Архивы за день : 05.12.2017

ВЕНОПУНКСИЯ

venepunksiya

ВЕНОПУНКСИЯ (Venaepunctio; аз вена ва punctio – сӯрох кардан), аз болои пӯст ба вена халондани сӯзан. В. бо мақсади хунгирӣ, хундиҳӣ ё тазриқи доруҳо ба амал бароварда мешавад. Дар мавриди В. аз сӯзанҳои диаметрашон гуногун истифода мекунанд. В., одатан, дар вариди хами оринҷ, банди даст, гоҳо буҷалак иҷро карда мешавад; …

Муфассал »

ВЕНОСЕКСИЯ

venoseksiya

ВЕНОСЕКСИЯ (Venaesectio; аз вена ва sectio – буридан), чок кардани вена. В. дар сурати имконнопазир будани венопунксия (мас., ҳангоми чуқур ҷойгир ва нонамоён будани вена) ба амал оварда мешавад. В.-ро асосан дар ҳолатҳое кор мефармоянд, ки агар ҳангоми табобат зарурати ба варид дуру дароз фиристодани доруҳо пеш ояд. В. ҳангоми …

Муфассал »

ВЕНТИЛЯТСИЯ

ventiliatsiia

(Ventilatio), иваз кардани ҳавои даруни бино бо ҳавои тоза. Ҳангоми дар дохили иқоматгоҳ ё бино будани одамон тадриҷан ҳавои он вазнин мешавад. Дар натиҷа дар таркиби ҳаво миқдори гази карбонат ва диг. маҳсулоти мубодилаи моддаҳо (аммиак, сулфиди гидроген ва ғ.), ҳамчунин ғубори алави газ, буғи матбах, ҳарорат, намӣ ва ғ. …

Муфассал »

ВЕНТРИКУЛОПУНКСИЯ

ventriculus_punctio

ВЕНТРИКУЛОПУНКСИЯ (аз лот. ventriculus – меъда, меъдача ва punctio – сӯрох кардан), ожидан (сӯзан задан)-и меъдачаҳои мағзи сар бо мақсади ташхис ё муолиҷа. В. дар шӯъбаҳои ҷарроҳии асаб бо мақсади тадқиқи моеъи ҳароммағз дар меъдачаҳо, ҳангоми вентрикулография, тадқиқи гидросефалия ва ғ. гузаронда мешавад. В.-ро дар мавриди дренажи бардавоми меъдачаҳо ҳангоми …

Муфассал »

ВЕРМОКС

vermox

ВЕРМОКС, як навъ доруи киҷҷарон. Доираи таъсири васеъ дорад. В. намудҳои гуногуни киҷҷаҳоро маҳв месозад. Самараи он хусусан ҳангоми муолиҷаи энтеробиоз ва трихосефаллёз назаррас аст. В.-ро дар мавриди аскаридоз, анкилостомидоз, стронгилоидоз, тениоз низ кор мефармоянд. Дар сурати истифодаи бардавоми В. хунро санҷидан лозим аст. Зеро он метавонад ба таркиби хун …

Муфассал »

ВЕСТИБУЛИТ

Section of female reproductive system and germs on different parts

ВЕСТИБУЛИТ, илтиҳоби луобпардаи даромадгоҳи маҳбал. Асосан дар занҳои ҷавон ва аз нигоҳи шаҳват фаъол ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми В. сӯрохи роҳи пешоб ва маҷрои ғадудҳои бартолинӣ варам мекунад. Мавзеи илтиҳоб сурх ва дардманд аст. Занҳо маҷбур мешаванд, ки аз мубошарат худдорӣ кунанд. В. метавонад дар заминаи баъзе бемориҳои дигар, мас., …

Муфассал »

ВЕШИМ

veshim

ВЕШИМ (Angelica ternate), гиёҳест бисёрсола. То 80 см қад мекашад. Пояи дарунхолӣ, барги сепарра, гултӯдаи чатрмонанд ва меваи байзашакл дорад. Июл – окт. гулу мева мекунад. Дар Тоҷикистон дар қ.-кӯҳҳои Туркистону Зарафшон, Ҳисору Дарвоз то баландии 3500 м аз с. б. паҳн шудааст. Дар водии Зарафшон чун гиёҳи хӯрданию хушбӯй …

Муфассал »

ВИБРОТЕРАПИЯ

vibroterapiya

ВИБРОТЕРАПИЯ (аз лот. vibrare – алвонҷ додан, ларзидан ва терапия), бо мақсади муолиҷа ба ҷисми бемор ё ягон узви он расондани таъсири механикии ларзишовар. В.-ро метавон бо даст (мас., ҳангоми масҳ) ё асбобҳои махсус (курсӣ, кат ва суффачаҳои навасонӣ) гузаронд. Дар мавриди В. аз обзан (ванна)-ҳои навасонӣ низ истифода мебаранд …

Муфассал »

ВИРУСЕМИЯ

virusemiya

ВИРУСЕМИЯ (аз вирусҳо ва юн. haima – хун), дар хун давр задани вирус. В. бинобар афзоиши вирусҳо дар ҳуҷайраҳои узвҳои дохилӣ ва аз ҳуҷайраҳои зарардида ба хун гузаштани онҳо ба вуқӯъ мепайвандад. В. дар мавриди бисёр бемориҳои вирусӣ ҳолати муқаррарӣ аст. В. ҳангоми гепатити В, бемориҳое, ки ҳашароти хунмак интиқол …

Муфассал »

ВИРУСОЛОГИЯ

virusologiia

ВИРУСОЛОГИЯ (Vur(us)ologia; аз вирусҳо ва …логия), вирусшиносӣ, илмест оид ба вирусҳо ва бемориҳои вирусӣ. В. ох. а. 19 баъди аз тарафи олими рус Д.И. Ивановский (1892) кашф шудани микроорганизмҳои нав (баъдтар вирусҳо ном гирифтанд) аз микробиология ҷудо ва фанни мустақил шуд. Қариб 1500 навъи вирусҳо маълуманд, ки боиси бемориҳои сироятии …

Муфассал »