ГОНОКОККҲО, як навъ мавҷудоти ба чашм ноаён. Шакли лӯбиёро дошта, андозаашон 1,25 – 1,0×0,7 – 0,8 мкм аст. Бактерияҳои аэроб; дар сурати зиёд будани намии нисбии ҳаво месабзанд. Г. ангезандаи бемории сӯзок, ҳамчунин уретрит, сервитсит, салпингит, проктит, артрит, конъюнктивит ва фарингитҳо мебошанд. Г. баъзан боиси пайдоиши илтиҳоби ҳалқум ва рӯдаи рост низ мешаванд. Манбаи сирояти Г. бемор аст. Ангезандаи маризӣ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, гоҳо ба тавассути либоси таг, сачоқ, лиф ва ғ. сироят мекунад. Ҳангоми бленнорея тифл аз роҳи узвҳои таносули модар сироят меёбад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …