Главная / Илм / ИСПАНОХ

ИСПАНОХ

ispanohИСПАНОХ (Spinacia oleracea), исфанох, исфаноҷ, як навъ сабзавот. Пояаш рости зуғӯташакл (70 – 80 см қад мекашад), баргаш сершира, мудаввар, нештаршакл ё дарозрӯяи сабз, сабзи сиёҳтоб ё сабзи кушод, рӯяш суфта ва чиндор. Барги пояаш майдаи бедумча ё кӯтоҳдумчаи суфта. Апр. гул карда, май тухм мебандад. И. дар замини сернам ва ҳосилхез нағз нашъунамо меёбад. Онро одатан баъди помидор, карам, картошка ва зироати диг. кишт мекунанд. И. дар байни тоҷикон аз қадим сабзавоти маъмул аст. И.-ро ба хӯрок меандозанд, аз барги тару тозааш хӯриш тайёр мекунанд.
Абӯалии Сино И.-ро давои бисёр бемориҳо гуфтааст. Ҳар рӯз истеъмол кардани он фаъолияти узвҳои ҳозима, кори дил ва инкишофи устухонҳоро мӯътадил мегардонад, ба шахсони гирифтори бемории қанду ғалаёни хун мадад мерасонад. И. махсусан барои кӯдакон муфид аст, зеро дар таркибаш ба миқдори зиёд витамини D2 дорад. Истеъмоли И. ба шахсоне, ки дар организми онҳо мубодилаи намак вайрон аст, ҷоиз намебошад. И. давои пешоброн, исҳоловар, рафъи илтиҳоб ва тақвиятбахш аст. Он нафақат авитаминозро пешгирӣ менамояд, балки барои табобати амрози хун ва шуш, заъфи асаб, гастрит, энтероколит, омосҳои гуногун ва ғ. низ муфид мебошад. И. хоса барои одамони гирифтори бемориҳои гипертония, диабети қандӣ, қабзияти шикам, рахит, сил, зангила (синга) нафъ дорад. Бинобар дар таркиби И. зиёд будани оҳани зудҳазм он баҳри беморони гирифтори анемияи бадасл муфид мебошад. Оҳан дар ташаккули унсури сурхи хун – гемоглобин ширкат меварзад. Ва маҳз аз ҳамин сабаб норасоии оҳан боиси сар задани анемия мешавад. Секретин ном алкалоиде, ки дар таркиби барги И. вуҷуд дорад, ба кори меъда ва ғадуди зери он таъсири мусбат мерасонад, тарашшӯҳи шираи меъдаро меафзояд, иштиҳоро мекушояд. Аз ин лиҳоз истеъмоли И.-ро дар мавриди бемории сил ва диг. амрози сироятӣ муфид мешуморанд. Ба ақидаи табибони халқӣ агар И.-ро бо мудовамат бихӯранд, барои тафси меъда, ташнагӣ, табҳои гарм, бемориҳои узвҳои даруни сина ва дарди шуш, сил ва дарди миён даво мешавад. Агар онро бо боқило пухта истеъмол кунанд, назлаҳои гарми аз сар фурояндаро қатъ мекунад. Бо оби И.-и тару тоза ғар-ғара кунанд, дарди гулӯ ва забончаи ҳалқумро шифо мебахшад. Оби гиёҳи тару тозаи онро бо шакар ширин карда, бинӯшанд дарди гулӯ, зардпарвин, душвор шошидан, инчунин сӯзиши пешобро шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …