Архивы за день : 22.01.2018

ЗАЪФАРОН

zafaron

ЗАЪФАРОН (Crocus sativus), заъфар, гиёҳест пиёзакбехи бисёрсола. Баландиаш 10 – 30 см. Пояи кӯтоҳ, барги борик, гули зард, бунафш ё сафед (дар ҳар бех 1 ё 2-то), ғӯзаи сертухм, тухми майдаи мудаввар дорад. Авг. – нояб. гул мекунад. З.-и худрӯй маълум нест. Ватани онро Сурия, Эрон, Осиёи Хурд медонанд. З.-ро …

Муфассал »

ЗАЪФИ БОСИРА

zafi-bosira

ЗАЪФИ БОСИРА, ноҷӯриҳое, ки боиси суст шудани нерӯи биноӣ мегарданд. З. б. сабабҳои гуногун дорад. Мас., агар дар пиронсолон ногаҳон яке аз чашмҳо нобино шавад, пас сабаби он мумкин аст халал ёфтани хунгардиш дар мағзи сар ё шабакия бошад. Дар ин ҳолат фавран ба духтури терапевт, невропатолог ё офталмолог муроҷиат …

Муфассал »

«ЗЕЛЁНКА»

zelenka

«ЗЕЛЁНКА» (Viride nitens), маҳлули сабзи бриллиантӣ, як навъ доруи антисептикӣ. Дар шакли маҳлули спиртӣ ё обии 1 – 2% барои табобати бемориҳои пӯст ва луобпардаҳо (пиодермия, блефарит ва ғ.) кор мефармоянд. Дар шакли хока ё маҳлули спиртии 1% ё 2% дар шишачаҳо ба фурӯш бароварда мешавад. Ниг. низ Антисептикҳо.

Муфассал »

ЗЕРЕВ

zerev

ЗЕРЕВ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 5 км дуртар аз резишгоҳи сои Дараи Зерев, дар баландии 2900 м аз с. б. ҷой гирифтааст. Минералнокиаш – 2,0 г/л, ҳарор. обаш +10 – +180 С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (255мг/л), натрий (175 мг/л), магний (65,0 мг/л), анионҳои …

Муфассал »

ЗИЁНИ КАСБӣ

zieni-kasbi

ЗИЁНИ КАСБӣ, осеби касбӣ, зарари касбӣ, омилҳои гуногуни меҳнат ва муҳити истеҳсолот, ки ба саломатӣ ва қобилияти кории одам таъсири ногувор расонда, дар баъзе мавридҳо боиси бемориҳои касбӣ ё авҷи ҳар гуна бемориҳои дигар мешаванд. З. к. дар сурати номукаммалии технологияи нав, истифодаи моддаҳои заҳрнок ва риоя накардани меъёрҳои санитарию …

Муфассал »

ЗИКИРЁХОҶАЕВ Дилшод Зуҳурович

nophoto

ЗИКИРЁХОҶАЕВ Дилшод Зуҳурович (тав. 09. 04. 1949, деҳаи Паркенти вил. Тошкенти Ҷумҳурии ӯзбекистон), онколог, доктори илми тиб (1987), проф. (1989), Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ (1999). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972). Ҷарроҳ-онкологи беморхонаи ш. Қӯрғонтеппа (1972 – 73), духтури Диспансери ҷумҳуриявии клиникии онкологии ш. Душанбе (1973 …

Муфассал »

ЗИҚИ ДИЛ

ziki-dil

ЗИҚИ ДИЛ (Asthma cardiale), хуруҷи нафастангӣ, ки бинобар дар рагҳои шуш бозмондани хун пайдо мешавад. Сабаби З. д. бемориҳои миокардит, сактаи шадиди миокард, кардиосклероз, аневризмаи меъдачаи чап, нуқси шоҳраги дил ва даричаи дутабақа, баланд шудани фишори шараён ва ғ. маҳсуб мешаванд. Ба пайдоиши З. д. афзудани ҳаҷми хунгардиш (мас., ҳангоми …

Муфассал »

ЗИҚИ НАФАС

ziki-nafas

ЗИҚИ НАФАС (Asthma bronchiale), бемории музминест, ки дар натиҷаи ниҳоят танг шудани бронхҳо бинобар ташаннуҷи мушакҳои қасабаи шуш, обварами луобпардаи шуш, бо балғами ғализ пур шудани найчаҳои бронхҳо ба амал меояд. З. н. бемории аллергӣ буда, ба он одамони нисбати баъзе моддаҳои химиявӣ ё омилҳои физикӣ ҳассос гирифтор мешаванд. Ҳассосияти …

Муфассал »

ЗИРА

zira

ЗИРА (Bunium persicum), зираи форсӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 60 см қад мекашад. Пояи рост, барги пармонанд, гултӯдаи чатршакл, гули майдаи сафед, дони хушбӯй дорад. З. дар доманакӯҳҳо, нишебиҳои кӯҳ, алафзор, буттаю бешазори ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон (дар баландии 600 – 2500 м аз с.б.) мерӯяд. З. гиёҳи доруии қадима …

Муфассал »

ЗИРК

zirk

ЗИРК (Berberis heteropoda), зиришк, зилол, анбарборис, буттаест сершохи хордор. Аз 50 см то 2,5 м қад мекашад. Пӯстлохи шохаҳояш зардча ё ҷигарии сурхтоб. Барги дурушти бемӯяк, гули зард ё норанҷӣ, ғуҷуммеваи сурх, зард ё сиёҳи дарозрӯя дорад. З. дар ҷойҳои санглоху буттазори соҳили дарё, нишебиҳои серсангу шахи кӯҳ, фарку арчазор …

Муфассал »