Главная / Илм / ИСТИРОҲАТ

ИСТИРОҲАТ

istirohatИСТИРОҲАТ, ҳолати ором ё як навъ фаъолияти организм, ки хастагиро рафъ ва қобилияти кориро барқарор мекунад. Меҳнат ва И. дар таҳсил, кор ва диг. соҳаҳои фаъолияти инсон робитаи ногусастанӣ доранд. И.-и кам боиси кӯфтагӣ ва муддати дароз фароғат накардан, мӯҷиби хастагӣ мешавад. Хастагӣ нерӯи муҳофизи организмро коста, сабаби пайдоиши бемориҳои гуногун ва гум шудани қобилияти корӣ мегардад. Тартиби оқилонаи меҳнату И. имкон медиҳад, ки саломатӣ ва қобилияти баланди корӣ муддати мадид маҳфуз монад.
И. аз нуқтаи назари физиологӣ фаъолияти махсусест, ки ҳангоми он ҳуҷайра аз кор озод буда, таркиби худро барқарор мекунад. И.-и нисбатан пурраи организм хоб аст. Зимни он ҷараёни босуръати барқароршавӣ (пеш аз ҳама дар ҳуҷайраҳои мағзи сар) ба амал меояд. Шарти муҳими И.-и пурсамар мунтазам иваз кардани вақти кору И. мебошад. Олимони физиолог ва мутахассисони соҳаи беҳдошт аҳамияти махсуси ба истилоҳ «истироҳати фаъол»-ро муқаррар кардаанд. Физиологи рус И. М. Сеченов собит намуд, ки баъди бо як даст бисёр кор карда хаста шудан, қобилияти корӣ на аз ҳисоби осудагии ҳар ду даст, балки бештар аз ҳисоби дасте, ки кор накардааст барқарор мешавад. Дар рафти кор иваз кардани фаъолияти гуногуни мушакҳо ва марказҳои асаб раванди барқарор шудани мушакҳои хасташударо метезонад. Иваз намудани тарзи кор, баъди меҳнати фикрӣ машғул шудан бо меҳнати сабуки ҷисмонӣ низ хастагиро рафъ месозад (он як шакли махсуси И. аст).
Барои зудтар барқарор намудани қобилияти корӣ баъди меҳнати сахти ҷисмонӣ ё фикрӣ ба И.-и фаъол иваз кардани И. – и ғайрифаъол (ҳолати оромии мутлақ ва эҳтиётӣ) ҳам мувафиқи мақсад аст.
Интихоби тартиби оқилонаи И. бо омилҳои гуногун, аз ҷумла ба шароити меҳнат, синну сол ва ғ. вобастагӣ дорад. И. – и аҳолӣ аз тарафи давлат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мувофиқи қонунҳои мавҷуда муайян карда шуда, барои онҳо осоишгоҳу хонаҳои истироҳат, пансионату профилакторияҳо, лагерҳои бачагона ва диг. муассисаҳои беҳдоштӣ сохта шудаанд. Дар маҳалҳои хушманзара ҷойҳои дамгирӣ ва минтақаҳои истироҳат амал мекунанд. Дар клуб, қасрҳои фарҳанг, боғи истироҳат, майдонҳои варзишӣ намудҳои гуногуни И. гузаронида мешаванд.
Се намуди И. мавҷуд аст: рӯзмарра, ҳафтаина ва солона. И.-и рӯзмарра аз танаффусҳои кӯтоҳмуддате иборат аст, ки дар давоми рӯзи корӣ барои иҷрои гимнастикаи коргарӣ таъин шудаанд. Як қисми танаффусро дар ҳавои тоза гузаронидан муфид аст. Ҳангоми гимнастикаи коргарӣ бояд он ҳаракатҳоеро ба ҷо овард, ки ба И. – и мушакҳои хаста мусоидат кунанд. И.-и рӯзмараро хоби бароҳат анҷом медиҳад. Ба И. – и ҳафтаина ҳафтаи кории панҷрӯза, ки ду рӯзи И. дорад, имконияти калон медиҳад (сайругашт дар ҳавои тоза, машғулиятҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва ғ.). И. – и солона дар давраи рухсатии меҳнатӣ мегузарад. Ба ҳамаи коргарон ҳар сол рухсатии пулакӣ дода мешавад. Мӯҳлати рухсатӣ ба шароит ва хусусияти меҳнат вобаста аст; барои кормандоне, ки дар шароити зарарноки истеҳсолот кор мекунанд, мӯҳлати рухсатӣ дарозтар аст. Дар давраи рухсатӣ бояд одам аз машғулиятҳои муқаррарии ҳаррӯза комилан дур шуда, муҳитро дигар кунад. Ба ҳавои тоза (ҷангал, лаби дарё, баҳр) баромада, якҷоя бо И. қабули ваннаҳои офтобӣ, саёҳатҳои туристӣ, обутоб додани организм хеле муфид аст.
И. – и оқилонаи талабагон тартиби дурусти рӯз, яъне иваз кардани машғулиятҳои гуногун (дарс, лексия, таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва ғ.) бо И. (таннафус, машғулиятҳои спортӣ, таътил) мебошад. Зимни ин ба назар гирифтани синну сол ва хусусияти машғулияти талабагон зарур аст.
Одамони калонсол барои нигоҳ доштани қобилияти корӣ ба И. – и бардавом ва қатъӣ, риояи тартиби кору фароғат мӯҳтоҷ мебошанд. Онҳо бояд ба меҳнати зӯррас даст зананд, бисёртар дам гиранд, ба ҳавои тоза бароянд, мунтазам бо варзиш машғул шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …