Главная / Илм / ГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ

ГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ

calsiy-glukonatГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ (Calcium gluconate), як навъ дору; дар шакли маҳлул ва қурс истеҳсол мешавад. Г. к.-ро барои муолиҷаи норасоии калтсий, гипопаратиреоз, ихтилоли витамини D (рахит, спазмофилия, остеомалятсия, гиперфосфатемия, хуншориҳои сабабашон гуногун, бемориҳои аллергӣ (саглес, хориш, дерматозҳои хоришнок, варами ангионеврозӣ), зиқи нафас, сили шуш, эклампсия, заҳролудии ҷигар, нефритҳо ва ғ. истифода мебаранд. Қабзият, ангезиши луобпардаи роҳи меъдаю рӯда, дилбеҳузурӣ, қай, исҳол, брадикардия, эҳсоси тасф, паст шудани фишори шараён, аритмия, беҳушӣ ва ғ. таъсироти номатлуби Г. к. маҳсуб мешаванд.
Қурс (таблетка)-и Г. к.-ро пеш аз хӯрок истеъмол мекунанд: калонсолон 1 – 3 г, кӯдакони то 1-сола 0,5 г, аз 2 то 4-сола – 1 г, аз 5 то 6-сола – 1 – 1,5 г, аз 7 то 8-сола – 1,5 – 2 г, аз 10 то 14-сола – 2 – 3 г рӯзе 2 – 3 маротиба. Маҳлули 10%-аи онро ба калонсолон рӯзе 5 – 10 мл тазриқ мекунанд (ба мушак ё вена); барои кӯдакон (вобаста ба синну сол) баъди ҳар 2 – 3 рӯз аз 1 то 5 мл маҳлули 10 фоиза истифода мешавад (ба вена). Ампулаи Г. к.-ро пеш аз истифода гарм (баробари ҳарорати бадан) мекунанд. Г. к.-ро ба мушаки кӯдакон фиристодан тавсия намешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …