Архивы за день : 02.01.2018

ГИЛДАВОӣ

gildavoi

ГИЛДАВОӣ, гилпизишкӣ, гилшифоӣ, яке аз усулҳои табобати бемориҳо. Г. дар гузашта бисёр маъмул буд. Одам аз ибтидои пайдоиш ба гил, ба замин ҳамбастагӣ доштааст. Маҳз замин оромгоҳу паноҳгоҳ ва манбаи ризқу рӯзии ӯ маҳсуб мешуд. Аввалин маъхазе, ки аз падидаҳои Г., муносибату афкори аҷдоди моро роҷеъ ба гил, замин дарак …

Муфассал »

ГИМЕНОЛЕПИДОЗ

gimenolepidoz

ГИМЕНОЛЕПИДОЗ (Hymenolepidosis), бемории одам, ки тасмакирмҳои реза ба вуҷуд меоранд. Дарозии кирмҳо 0,5 – 5 см аст; дар сар узви маканда ва чангак доранд. Танаи баъзе кирмҳо аз 160 – 1000 банд иборат мебошад. Онҳо дар рӯдаи борик ҷой мегиранд. Тухми кирмҳо аз рӯда бо пасафканд хориҷ мешаванд; агар ҳарорат …

Муфассал »

ГИМНАСТИКА

zarjadka

ГИМНАСТИКА, варзиши пагоҳирӯзӣ, машқҳои ҷисмоние, ки пагоҳӣ, баъд аз хоб иҷро карда мешаванд. Г. организмро бардам ва қобилияти кориро зуд барқарор мекунад. Ҳангоми хоб силсилаи асабҳои марказӣ дар як ҳолати махсуси истироҳат мебошад. Дар ин маврид кашиши мушакҳои дил, нафасгирӣ, неруи мушакҳо ва гардиши моеоти байни бофтаҳо суст мешаванд. Баъди …

Муфассал »

ГИМНАСТИКАИ КОРГОҲӣ

gimnastika

ГИМНАСТИКАИ КОРГОҲӣ, маҷмӯи машқҳои ҷисмонӣ, ки барои беҳтар намудани фаъолияти организм, нигоҳ доштани қобилияти хуби корӣ, вазъи саломатии коргарон ва донишҷӯён ба тартиби рӯзи кор дохил карда мешавад. Г. к. амрозеро, ки ба онҳо шароити меҳнат сабаб мешаванд, пешгирӣ мекунад. Ба туфайли пешрафти илму техника, автоматонӣ ва механиконии истеҳсолот меҳнати …

Муфассал »

ГИНАТРЕЗИЯ

gynatresia

ГИНАТРЕЗИЯ (аз юн. gune – зан ва атрезия), руст шудани роҳи таносул дар пардаи бакорат, маҳбал ё бачадон. Г. дар натиҷаи осеб (аз ҷумла ҳангоми таваллуд)-и узвҳои таносул, амалиёти ҷарроҳӣ (ҷарроҳии пластикӣ, исқот), илтиҳоб, таъсири доруҳои сӯзишовар ва радиоактив пайдо мешавад. Дар мавриди Г. ҷараёни ихроҷи хуни ҳайз халал ёфта, …

Муфассал »

ГИНГИВИТ

gingivit

ГИНГИВИТ (Gingivitis; аз лот. gingiva – милки дандон), илтиҳоби луобпардаи милки дандонҳо. Г. дар аснои сирояти бактерияю вирусҳо, риоя накардани қоидаҳои беҳдошт, милкро захмдор кардани қираи тези дандони шикаста, санги дандон, пломба ва коронка, ҳангоми таъсири кислотаю ишқорҳо ва гармӣ ба милки дандон сар мезанад. Г. метавонад аломати витаминкоҳиш, аксуламалҳои …

Муфассал »

ГИНЕКОЛОГИЯ

ginekologiya

ГИНЕКОЛОГИЯ (Gynaecologia; аз юн. gyne, gynaikos – зан ва …логия), илми бемориҳои занона, як соҳаи тибби клиникист, ки хосиятҳои анатомию физиологии организм, инчунин иллати узвҳои таносули занҳоро меомӯзад. Вазифаи умдаи Г. аз овони кӯдакӣ андешидани тадбирҳои пешгирии бемориҳои занона ва пешниҳод кардани усулҳои муолиҷаи онҳо мебошад. Маълумоти аввалин доир ба …

Муфассал »

ГИНЕКОМАСТИЯ

ginekomastiya

ГИНЕКОМАСТИЯ (Gynaecomastia; аз юн. gyne, gynaikos – зан ва mastos – сина, пистон), калон шудани ғадудҳои шир дар мардҳо. Г. ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Г.-и ҳақиқӣ дар натиҷаи афзудани бофтаҳои ғадуди шир пайдо мешавад. Сабаби Г.-и дурӯғин ҷамъ шудани чарбу дар ғадуди шири мардҳо аст. Г.-и ҳақиқӣ физиологӣ ва патологӣ …

Муфассал »

ГИПЕР…

giper

ГИПЕР… (аз юн. hyper – фавқ, баланд), қисми аввали калимаҳои мураккаб, ки афзунӣ, фавқ ва аз меъёр зиёд буданро ифода мекунад, мас., гипергидроз, гипергликемия, гиперемия, гипертония ва ғ.

Муфассал »