Архивы за день : 28.01.2018

ИНВАГИНАТСИЯ

invaginatcia

ИНВАГИНАТСИЯ, яке аз шаклҳои ногузарониши рӯдаҳо. Дар мавриди И. як банди рӯда ба банди дигари он даромада дармемонад. Сабаби И. мумкин аст ташаннуҷи бардавоми ягон қисми рӯда, омос ва ғ. бошад. И. хусусан дар кӯдакони то дусола ва аз 4 то 9-сола бештар мушоҳида мешавад. И. бо дарди шадиди қабзакунандаи …

Муфассал »

ИНВАЗИЯ

invazia

ИНВАЗИЯ (лот. invasio – дарафтодан, ҳамла кардан), ба организми одаму ҳайвонот ворид шудани паразитҳо (соддатаринҳо, гелминтҳо, бандпойҳо). Паразитҳо дар организми ҳомил метавонанд зиндагӣ ва афзоиш карда, ягон осеби ҷиддӣ нарасонанд (ниг. Паразитҳомилӣ) ё боиси рух намудани бемориҳои гуногун шаванд (ниг. Бемориҳои паразитӣ).

Муфассал »

ИНВАЛИДӣ

invalidi

ИНВАЛИДӣ (Invaliditas), маъюбӣ, дар натиҷаи беморӣ, лат хӯрдан ё нуқси инкишоф муддати дароз ё доимӣ, пурра ё қисман гум кардани қобилияти меҳнатӣ. Инвалидҳо вобаста ба дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи 1 – уми инвалидиро ба шахсоне муқаррар менамоянд, ки қобилияти меҳнатиро пурра, доимӣ ё …

Муфассал »

ИНГАЛЯТСИЯ

ingalatsiya

ИНГАЛЯТСИЯ (Inhalatio; аз лот. inhalare – нафас кашидан), усули бо нафасгирӣ ба организм ворид кардани бухори доруҳо. Шаклҳои зерини И. ҳастанд: 1) буғи об ё бухори моддаҳои бӯёро нафас гирифтан; 2) нафас кашидани заррачаҳои хурди моддаҳои доруӣ – аэрозолҳо, ки дар об ҳал шудаанд ё дар ҳолати муаллақ қарор доранд …

Муфассал »

ИНГИБИТОРҲО

ingibitorho

ИНГИБИТОРҲО (лот. inhibere – манъ кардан, нигоҳ доштан), моддаҳои табиаташон химиявӣ, ки аксуламалҳои химиявӣ, аз ҷумла биохимиявиро суст ё пурра қатъ мекунанд. И. дар тиб ба сифати дору фаровон истифода мегарданд. Онҳо дар соҳаи тадқиқоти биохимиявӣ низ ба кор мераванд. Бисёр И. моддаҳои заҳрнок маҳсуб мешаванд. И. фақат ба як …

Муфассал »

ИНДОВ

indow

ИНДОВ (Eruca sativa), растаниест равғандор. Пояаш то 1 м қад мекашад. Барги паршакл, гулҳои нисбатан калони зард, ғилофакмеваи чорқирраи нӯгтез дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон И.-ро аз қадим дар водиҳо ва нишебии кӯҳҳо кишт мекарданд. И.-и худрӯй дар киштзори лалмӣ, обӣ, заминҳои партов, нишебии кӯҳҳо, соҳилҳои дарё, канал, канори роҳ (дар …

Муфассал »

ИНДОМЕТАСИН

indometacin

ИНДОМЕТАСИН (Indometasinum), индосид, метиндол, як навъ дору, ҳосилаи кислотаи индолатсетат. И. ингибитори пурқуввати биосинтези простагландинҳо мебошад. Фаъолияти хуби дардбарӣ ва рафъи илтиҳоб дорад. И.-ро барои муолиҷаи артрити тарбодмонанд, периартритҳо, спондилит, остеоартрез, ниқрис, бемориҳои илтиҳобии бофтаҳои пайвандии силсилаи устухону мушакҳо, тромбофлебит ва диг. бемориҳо, ки бо ихтиҳоб хуруҷ меёбанд, истифода мебаранд. …

Муфассал »

Маркази тиббии Насл (15 сурат)

zdanie-nasl

Маркази Тиббии Насл – бо технологияи пешрафта дорои имкониятхои ташхис ва табобати тамоми намуди безуриёти, беморихои занона ва мардона, беморихои бо рохи алокаи чинси сироятшаванда имконияти татбики крионконсервативатсияи тухмхучайрахо ва чанин дар зинахои аввали рушди он ташхиси кисмати зиёди беморихои ирси, назорати рафти чараёни хомиладори, бо сифати баланд гузаронидани тамоми …

Муфассал »

ИНДУКТОТЕРМИЯ

indukotermia

ИНДУКТОТЕРМИЯ (лот. inductio – тазриқ, ҷорӣ кардан ва юн. therme – гармӣ), усули табобат бо неруи барқ. Дар мавриди И. ба организми мариз тавассути майдони магнитии баландбасомад ва ултрабаландбасомад таъсир расонда мешавад. Дар мавзеи табобат ҳарор. бофтаҳо баланд, ташаннуҷи мушаку мӯрагҳо кам, артериолаҳо ва рагҳои нисбатан калон васеъ мегарданд. Ҳангоми …

Муфассал »

ИНИВ

iniv

ИНИВ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 88 км дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2770 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз ду ҷой мебарояд. Дебиташ 0,7 – 0,9 л/сон. Мавзеи чашма шибарзамин аст. Ҳарор. обаш +18 – +190С, минералнокиаш – 4,5 г/л. Оби чашма …

Муфассал »