚАТ», асари тиббии Қудрат Аҳмад ибни Ҳофиз Иноят Аҳмад. С. 1835 дар Ҳиндустон таълиф карда шудааст. Китоб аз муқаддима, ду боб ва хотима иборат буда, асосан ба масъалаҳои умумии тиб баҳс мекунад. Муқаддима ба таърифи илми тиб, мақсад ва мавзӯи он бахшида шудааст. Боби аввал дар бораи куллиёти тибби илмӣ буда, аз чаҳор фасл иборат мебошад: фасли якум роҷеъ ба умури табиия, фасли дуюм оид ба баёни хелҳои бемориҳо, фасли сеюм дар бораи сабабҳои амроз ва фасли чаҳорум оид ба аломоти бемориҳо маълумот медиҳад. Боби дуюми китоб дар бораи куллиёти тибби амалӣ аст. Он аз ду фасл иборат мебошад: фасли якум – дар қонунҳои ҳифзи сиҳҳат; фасли дуюм – дар тадбири илоҷ. Дар хотимаи китоб роҷеъ ба маърифати (шинохтани) таъсири адвияи муфрада (давоҳои ғайри таркибӣ), дараҷа ва қонуни таркиб ва миқдори истеъмоли он маълумот дода шудааст. Дар фасли якуми боби аввали китоб омада: «Бояд донист, ки авқоти умр филҷумла чаҳоранд: яке синни нумув, яъне болидан ва он то қариби сӣ сол аст. Дуюм, синни вуқуф ва он то сиюпанҷ ё чиҳил (ба ҳасби мизоҷ ва иқлим). Сеюм, синни инҳитот бо бақои қувват ва он то қариби шаст сол аст. Чаҳорум, синни инқитот бо зуҳури заъф ва он то охири умр бошад». Китоб с. 1869 дар Ҳиндустон чоп шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …