Архивы за день : 24.12.2017

БАНДАКҲО

bandakho

БАНДАКҲО (Ligamenta), пайвандак, тор ё лавҳачаҳои маҳкамеро гӯянд, ки устухонҳои бадан (скелет)-ро бо ҳам мепайванданд. Торҳои баъзе узви баданро (мас., бандаки ҳанҷара, ки бо устухон васл нест) низ бандак мегӯянд. Чандирӣ, ёзандагӣ, нафисӣ ва устувории Б. гуногун мешавад. Ёзандагии Б. ба ҳисоби миёна то 6,5 кг/1 мм2 аст. Чунончӣ, бандаки …

Муфассал »

БАНДИ ДАСТ

bandi-dast

БАНДИ ДАСТ (Articulatio radiocarpea), пайванде, ки устухонҳои соид, диски мафсил ва устухонҳои муч (сарпанҷа)-и даст (заврақшакл, ҳилолшакл ва сеқирра) ба вуҷуд меоранд. Диски мафсил шакли секунҷаро дошта, ҷавфи Б. д.-ро аз ҷавфи банди соиду оринҷ ҷудо мекунад. Канори болои ғилофи Б. д. ба устухони соид ва диски мафсил, канори поёни …

Муфассал »

БАНДИ ДУРӯҒИН

bandi-durugin

БАНДИ ДУРӯҒИН (Pseudoarthrosis), буғуми ғайриҳақиқӣ, ноуствор часпидани нӯгҳои устухони шикаста ё аз беморӣ табоҳшуда. Б. д. ҳангоми дар байни устухонпораҳо афтодани мушак ё бофта, аз ҳамдигар дур будану ба қадри кофӣ бо хун таъмин нашудани устухонпораҳо (мас., агар гарданаи рон шикаста бошад) ва нобуд гаштани қисми зиёди пӯст ба амал …

Муфассал »

БАНДИ ЗОНУ

bandi-zonu

БАНДИ ЗОНУ (Articulatio genis), пайванди курашакл, ки устухонҳои мӯчи канорӣ ва мобайнии рон, сатҳи болои устухони калони соқ ва собунак ба вуҷуд меоранд. Собунак дар пайи асабҳои чорсара ҷой гирифтааст. Сатҳи пайвандии мӯчи устухони рон, устухони калони соқ ва собунак бо тағояки гиалинӣ фаро гирифта шудааст. Халтаи мафсилии Б. з. …

Муфассал »

БАНДИ КИТФ

bandi-kitf

БАНДИ КИТФ (Articulatio humeri), пайванди курашакле, ки сараки устухони бозу ва комаи устухони шона ба вуҷуд меоранд. Бо халтаи мафсилӣ фаро гирифта шудааст. Мушак ва бандакҳо сараки устухонро дар комаи пайвандгоҳ устувор нигоҳ медоранд. Сатҳи пеши поёни Б. к. мушак надорад. Дар ин мавзеъ ғилофаки банди устухон бисёр вақт канда …

Муфассал »

БАНДИ КОСУ РОН

bandi-kosu-ron

БАНДИ КОСУ РОН (Articulatio coxae), пайванде, ки устухони ҳуққа (косачаи кос) ва сараки устухони рон ба вуҷуд меоранд. Ҳуққа дар маҳалли тамоси устухонҳои тиҳигоҳ, сурин (нишастгоҳ) ва зиҳор қарор дорад. Андозаи ҳуққа нисбат ба андозаи сараки устухони рон хурд аст. Сатҳи сараки устухони рон бо қабати тунуки тағояки гиалинӣ фаро …

Муфассал »

БАНДИНА

facia

БАНДИНА (Fascia), захмбанд, васоит ва усулҳои ба сатҳи бадан ё ягон ҷои дигари он бастани рифодот (матоъи бандиш). Тавассути Б. ин ё он қисми баданро беҳаракат низ менамоянд. Б. устуворгардон, тазйиқовар, ноҷунбон, шахкунанда (асосан гаҷмонӣ) мешавад. Навъҳои маъмули Б.-и устуворгардон марҳами часпак, ширешӣ ва бинтӣ мебошанд. Айни ҳол дар захмбандӣ …

Муфассал »

БАНДИ ОРИНҶ

bandi-orinj

БАНДИ ОРИНҶ (Articulatio cubiti), пайванди байни устухони бозу ва устухонҳои соид. Онро бандҳои китфу оринҷ (қат ва рост шудан), китфу соид (қат ва рост шудан, ҳамчунин тоб хӯрдани устухони соид) ва банди проксималии соиду оринҷ (тоб хӯрдани устухони соид, чап ва рост кардани кафи даст) ба вуҷуд меоранд. Ҳар сеи …

Муфассал »

БАНДИ СОҚУ ПОЙПАНҶА

bandi-soku-poypanja

БАНДИ СОҚУ ПОЙПАНҶА (Articulatio talocruralis), пайванде, ки нӯги устухонҳои калону хурди соқ ва устухони каъб ба вуҷуд меоранд. Устухони соқ тавассути бандакҳо ба якдигар пайваст шуда, душохаеро ҳосил кардаанд, ки сатҳи боло ва паҳлӯҳои устухони каъбро фаро гирифтааст. Халтаи мафсилии Б. бо бандакҳо устувор мегардад. Б. тавассути артерияҳои пеш ва …

Муфассал »

БАНДИ ҲАМЕЛАК

bandi-hamelak

БАНДИ ҲАМЕЛАК, иллати банд, ки ҳангоми он узв ноқис шуда, дуруст фаъолият карда наметавонад. Сабаби Б. ҳ. осеби нӯги устухонҳои банд ва фалаҷи мушакҳо, нуқси халтаи мафсилӣ ва бандакҳо мебошад. Фалаҷи асабҳои сурин ва рон метавонад боиси ҳамелак шудани ду ва зиёда бандҳо гардад (бандҳои зону, соқу попанҷа, баъзан косу …

Муфассал »