Главная / 2017 / December (страница 4)

Архив Месяца: December 2017

ГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ

calsiy-glukonat

ГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ (Calcium gluconate), як навъ дору; дар шакли маҳлул ва қурс истеҳсол мешавад. Г. к.-ро барои муолиҷаи норасоии калтсий, гипопаратиреоз, ихтилоли витамини D (рахит, спазмофилия, остеомалятсия, гиперфосфатемия, хуншориҳои сабабашон гуногун, бемориҳои аллергӣ (саглес, хориш, дерматозҳои хоришнок, варами ангионеврозӣ), зиқи нафас, сили шуш, эклампсия, заҳролудии ҷигар, нефритҳо ва ғ. истифода …

Муфассал »

ГНУС

gnus

ГНУС, номи умумии як гурӯҳ ҳашароти хунмаки болдор (пашшаю хомӯшакҳо). Ба Г. тақр. 900 намуди ҳашарот, аз ҷумла пашшаҳо, хомӯшакҳо, харакҳо, кӯрпашшаҳо, хармагасҳо, магасҳо ва ғ. дохил мешаванд. Намуд ва миқдори Г. ба шароити ландшафт ва иқлим вобаста аст. Резишгоҳу дарёбоди рӯдҳо, обанборҳо, киштзорҳои обӣ ҷои афзоиши Г. мебошанд. Зарари …

Муфассал »

ГОВЗИРА

govzira

ГОВЗИРА (Bunium chaerophylloides), гиёҳест хушбӯи бисёрсола. Баландиаш 30 – 70 см. Баргаш паршакл. Моҳи апр. гул карда, моҳи май тухм мебандад. Дар тибби халқӣ бо тухм ва лӯндакрешаи Г. дарди санги гурда, пешобдон, песӣ (витилиго) ва захми даҳонро муолиҷа мекунанд. Г. мисли зира дар байни мардуми машриқзамин бо хушбӯии худ …

Муфассал »

ГОМЕО

gomeo

ГОМЕО… (аз юн. homoios – монанд, якхела), ҳиссаи калимаҳои мураккаб, ки монандиро ифода мекунад, мас., гомеопатия, гомеостаз ва ғ.

Муфассал »

ГОМЕОПАТИЯ

gomeopatiya

ГОМЕОПАТИЯ (Homeopathia; аз юн. homoios – шабеҳ, монанд ва pathos – беморӣ), тарзи муолиҷаест, ки ба қонунияти «шабеҳро бо шабеҳаш табобат мекунанд» («қонуни шабоҳат») асос ёфтааст. Мувофиқи ин қоида ҳангоми муолиҷа вояи андаки он доруҳоеро, ки дар сурати истеъмоли вояи зиёд боиси пайдоиши аломатҳои ба беморӣ монанд мешаванд, истифода мебаранд. …

Муфассал »

ГОМЕОСТАЗ

gomeostaz

ГОМЕОСТАЗ (аз гомео… ва юн. stasis – ҳолат, беҳаракатӣ), дар физиология, ҳолати динамикии нисбатан якхелаи таркибу хосиятҳои муҳити дохилӣ ва устувории функсияҳои асосии физиологии организми одам, ҳайвонот ва растанӣ. Истилоҳи «Г.»-ро с. 1929 физиологи америкоӣ У. Кеннон пешниҳод намуд. Г. чун натиҷаи муносибатҳои мураккаби координатсиявӣ ва танзим, ҳам дар организми …

Муфассал »

ГОНАДАҲО

gonadaho

ГОНАДАҲО (аз юн. gone – тавлидкунанда, gonao – тавлид мекунам), ғадудҳои ҷинсӣ, узвҳое, ки дар онҳо ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ҳосил мешаванд. Г. нарина – нутфадон, модина – тухмдон ва омехта – хунсо (гермафродит) мешаванд. Г.-и одам ва ҳайвоноти дараҷаи олӣ ба хун гормонҳои ҷинсӣ (андрогенҳо, эстрогенҳо) ҷудо мекунанд. Г. якҷоя бо …

Муфассал »

ГОНИТ

gonit

ГОНИТ (Gonitis; аз юн. gony – зону), илтиҳоби банди зону. Ангезаҳои беморӣ ба ҷавфи банд аз ҷойҳои осебёфтаи он, ҳамчунин ба воситаи хун ва лимфа ворид мешаванд. Вобаста ба падидаҳои болинӣ (клиникӣ) Г.-и шадид ва музмин, аз рӯи тарзи рашҳа (экссудат) бошад, Г.-и зардобӣ, зардобию фасодӣ ва фасодиро фарқ мекунанд. …

Муфассал »

ГОНОКОККҲО

gonokokho

ГОНОКОККҲО, як навъ мавҷудоти ба чашм ноаён. Шакли лӯбиёро дошта, андозаашон 1,25 – 1,0×0,7 – 0,8 мкм аст. Бактерияҳои аэроб; дар сурати зиёд будани намии нисбии ҳаво месабзанд. Г. ангезандаи бемории сӯзок, ҳамчунин уретрит, сервитсит, салпингит, проктит, артрит, конъюнктивит ва фарингитҳо мебошанд. Г. баъзан боиси пайдоиши илтиҳоби ҳалқум ва рӯдаи …

Муфассал »

ГОРМОНОТЕРАПИЯ

gormonoterapiya

ГОРМОНОТЕРАПИЯ (Hormonotherapia), ба тавассути доруҳои гормонӣ муолиҷа кардани бемориҳои гуногун. Г.-ро дар мавриди бемориҳои эндокринӣ ва ғайриэндокринӣ истифода мебаранд. Вобаста ба вазъи фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ) Г. таъвизӣ, ангезишӣ ва тасаккунӣ мешавад. Г.-и таъвизӣ ҳангоми суст шудани фаъолияти ғадуди усораи дохилӣ бо мақсади рафъ сохтани норасоии гормонҳо истифода мегардад. …

Муфассал »