Главная / 2017 / December (страница 5)

Архив Месяца: December 2017

ГОРМОНҲО

gormonho

ГОРМОНҲО (юн. hormaino – ба ҳаракат меорам, меангезам), моддаҳои химиявии аз ҷиҳати физиологӣ ниҳоят фаъол, ки ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ (ғадудҳои эндокринӣ) ва ё ҳуҷайраҳои ҷудогона ҳосил мекунанд. Г. мубодилаи моддаҳо, фаъолияти ҳуҷайраҳо, нифозати ғишоҳои ҳуҷайравӣ, инчунин кори организмро танзим менамоянд. Г. сохти химиявии гуногун доранд. Ҳатто миқдори камтарини Г. метавонад …

Муфассал »

ГОСПИТАЛ

hospital

ГОСПИТАЛ (Nosocomium), муассисаи табобатӣ барои муолиҷаи хизматчиёни ҳарбие, ки бемори бистарианд. Баъзе муассисаҳои табобатии аҳолиро низ Г. меноманд. Г.-ҳои ҳарбӣ доимӣ (дар замони осоишта ва давраи ҷанг вуҷуд доранд) ва сайёр (фақат дар давраи ҷанг таъсис меёбанд) мешаванд. Дар Г.-и доимии ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин офитсерон ва генералҳое, ки ба …

Муфассал »

ГРАНУЛЁМА

ca. 1960-1990 --- Granuloma annulare lesion on skin of hand. The cause is unknown, but patients with the disease commonly have diabetes mellitus as well. --- Image by © Lester V. Bergman/CORBIS

ГРАНУЛЁМА (Granuloma; аз лот. granulum – донача), манбаи илтиҳоб, ки ба шакли гиреҳчаҳо падид меояд. Баъзе Г.-ҳоро бо чашм базӯр дидан мумкин аст; Г.-ҳои дигар хеле калон (диаметрашон чанд сантиметр) мешаванд. Г.-ҳо дар бофтаю узвҳо ҳангоми баъзе бемориҳои сироятӣ ва сироятию аллергӣ (сил, сифилис, листериоз, махав, манқа, домана, тарбод ва …

Муфассал »

ГРАНУЛЁМАИ ДАНДОН

granulyomai-dandon

ГРАНУЛЁМАИ ДАНДОН, иллати илтиҳобие, ки дар периодонт падид омада, шакли кура ё тухмро дорад. Г. д. аз ҷумлаи периодонтити гранулематозӣ буда, дар натиҷаи газаки музмин, ки бинобар аз ҷӯйи решаи дандон сироят ёфтани периодонт рух менамояд, пайдо мешавад. Ду навъи Г. д. мавҷуд аст: сода ва мураккаб. Ҳангоми Г. д.-и …

Муфассал »

ГРАНУЛЁМАИ ЗӯҲРАВӣ

venerologiya

ГРАНУЛЁМАИ ЗӯҲРАВӣ (Granuloma venereum), донованоз, бемории панҷуми зӯҳравӣ, гранулёмаи тропикии қадкашак, бемории сироятии музмин, ки бештар дар кишварҳои гарм пайдо мешавад. Ниг. Донованоз.

Муфассал »

ГРАНУЛОСИТҲО

granulocytes

ГРАНУЛОСИТҲО, лейкоситҳои дона-дона, ҳуҷайраҳои сафеди хан, ки дар ситоплазма шакли ба худ хоси дона-дона доранд. Г.-ро аз рӯи қобилияти рангиншавии донаҳо ба ду гурӯҳ – эозинофилҳо ва нейтрофилҳо ҷудо мекунанд. Г. массаи асосии лейкоситҳои хуни одамро ташкил медиҳанд. Вобаста ба синну сол, ҳолати физологӣ ва бемориҳо таносуби намудҳои гуногуни Г. …

Муфассал »

ГРАФИЯ

grafiya

…ГРАФИЯ (аз юн. grapho – менависам, мекашам, тасвир мекунам), ҷузъи калимаҳои мураккаб, ки ба маънои навиштан, тасвир кардан ва ғ. меояд. Мас., ангиография, ангиокардиография, ангиопулмонография, кардиография ва ғ.

Муфассал »

ГРАЧЕВА Галина Василевна

braginskiy

ГРАЧЕВА Галина Василевна (тав. 3. 4. 1934, ш. Куйбишев), терапевт, доктори илми тиб (1976), проф. (1979). Аълочии тандурустии ИҶШС, Аълочии макотиби олӣ. Баъд аз хатми Ин-ти тиббии Куйбишев (1957) ординатори беморхонаи №17 (1958 – 62), инструктори Кумитаи ҳизбӣ (1962 – 64), аспирант ва ассистенти (1964 – 77) кафедраи таълими бемориҳои …

Муфассал »

ГРИПП

Kids cold ILLUS.jpg

ГРИПП (Grippus), бемории сироятии вирусие, ки бо заҳролудии умумии организм (баланд шудани ҳарорати бадан, беҳолӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ, баъзан қайкунӣ) ва илтиҳоби луобпардаи роҳи нафас ҷараён мегирад. Ангезандаи Г. вирусҳои типи А, В, С мебошанд. Ангезаҳои грипп ба оилаи ортомиксовирусҳо (Orthomyxoviridae) мансубанд. Ба ин оила се ҷинс – вирусҳои гриппи …

Муфассал »

ГУЛАНГУБИН

gulkand

ГУЛАНГУБИН, ҷуланҷубин, як навъи гулқанд. Тарзи тайёр кардани Г. ҳам айнан мисли гулқанд аст, аммо ба ҷои шакар асал меандозанд. Вазни асал сечанд, ниҳоят чорчанди вазни гул аст. Баъзеҳо аввал гулқанди камшакар тайёр карда,баъд ба он асал илова мекунанд, ки ин ҳам нек аст. Г. хуштаъм, хушбӯй, хушхӯр ва гуворост. …

Муфассал »