Главная / Илм / ИСПАРАК

ИСПАРАК

isparakИСПАРАК (Delphinium semibarbatum), асфарак, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 75 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш дароздумчаи серпарра, рахдор, гулаш зарди баланд, мевааш чорқирра, тухмаш майда, хокистарранг. Май – июн гул карда, июл – авг. мева мебандад. Дар пистазор, алафзор, буттазорҳо мерӯяд. Дар қ.-кӯҳҳои Қурама, Мевағул, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 600 – 1700 м аз .с.б.) паҳн шудааст.
Дар тибби халқӣ аз гули И. чой карда, чун воситаи киҷҷарону пешоброн менӯшанд. Тоҷикони Қаротегину Дарвоз баргу пояи И.-ро ҷӯшонда, ҳангоми дарди гулӯ гармогарм ба гулӯ мебанданд. Бо ҷӯшоби алафи И. табларза, зуком, сулфакабутак, гулӯзиндонакро муолиҷа мекунанд, онро чун давои рафъи ташаннуҷ тавсия медиҳанд. Ҷӯшоби И.-ро бо орди ҷав омехта, барои муолиҷаи омосҳои гуногун истифода мебаранд, хокистарашро ба хоришаку ушкуфа мемоланд.
Аз И. доруҳои «Мелликтин» ва «Делсемин» тайёр карда шудааст. «Мелликтин»-ро барои табобати бемориҳое, ки боиси баланд гаштани тонуси мушакҳо мешаванд, кор мефармоянд. «Делсемин» дар ҷарроҳӣ истифода мегардад (барои қатъи нафаскашӣ ҳангоми ҷарроҳӣ дар сандуқи сина).
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …