Архивы за день : 16.12.2017

БУСИР

verbascum_thapsus

БУСИР (Verbassum thapsus), бурмис, думи гов, марги моҳӣ, гиёҳест дусола. Аз 30 то 180 см қад мекашад. Пояаш рост, сербарг. Баргҳои назди решааш дарозрӯяи яклухт, баргҳои мобайнӣ байзашакл, баргҳои назди гул дарозрӯяи нӯгтез. Гулаш зард, дар хӯшагули сараки поя ҷойгир аст. Ғӯзааш байзашакл, тухмаш майдаи бӯртоб. Июн – авг. гулу …

Муфассал »

БУТАРИ

rodnik

БУТАРИ, чашмаи минералӣ. Тақр. 1 км ҷан. – шарқтари шаҳраки Чоруқдарон дар сои чуқуре ҷой гирифтааст. Дебиташ – 0,31 л/сон., ҳарор. обаш – 150С. Дар таркиби оби чашма сулфатҳо, гидрокарбонатҳо, натрий, калсий ва диг. элементҳо мавҷуданд. Ҳамчунин каме радон, уран ва ба миқдори зиёд нитратҳо (113 мг/л) дорад. Бино ба …

Муфассал »

БУХТИШӯЪ

iso

БУХТИШӯЪ («Наҷотёфтаи Исо»), хонадони маъруфи масеҳиёни настурии Эрон, ки афроди он ба тиббу табобат машғул буда, дар ибтидои хилофати аббосиҳо риёсати бемористони Гундишопурро бар ӯҳда доштанд. Машҳуртарин шахсиятҳои ин хонадон Бухтишӯъ ибни Ҷурҷис, Ҷабраил ибни Бухтишӯъ, Ҷурҷис ибни Бухтишӯъ, Убайдуллоҳ ибни Ҷабраил, Яҳё ибни Бухтишӯъ ва ғ. мебошанд. Ад.: Муҳаммад …

Муфассал »

БУХТИШӯЪ ИБНИ ҶУРҶИС

images

БУХТИШӯЪ ИБНИ ҶУРҶИС (с. тав. номаълум – ваф. 801), табиби гундишопурӣ. Аз масеҳиёни насронии Эрон буда, дар хонадони бухтишӯъиҳо ба воя расидааст. Табиби хоси се халифаи аббосӣ – Маҳдӣ, Ҳодӣ ва Ҳорунуррашид буд. Як бор дар замони Маҳдӣ ва бори дигар дар замони Ҳорунуррашид аз Гундишопур ба Бағдод омада, ҳамчун …

Муфассал »

БӯГИНАК

buginak

БӯГИНАК, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷан. қ-кӯҳи Ҳисор, дар болооби д. Кофарниҳон (Сорбо) ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 2550 м. Оби чашма камишқор (pH 8,1) буда, аз силикатҳо, гидрокарбонатҳо, нитратҳо, ҳамчунин оҳан, манган, натрий, калий, калсий иборат аст. Он хосияти табобатӣ дорад. Ад.: Чуршина Н.М., Минеральные воды Таджикистана, Д., …

Муфассал »

БӯГИНАК

buginak

БӯГИНАК (Erigeron conadensus), як навъ гиёҳи худрӯст (то 2 м қад мекашад). Пояи росту сершохча, барги нештаршакли серпашмак, гули майдаи сафедтоб, хӯшагули сабадак дорад. Б. аслан аз Америкаи Шимолӣ буда, дар Европа ва кишварҳои диг. паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон Б. алафи бегона аст; моҳи май гул мекунад. Б. 0,3 – …

Муфассал »

БӯГИНАКҶОРӯБ

artemisia-annua

БӯГИНАКҶОРӯБ (Artemisia annua), говҷорӯб, деҳқонҷорӯб, бӯгинак ҷорӯб, навъе аз гиёҳҳои яксола. Пояи рости сершох (30 – 100 см), барги паршакл, гули майдаи зард, гултӯдаи сабадшакл дорад. Июл – сент. гул карда, авг. – окт. тухм мебандад. Дар Тоҷикистон ҳамчун алафи бегона дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори роҳу наздикии истиқоматгоҳҳо, …

Муфассал »

БӯЙМОДАРОН

achillea-millefolium

БӯЙМОДАРОН (Achillea mellefolium), б ӯ ғ а н а к, п у ғ а н а к, гиёҳест бисёрсола. Аз 15 то 80 см қад мекашад. Пояаш рост, сермӯяк. Баргаш думчадори нештаршакл, сабзи кабудранг, мӯякдор. Гулаш сафед, тӯдагулаш сабадак. Тухмаш дарозрӯяи хокистарранг. Май – июн гул карда, июл – сент. …

Муфассал »

БӯҲРОН

buhron

БӯҲРОН (Crisis), дар рафти беморӣ ногаҳон бад шудани вазъи бемор. Б. мумкин аст дар натиҷаи хастагии зиёд, ҳаяҷону изтироб, кор дар шароити номусоид (дар бинои сершавқун ё ҳавояш дам, ҳангоми тартиби нодурусти меҳнату истироҳат), тағйири обу ҳаво, истеъмоли ғизои барои бемор мамнӯъ, аз ҷумла хӯроки серравған, бирён ё сернамак, сӯиистеъмоли …

Муфассал »

БЛОКАДАИ НОВОКАИНӣ

blockade_novokain

ИНҲИСОРИ НОВОКАИНӣ, блокадаи новокаинӣ, яке аз усулҳои табобат, ки ҳангоми он ба бофтаҳо маҳлули новокаин мефиристанд. Новокаин ба организм таъсири андаки ангезишовар расонда, дардро рафъ ва ғизогирии асабҳоро беҳтар мекунад. Дар баъзе мавридҳо ба маҳлули новокаин витамин, антибиотикҳо ва диг. доруҳо низ илова менамоянд. Дар вақти И. н. бемор бояд …

Муфассал »