ИСТЕФАН ИБНИ БАСИЛ, мутарҷим, яке аз тарҷумонҳои маъруфи замони аббосиҳо (а. 9). Аз шогирдони Ҳунайн ибни Исҳоқ (808 – 873) буда, бисёре аз китобҳои тибби юнониро ба забони арабӣ гардондааст. Аз ҷумлаи тарҷумаҳои ӯ «Китобу-л-ҳашоиш» (Materia Medica)-и Дисқуридуси Айнузарбӣ (Dioscoridos) буда, онро нахуст ӯ дар замони халифаи аббосӣ Мутаваккил (847 – 861 м.) дар Бағдод тарҷума ва сипас Ҳунайн ибни Исҳоқ тасҳеҳ ва таҳрир кардааст.
Ад.: Муҳаммад Мӯъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 5, Теҳрон, 1379 ҳ. ш.
С. Шаҳобуддинов.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …