Главная / Илм / ГОМЕОСТАЗ

ГОМЕОСТАЗ

gomeostazГОМЕОСТАЗ (аз гомео… ва юн. stasis – ҳолат, беҳаракатӣ), дар физиология, ҳолати динамикии нисбатан якхелаи таркибу хосиятҳои муҳити дохилӣ ва устувории функсияҳои асосии физиологии организми одам, ҳайвонот ва растанӣ. Истилоҳи «Г.»-ро с. 1929 физиологи америкоӣ У. Кеннон пешниҳод намуд. Г. чун натиҷаи муносибатҳои мураккаби координатсиявӣ ва танзим, ҳам дар организми том ва ҳам дар миқёси узв, ҳуҷайра ва молекула ба вуҷуд меояд. Ба туфайли механизмҳои мутобиқат параметрҳои физикӣ ва химиявӣ, ки фаъолияти ҳаётии организмро муайян мекунанд, зери таъсири тағйироти муҳити берунӣ хеле кам дигаргун мешаванд. Дар ҳайвоноти дараҷаи олӣ Г. такмил ёфтааст. Г. дар одам вазифаи доимӣ нигоҳ доштани миқдори ионҳои гидроген, таркиби хун, фишори осмосӣ, ҳарорати бадан, фишори хун ва ғ.-ро иҷро мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …