Главная / Илм / ГОРМОНОТЕРАПИЯ

ГОРМОНОТЕРАПИЯ

gormonoterapiyaГОРМОНОТЕРАПИЯ (Hormonotherapia), ба тавассути доруҳои гормонӣ муолиҷа кардани бемориҳои гуногун. Г.-ро дар мавриди бемориҳои эндокринӣ ва ғайриэндокринӣ истифода мебаранд. Вобаста ба вазъи фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ) Г. таъвизӣ, ангезишӣ ва тасаккунӣ мешавад.
Г.-и таъвизӣ ҳангоми суст шудани фаъолияти ғадуди усораи дохилӣ бо мақсади рафъ сохтани норасоии гормонҳо истифода мегардад. Ба бемор доруҳои ҳамон гормон ё давоҳои шабеҳ ба онҳоро таъин мекунанд. Г.-и таъвизӣ фақат дар давраи истифодаи гормонҳо ё доруҳои гормонӣ нафъ дорад, зеро онҳо сабабҳои бемориро бартараф намесозанд. Ин навъи Г. тамоми умр идома меёбад, мас., бо инсулин табобат кардани диабети қандӣ; бо глюкокортикоидҳо ё давоҳои он муолиҷа намудани бемории Аддисон; бо гормонҳои тиреоидӣ дармон бахшидани гипотиреоз ва ғ. Вояи доруҳои гормонӣ ба таври фардӣ интихоб карда мешавад.
Г.-и ангезишӣ баҳри фаъол сохтани кори ғадуди усораи дохилӣ амалӣ мегардад. Бо ин мақсад аз гормонҳои ҳиссаи пеши гипофиз ва нейрогормонҳои гипоталамус истифода мекунанд. Г.-и ангезишии бардавом хеле кам кор фармуда мешавад (асосан барои муолиҷаи гипогонадизми дуюмин).
Г.-и тасаккунӣ барои муолиҷаи гиперфунксияи мутлақ ё нисбии ғадудҳои усораи дохилӣ ё омосҳои вобаста ба гормон истифода мегардад. Дар аснои он фаъолияти гормони бемориовар қатъ карда мешавад ё ба организм гормоне мефиристанд, ки зидди он таъсир мерасонад.
Дар мавриди бемориҳои ғайриэндокринӣ Г. бештар таъсири патогенезӣ мерасонад, зеро он ба механизмҳои инкишофи беморӣ таъсир меорад. Ҳангоми ин навъи Г. бештар аз гормонҳои қишри ғадудҳои болои гурда – глюкокортикоидҳо истифода карда мешавад.
Дар кӯдакон Г. зери назорати қатъии духтур сурат мегирад (тағйири массаи бадан ва ҳолати меъдаю рӯдаҳоро мунтазам назорат менамоянд).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …