Архивы за день : 23.12.2017

БАРОТЕРАПИЯ

baroterapiya

БАРОТЕРАПИЯ (Barotherapia; аз юн. baros – вазнинӣ, гаронӣ ва терапия), бо мақсади муолиҷа истифода бурдани фишори баланд ё пасти атмосфера. Барои Б. таҷҳизоти махсус – барокамераҳои ҳавоногузар истифода мегарданд. Онҳо тавассути насос ҳаво, оксиген ва ғ.-ро ба дарун мекашанд ё берун мебароранд. Барокамераҳо ҳаҷму андозаи гуногун дошта, барои фишори баланд …

Муфассал »

БАРТОЛИНИТ

bartolinit

БАРТОЛИНИТ (Bartholinitis), газаки ғадудҳои калони вурудгоҳи маҳбал (ба ном ғадудҳои Бартолинӣ). Ба даҳанаи нойи ғадудҳо даромадани микробҳои беморизо (гонококкҳо, стрептоккокҳо, стафилоккокҳо ва ғ.) боиси Б. мегардад. Ҳангоми Б.-и гоноккокӣ (сӯзокӣ) даҳанаи нойи ғадуд аз ҳар ду тараф газак мегирад. Дар аввал Б. беморро одатан ташвиш намедиҳад: андак сахт шудани вурудгоҳи …

Муфассал »

БАРФАК

barfak

БАРФАК (Stomatomycosis), навъе аз бемориҳои занбӯруғӣ. Дар луобпардаи даҳон падид меояд. Ангезандаи Б. занбӯруғҳои ҷинси Candida мебошанд. Асосан дар кӯдакони ширмак ва одамони солхӯрда, хусусан дар онҳое, ки бинобар гирифторӣ ба бемориҳои музмин заиф гаштаанд, ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми беморӣ аввал луобпардаи даҳон сурх ва хушк шуда, баъд дар ком, …

Муфассал »

БАРШОР

rodnik

БАРШОР, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. рости д. Панҷ, 71 км ҷанубтари ш. Хоруғ, дар баландии 2280 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ 0,8 л/сон., ҳарор. обаш +10 – +150С. Дар таркиби оби чашма натрий (349 мг/л), калсий (308 мг/л), магний (77,0 мг/л), оҳан (10,0 …

Муфассал »

БАТСИЛЛАҲО

bacillus

БАТСИЛЛАҲО (Bacillus), як гурӯҳи калони бактерияҳои қаламчашакл. Б. тақр. 217 намуд дошта, дар дохили ҳуҷайра спора ҳосил мекунанд. Б. бактерияҳои граммусбат мебошанд (яъне дар мавриди тадқиқ бо усули Грам ранги мусбат пайдо мекунанд). Асосан дар хок сукунат доранд. Баъзе Б. ангезандаи касалиҳои одаму ҳайвонот маҳсуб мешаванд, мас., сӯхтанӣ (В. anthracis), …

Муфассал »

БАХМИР

rodnik

БАХМИР, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Тақр. 14 км ҷанубтар аз деҳаи Қизилработ дар баландии 4060 м аз с. б. воқеъ аст. Оби чашма аз 10 ҷой мебарояд. Ҳарор. оби чашмаҳои гарм +380С, дебиташон 0,4 л/сон. аст. Таркиби химиявии оби онҳо аз натрий (829 мг/л), калсий (96,0 мг/л), калий (49,0 …

Муфассал »

БАХТИЁР

voda

БАХТИЁР, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар хамии Сасиқкӯл, 200 км шарқтар аз ш. Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 4010 м. Оби чашма аз 2 ҷой мебарояд. Дебиташ 1,33 л/сон., минералнокиаш 2,71 г/л; ҳарор. обаш +8 – +100С. Таркибаш аз натрий (374 мг/л), калсий (130 мг/л), магний (30,0 …

Муфассал »

БАҲОВАДДИНОВ Бурҳониддин

images

БАҲОВАДДИНОВ Бурҳониддин (тав. 04. 08. 1953, шаҳраки Ашти ноҳияи Ашти вил. Суғд), духтури хуншинос, доктори илмҳои тиб (2000), проф. (2001), Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи ДДТТ (1976). Фелдшер ва духтури Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии ш. Душанбе (1976 – 78), ҷарроҳ, духтури анестезиолог ва реаниматолог (1978 – 80), мудири шӯъбаи Беморхонаи марказии …

Муфассал »

БАҲҶУ-Л-ҲАЗОҚАТ

asar

«БАҲҶУ-Л-ҲАЗОҚАТ», асари тиббии Қудрат Аҳмад ибни Ҳофиз Иноят Аҳмад. С. 1835 дар Ҳиндустон таълиф карда шудааст. Китоб аз муқаддима, ду боб ва хотима иборат буда, асосан ба масъалаҳои умумии тиб баҳс мекунад. Муқаддима ба таърифи илми тиб, мақсад ва мавзӯи он бахшида шудааст. Боби аввал дар бораи куллиёти тибби илмӣ …

Муфассал »

БАЧАДОН

bachadon

БАЧАДОН (Uterus, metra), заҳдон, раҳим, қисми махсуси аъзои таносул. Дар ҷавфи коси хурд, дар байни пешобдон ва рӯдаи рост ҷойгир шудааст. Вазни Б.-и занҳои назоида 49 – 59 г, занҳои серфарзанд 90 – 100 г аст. Қисми зиёди Б.-ро танаи он ташкил мекунад, ки ҷониби болоро қаър ва поёнашро гарданаи …

Муфассал »