Архивы за день : 06.12.2017

АНГЕЗИШ

angezish

АНГЕЗИШ, қобилияти ба таъсири муҳити берунӣ ва дохилӣ ҷавоб гардонда тавонистани организми зинда. Тағйироти омилҳои муҳити беруна боиси дигаргунии мубодилаи моддаҳо мешавад; организми занда аз ҳолати нисбатан ором ба ҳолати фаъол мегузарад. Материяи зинда А.-ро ҳис карда, ба он бо ҳолати тағйирёбии ғайримахсус (тез шудани мубодилаи моддаҳо, тағйир ёфтани потенсиали …

Муфассал »

АНГИНА

angina

АНГИНА (Angina pharyngis; аз лот. ango – буғӣ мекунам), гулӯдард, заҳрбод, бемории сироятие, ки чун илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мешавад. Бодомакҳо дар гулӯ аз ду тарафи забонча ва коми нарм ҷой гирифтаанд ва онҳоро ҳангоми кушодани даҳон дидан мумкин аст. А.-ро микробҳои гуногун, асосан стрептококкҳо ба вуҷуд меоранд; онҳо ба …

Муфассал »

ВАСКУЛИТИ ПӯСТ

vaskulit-kozhi

ВАСКУЛИТИ ПӯСТ, гурӯҳи бемориҳое, ки дар натиҷаи гирифтор шудан ба онҳо девораи рагҳои хунгарди пӯст илтиҳоб пайдо мекунад. В. п. бинобар аксуламалҳои аллергӣ ба вуҷуд меояд. В. п. сатҳӣ ва амиқ мешавад. Дар аснои васкулити сатҳӣ дар пӯст доначаҳои гуногун (геморрагӣ, лакаҳои эритематозӣ, гиреҳчаҳо) медаманд. Ҳангоми васкулити амиқ чунин бусурот …

Муфассал »

ВАСКУЛИТИ ХУНРЕЗ

vaskuliti-hunrez

ВАСКУЛИТИ ХУНРЕЗ (Vasculitis haemorrhagica), бемории Шенлейн – Генох, капилляротоксикоз, яке аз навъҳои васкулит. Ҳангоми В. х. асосан рагҳои хурди пӯст, ҷавфи шикам ва гурдаҳо осеб меёбанд. Пайдоиш ва ҷараёни беморӣ нағз омӯхта нашудааст. В. х. баъзан пас аз сирояти вирусу бактерияҳо, бемориҳои ангалӣ, тазриқи ваксинаю зардоб, истифодаи доруҳо ба вуҷуд …

Муфассал »

ВАСОИТИ ОРОСТАГӣ

losyon

ВАСОИТИ ОРОСТАГӣ, маводе, ки дар саноати атторӣ истеҳсол карда мешаванд. В. о. дар лабораторияҳои махсус аз санҷиш (экспертиза) ва апробатсия мегузаранд. В. о.-еро, ки бо усули ғайримуқаррарӣ тайёр карда шудаанд ё тавсияи ташкилоти дахлдорро надоранд, истифода бурдан ҷоиз нест. Саноат лосйон, крем, шампун, собуни ироқӣ ва диг. воситаҳои нигоҳубини пӯст, …

Муфассал »

ВЕЗАЛИЙ

vesalius

ВЕЗАЛИЙ (Vesalius) Андреас (31. 12. 1514, Брюссел – 15. 10. 1564, ҷазираҳои Зант), табиатшинос, асосгузори анатомияи илмӣ. Тибро дар Монпелйе, баъдан дар Париж омӯхта, с. 1537 дар Базел унвони доктори ҷарроҳиро гирифтааст. С. 1539 дар Донишгоҳи Падуан (Италиёи Шимолӣ) аз анатомия дарс гуфтааст. В. аз усули аёнии таълим истифода бурда, …

Муфассал »

ВЕЗДАРА

vezdara

ВЕЗДАРА, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳ. рости д. Вездара, 50 км дуртар аз ш. Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3400 м. Дебиташ – 2,6 – 3,3 л/сон., минералнокии умумиаш – 3,3 г/л, ҳарор. обаш +17 – +330С. Дар таркиби оби чашма натрий (400 мг/л), калий (53 …

Муфассал »

ВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ

vezikulopustulez

ВЕЗИКУЛОПУСТУЛЁЗ, илтиҳоби фасодии пӯст. Ангезандаи он стафилококкҳо, стрептококкҳо, пневмококкҳо, қаламчамикроби рӯда ва ғ. мебошанд. В. бештар дар кӯдакони ширмак ба мушоҳида мерасад. Дар пӯст обила (1 – 2 мм; пустула)-ҳои сершумори сурхранг пайдо мешаванд, ки даруни онҳо моеъи тирагун дорад. Обилачаҳо дар чинҳои зери каш, қадкашак, қисми мӯйдори сар, пушти …

Муфассал »

ВЕНА

vena

ВЕНА (Vena, Phlebus), варид, сиёҳраг, раге, ки ба тавассути он хун ба дил мегузарад. Аз В.-ҳои даври калони хунгардиш хуне, ки аз гази карбонат, маҳсули мубодилаи моддаҳо, гормонҳо ва ғ. сер гашта, аз узвҳои гуногуни бадан ҷамъ шудааст, ба пешдили рост меравад. В.-ҳои даври хурди хунгардиш бошанд, хуни аз оксиген …

Муфассал »

ВЕНЕРОЛОГИЯ

venerologiya

ВЕНЕРОЛОГИЯ (Venerologia; аз лот. Venus – Зӯҳра, сайёраи Ноҳид, ки онро мутрибаи фалак меномиданд ва олиҳаи зебоӣ, суруду рақс ва хушию хурсандӣ мешумурданд ва …логия), як қисми илми тибро гӯянд, ки сабабҳои пайдоиш, роҳҳои паҳн гаштан, ташхис ва ҷараёни клиникии бемориҳои зӯҳравиро таҳқиқ, инчунин усулҳои пешгирию табобати босамари онҳоро муайян …

Муфассал »