Главная / Илм / ГОНИТ

ГОНИТ

gonitГОНИТ (Gonitis; аз юн. gony – зону), илтиҳоби банди зону. Ангезаҳои беморӣ ба ҷавфи банд аз ҷойҳои осебёфтаи он, ҳамчунин ба воситаи хун ва лимфа ворид мешаванд.
Вобаста ба падидаҳои болинӣ (клиникӣ) Г.-и шадид ва музмин, аз рӯи тарзи рашҳа (экссудат) бошад, Г.-и зардобӣ, зардобию фасодӣ ва фасодиро фарқ мекунанд. Дар мавриди Г.-и шадид бандҳо ҳатман калон, ва дардманд шуда, пӯсти рӯи онҳо метасфад; бемор пои дардмандашро нимқат карда меистад. Дар ҷавфи банд рашҳа ҷамъ мешавад. Ҳангоми Г.-и фасодӣ пӯсти болои банди иллатӣ варам карда сурх мешавад; бинобар ҳаракат додани узв дарди сахт ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид ҳолати мариз вазнин ва ҳарор. бадан то 39° баланд мешавад; ӯ табларза мекунад, мумкин уфунат (сепсис) рух намояд. Дар аснои Г.-и музмин падидаҳои маризӣ (дарди банд, ҳарорати баланд, варам, ихтилоли фаъолияти узв) камтар ба мушоҳида мерасанд.
Г.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Шарти асосии табобати босамари он гачбандӣ кардани узв аст. Пунксияи банди зону барои тадқиқи ситологӣ ва бактериологии рашҳа муҳим мебошад. Ҳангоми Г.-и фасодӣ аз усули артротомия истифода карда, дар мавриди вайрон шудани устухони банд бошад, банди зонуро қатъ менамоянд. Барои муолиҷаи Г. антибиотикҳо, витаминҳо, физиотерапия низ кор фармуда мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

menui-windows

БА ТАНЗИМОРИИ МУҲИТИ КОРИИ WINDOWS

Системаи оператсионии Windows дорои имкониятҳои бениҳоят васеи батанзимории муҳити кории худ мебошад. Мақсад аз танзими …